Сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ҳиндустон

№154 (3634) 20.12.2016

30893346403_3c98394eeb_o17 декабри соли 2016 сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ҳиндустон бо маросими истиқболи бошукӯҳи расмӣ дар назди Қасри Раштрапати Бҳавани Президенти ин кишвар оғоз ёфт.

Зимни ворид шудани меҳмони олимақом — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даромадгоҳи қаср тибқи муқаррароти расмии сафарҳои давлатӣ аз тӯпхонаҳо 21 маротиба шиллик карда шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пранаб Кумар Мукерҷи ва Сарвазири ин кишвар Нарендра Моди истиқбол гирифта, пас аз аксбардории якҷоя, меҳмони олимақомро ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват намуданд.

Маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузашти меҳмони олимақом аз назди сафи Горди фахрӣ, арзи эҳтиром ба Парчами давлатии Ҳиндустон ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифт.

Баъди анҷоми маросими истиқболи расмӣ Сарвари давлат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати расмии Тоҷикистон ба майдони Раҷ Гҳат, ки Ёдгории Маҳатма Ганди дар он ҷо воқеъ аст, ташриф оварданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтироми хоса ба арзишҳои миллию таърихӣ ва фарҳангии Ҳиндустон дар назди муҷассамаи Маҳатма Ганди гулчанбар монда, дар китоби сабти меҳмонони олимақом соядаст гузоштанд.

Сарвари давлатро дар ин маросим намояндагони ҳукумати ин кишвар ҳамроҳӣ карданд.

Дар ҳамон ҷо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бастаи китобҳои Маҳатма Гандӣ туҳфа карда шуд.

17 декабри соли 2016 баррасии вазъ ва дурнамои муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистону Ҳиндустон нахуст дар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Моди оғоз, сипас дар вохӯрии сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои расмӣ идома ёфт.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба ҷониби Ҳиндустон барои даъват бо сафари давлатӣ ва меҳмоннавозии самимиву ҳусни пазироии олӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, таъкид доштанд, ки ҷониби Тоҷикис­тон аз натиҷаҳои хуби музокироту муколама дар чаҳорчӯбаи сафар умеди зиёд дорад.

Аз рушду тавсеаи беш аз пеши шарикии Тоҷикистону Ҳиндустон дар арсаҳои гуногун, ки соли оянда аз оғози робитаҳои дипломатӣ 25 сол сипарӣ мешавад ва пояҳои ҳуқуқию қарордодии ҳамкориҳои байнидавлатиро зиёда аз 60 санади байниҳукуматию байниидоравӣ ташкил медиҳад, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, кишоварзӣ, инфрасохтори роҳу нақлиёт, телекоммуникатсия, технологияҳои иттилоотӣ, дорусозӣ, фарҳангу маориф ва сайёҳӣ, инчунин ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникӣ аз самтҳои афзалиятнок ва ояндадори муштаракоти байнидавлатии Тоҷикистон ва Ҳиндустон арзёбӣ гардид.

Таъкид гардид, ки ҳамкориҳо дар соҳаҳои мазкур метавонанд тавассути иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги сармоягузорӣ, сохтмон ва таҷдиди неругоҳҳои хурду миёнаи барқи обӣ, бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ, роҳҳо ва иншооти зерсохтории Тоҷикистон амалӣ шуда, бо ин восита ҷалби сармояи Ҳиндустон ба лоиҳаҳои хурду бузурги Тоҷикистон дар соҳаҳои кишоварзӣ, фармасевтика, телекоммуникатсия, технологияҳои иттилоотӣ ва сайёҳӣ низ имконпазир гардонида шаванд.

Изҳори умед карда шуд, ки дар оянда нақши Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикис­тон ва Ҳиндустон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ дар беҳбудбахшии равобити дуҷонибаи байнидавлатӣ фаъол гардонида мешавад.

Дар музокирот манфиатдории ҷониби Тоҷикис­тон, ҳамчунин барои рушди муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои илму маориф ва фарҳанг тавассути ташкили бештари барномаҳои муосири омӯзиши компютер ва технологияҳои иттилоотӣ, инчунин омода намудани кадрҳои дорои тахассуси баланд таъкид гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои идомаи судбахши ҳамкориҳо иштироки фаъоли ҷониби Ҳиндустонро дар татбиқи лоиҳаи сохтмон ва таҷдиди дигар иншооти гидроэнергетикии Тоҷикистон ва инфрасохтори роҳу нақлиётии аҳамияти минтақавидошта муҳим шумориданд.

Дар идомаи музокироти сатҳи баланд, ҳамчунин масоили ҳамкориҳои минтақавию байналмилалии Тоҷикистону Ҳиндустон дар доираи СММ ва Созмони ҳамкории Шанхай, дарёфти роҳу усулҳои нави ҳалли мушкилоти мубрами минтақа ва ҷаҳон, аз қабили терроризму экстремизми байналмилалӣ ва қочоқи маводи мухаддир, мусоидат ба таъмини амнияту субот ва пешрафти иқтисодию иҷтимоии Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи баланди Тоҷикистон ва Ҳиндустон Баёнияи муштарак оид ба таҳкими муносибатҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон қабул гардида, дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Моди маҷмӯи санадҳои нави ҳамкории зерин ба имзо расонида шуд:

Протокол оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз пардохти андоз аз даромад;

Ёддошти тафоҳум байни Департаменти мониторинги молиявӣ дар назди Бонки миллии Тоҷикистон ва Воҳиди кашшофии молиявии Ҳиндустон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилоотии мақомоти кашшофии молиявӣ вобаста ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадаст­оварда ва маблағгузории терроризм;

Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прасар Бҳарат — Хадамоти ҷамъиятии радио ва телевизиони Ҳиндустон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи радио ва телевизион ва табодули барномаҳои аудиовизуалӣ.

Баъди анҷоми расмиёти имзои санадҳои нави ҳамкорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Моди дар ҳузури намояндагони воситаҳои ахбори омма бо изҳороти матбуотӣ баромад карда, натиҷаҳои музокироту мулоқоти дуҷониба ва имзои санадҳои нави ҳамкориро дар таърихи муносибатҳои дӯстонаи ду давлат рӯйдоди пурарзишу таърихӣ маънидод намуданд.

17 декабри соли 2016 дар шаҳри Деҳлӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо ноиби Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон, Раиси Раҷя сабҳа (Шӯрои штатҳо) — Палатаи болоии парлумони ин кишвар Муҳаммад Ҳамид Ансорӣ мулоқот намуданд.

Дар мулоқот масоили густариши бемайлони робитаҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Ҳиндустон баррасӣ шуд.

Таъкид гардид, ки муколамаи мунтазами сиёсӣ дар сатҳи олӣ омили муҳими таҳкими муносибатҳои дӯстонаи барои ҷонибҳо судманд ба ҳисоб рафта, дар ин замина робитаҳои зичи байнипарлумонӣ низ метавонанд дар беҳтар гардонидани ҳамшарикии дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Ҳиндустон бо мазмуну мундариҷаи нав ва ба таври назаррас мусоидат намоянд.

Изҳори боварӣ шуд, ки дар оянда парламентҳои ду давлат дар таъмини фазои мусоид барои таҳкиму рушди минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Ҳиндустон дар бахшҳои сиёсату амният, тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, маориф ва фарҳангу иттилоот саҳми бештару хубтар мегузоранд.

Тавсеаи шарикии иқтисодӣ ва амниятию низомии ду давлат омили муҳими таъмини пешрафти назарраси иқтисодию иҷтимоии Афғонистон, амнияту суботи минтақа ва мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир арзёбӣ гардид.

Дар мулоқот, ҳамчунин дигар масоили муҳими ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Ҳиндустон дар доираи узвият дар ташкилоту созмонҳои бузурги минтақавию байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

17 декабри соли 2016 дар шаҳри Ню Деҳлӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари Ширкати «Ходайз групп Индастрис» Сиривас Ходай мулоқот карданд.

Дар он масоили ҷалби сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон, татбиқи лоиҳаҳои мақсадноки сармоягузорӣ дар соҳаи энергетика, бахусус рафти иҷрои лоиҳаи сармоягузории сохтмони Неругоҳҳои барқи обӣ дар дарёҳои Оби Хингоб – «Нуробод – 1», «Нуробод – 2» ва «Фондарё» баррасӣ шуд.

Иқтидори Неругоҳи барқи обии «Нуробод — 1» — 400 мВт, «Нуробод — 2» — 520 мВт ва «Фондарё» — 135 мВт — ро ташкил медиҳад.

Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки сохторҳои марбутаи Тоҷикистон бо мутахассисони ширкати «Ходайз групп Индастрис» лоиҳаҳои бунёди неругоҳҳоро пурра омӯхта, аз натиҷааш ба Ҳукумати кишвар хулоса пешниҳод намоянд.

17 декабри соли 2016 дар Қасри Раштрапати Бҳаван Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пранаб Кумар Мукерҷи мулоқот намуданд.

Қабл аз баррасии масоили ҳамкорӣ дар маросими хоси истиқболи меҳмони олимақом сурудҳои миллии ҳар ду кишвар садо дода, сарони давлатҳо бо ҳайатҳои расмии ҳукуматҳо шинос шуданд.

Сипас, дар суҳбати самимии дӯстона вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.

Ҷонибҳо, аз ҷумла, оид ба масоили ҳузури иқтисодии Ҳиндустон дар Тоҷикистон, тақвияти муносибатҳо дар соҳаҳои сармоягузорӣ, энергетика,  маорифу  фарҳанг ва  ҳамкориҳои  ҳарбӣ — техникӣ  табодули афкор намуданд.

Ҷалби сармояи Ҳиндустон дар татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон, бо дарназардошти манфиати  онҳо ба иқтисодиёти  Афғонистону Ҳиндус­тон ва фароҳам овардани шароиту имконоти мусоиди  нақлиётию транзитӣ дар байни кишварҳои минтақа, иқдоми муҳим дар рушду тавсеаи робитаҳои байнидавлатӣ арзёбӣ гардида, ҷиҳати  иштироки  муштарак дар татбиқи  лоиҳаҳои  бузурги минтақавии  нақлиёту  инфрасохторӣ  ва  дигар лоиҳаҳои барои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳаётан муҳим фикру мулоҳизаҳои судманд баён шуд.

Сарони давлатҳо аз  сатҳу  муҳтавои ҳамкориҳои  ҳарбӣ-техникӣ, аз ҷумла   дар самти омода  намудани кадрҳои низомӣ ва иштирок дар беҳдошти инфрасохтори  ҳарбии Тоҷикистон изҳори  қаноатмандӣ  карда, барои идомаи манфиатбори ҳамкориҳо дар соҳаҳои фарҳангу маориф ва технологияҳои иттилоотӣ ҳавасмандии зиёд зоҳир намуданд.

Дар мулоқот, ҳамчунин масоили марбут ба ҳамгироии Тоҷикистону Ҳиндустон дар доираи ташкилоту созмонҳои бузурги минтақавию  байналмилалӣ, ба мисли СММ ва Созмони ҳамкории Шанхай ва рушду тавсеаи муштарокоти дуҷониба дар мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуби минтақа ва ҷаҳон баррасӣ шуд.

Дар анҷом Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пранаб Кумар Мукерҷиро даъват намуданд, ки дар фурсати барояшон муносиб бо сафари расмӣ ба Тоҷикис­тон ташриф биёранд. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд ва таъкид гардид, ки вақти сафар тавассути муколамаҳои дипломатӣ муайян карда мешавад.

www.president.tj