Сафари корӣ ба Брюссел

№164 (3465) 03.12.2015

Субҳи якуми декабри соли 2015  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз иштирок дар Конфронси 21-уми Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим аз Франсия ба шаҳри Брюссели Шоҳигарии Белгия ташриф овард.

Ҳадафи сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ин давлати аврупоӣ вохӯрию мулоқот бо роҳбарияти олии Иттиҳоди Аврупо ва Комиссияи Аврупо, инчунин намояндагони воломақоми дигар ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ мебошад.

 www.president.tj