Сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияҳои Хуросону Абдураҳмони Ҷомӣ

№95 (3732) 10.08.2017

36455026985_393fe3cb2c_oНуҳуми августи соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати шиносоӣ бо вазъи зисту зиндагии сокинон ва фаъолияти барзгарон ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Мардуми сарбаланди ин ноҳия муҳаббат ва самимияти худро нисбат ба Пешвои миллат ба воситаи намоиши барномаи вижаи фарҳангӣ, ки ба хотири истиқболи арзандаи Сарвари давлат доир шуд, баён намуданд.

Сарвари давлат дар ­ноҳияи Хуросон нахуст бо ҷараёни кишти такрорӣ дар хоҷагии деҳқонии ба номи «Бобои Сайфиддин»-и деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ шинос гардиданд. Хоҷагии мазкур 10 гектар замини обиро дар ихтиёр дорад, ки дар майдони 0,30 гектари он пас аз гирифтани ҳосили якум аз гандум дигар зироату сабзавот, аз ҷумла карам, сабзӣ ва қулфинай такроран кишт шудааст.

Имсол барзгарони хоҷагӣ аз ҳама навъи маҳсулоти кишоварзӣ ҳосили дилхоҳ ба даст оварданд. Аз ҷумла, аз ҳар як гектар замини обӣ то 52 сентнерӣ ҳосили гандум рӯёнданд. Дар маҷмӯъ, дар ноҳияи Хуросон аз майдони умумии 4 ҳазору 975 гектар замини гандум 17 ҳазору 550 тонна ҳосил ғундошта шудааст.

Пешвои миллат дар хоҷагӣ бо вазъи пахтакорӣ шинос шуда, мавсими имсолаи ғунучини пахтаро расман оғоз бахшиданд. Соли дуюм аст, ки заркорони хоҷагӣ дар майдони 5 гектар пахтаи навъи «Хатлон-2014» кишт менамоянд, зеро он ба иқлими минтақа мутобиқ аст. Деҳқонон аз ҳар як гектар замини кишт аз 40 то 50 сентнерӣ ҳосил мегиранд.

Тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Хуросон майдони пахтазор сол аз сол васеъ гардида истодааст. Соли ҷорӣ дар ҳоҷагиҳои деҳқонии ноҳия дар майдони умумии 4 ҳазору 330 гектар пахта кишт шудааст.

Дар заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ дастранҷи деҳқонон, маҳсули дасти ҳунармандон ва дастовардҳои соҳаи саноати ноҳияи Хуросон, аз ҷумла нонҳои болаззати тоҷикӣ, ки аз орди гандуми маҳаллӣ омода шудаанд, хӯрокҳои миллӣ, маҳсулоти қаннодӣ, 22 намуди мева, ба монанди себ, ангур, олу, бодом, нок, биҳӣ ва шафтолу, ки дар хоҷагии фермерии ба номи «Асадулло» парвариш карда мешаванд, ба намоиш гузошта шуд.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки масоҳати умумии боғҳои хоҷагии мазкур ба 2 ҳазор гектар расонида шудааст, ки дар он 17 намуди дарахти мевадиҳанда парвариш карда мешавад. Дар хоҷагии мазкур дар 130 гектар боғи интенсивӣ бунёд шудааст, ки дар он 14 навъи себи содиротӣ парвариш меёбад.

Сарвари давлат ҳангоми суҳбат бо хоҷагидорон иброз намуданд, ки аз ноҳияи Хуросон ба давлатҳои хориҷӣ ба ғайр аз меваю сабзавоти тоза, инчунин маҳсулоти консервашуда низ бояд содирот гардад. Аз ин хотир, масъалаи ташкили корхонаҳои коркарди меваю сабзавот дар фурсати кӯтоҳ бояд сурат бигирад. Маҳсулоти аз шир истеҳсолшаванда дар намоишгоҳ аз хоҷагии зотпарварии «Саодат» пешниҳод гардид. Айни ҳол дар фермаи ин хоҷагӣ зиёда аз 560 сар гови ширдеҳи зоти «Сементал» ва «Голдштейн» парвариш меёбанд. Дар корхонаи коркарди шири «Саодат» 4 намуди маҳсулоти ширӣ истеҳсол мешавад.

Пешвои миллат аз пешрафти соҳаи кишоварзӣ изҳори хушнудӣ карда, иброз намуданд, ки мардуми меҳнатқарини ноҳияи Хуросон бо меҳнати софдилона ва содиқона дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва ғанӣ гардонидани дастурхони аҳолии кишвар саҳми арзанда мегузоранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёдкорию созандагӣ, ­фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун ва суҳбату мулоқот бо сокинону фаъолон ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Дар даромадгоҳи ноҳия Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарият, фаъолону собиқадорон, намояндагони ҷавонон ва аҳли илму фарҳанг бо самимият истиқбол гирифтанд.

Пешвои миллат нахуст дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои замонавии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 4 иштирок намуданд.

Ин бинои таълимӣ, ки барои 620 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст, бо харҷи 2 миллиону 680 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст.

Бинои асосии муассиса, ки аз ду ошёна иборат аст, дорои 10 синфхонаи муҷаҳҳази фаннӣ, аз ҷумла синфхонаи химия, биология, асосҳои кор бо компютер, физика, математика, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, ҳунаромӯзӣ ва утоқҳои кории омӯзгорон буда, дар арафаи 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он барои омӯзгорону хонандагон туҳфаи арзишманд ба ҳисоб меравад.

Зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмониро коргарону мутахассисони ҶДММ «Сорво» дар муҳлати бештар аз як сол дар асоси лоиҳа ва тарҳу услуби нотакрори сохтмонию меъморӣ бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расониданд.

36287304102_d0cefe5e7f_oБа таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди соҳаи маориф, алалхусус, зиёд намудани теъдоди мактаб­ҳои нав ва бо техникаву технологияи муосир муҷаҳҳаз сохтани онҳо, тадбирҳои муассир андешида, ҷиҳати мунтазам беҳтар кардани сатҳу сифати таълим таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамояд. Бо ин мақсад аз омӯзгорону роҳбарияти муассисаи таълимӣ даъват карда шуд, ки бо истифода аз шароити хуби дар ин муассиса муҳайёгардида, сатҳу сифати таълиму тарбияро беҳтар намуда, барои ба камол расонидани насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ ва аз худ намудани илмҳои замонавӣ аз таҷрибаи пешрафта истифода баранд.

Дар ин муассисаи таълимӣ, ҳамчунин се синфхонаи ҳунаромӯзӣ, аз қабили дуредгарӣ, дӯзандагӣ ва омода кардани таомҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки барои соҳибкасб гардидани духтарону писарон метавонанд нақши калон дошта бошанд. Айни замон дар ин муассисаи таълимӣ 40 нафар омӯзгор ба зиёда аз 900 нафар хонанда дарс мегӯянд.

Танҳо дар давоми 20 соли охир дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ беш аз 30 муассисаи нави таълимӣ ба истифода дода шудааст. Ҳоло дар асоси «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021» дар ноҳия бунёди 14 иншооти замонавии дигар тарҳрезӣ гардидааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон баъди шиносоӣ бо рафти корҳои саҳроӣ, дастовардҳои меҳнатии кишоварзон ва ифтитоҳи иншооти муҳим бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Хуросони вилояти Хатлон мулоқоти самимию созанда доир карданд.

Баъди суханронии Сарвари давлат сокинони ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Хуросони вилояти Хатлон ҷонибдории худро барои дар амал татбиқ намудани сиёсати созандаи Пешвои миллат иброз дошта, ба Президент ва Ҳукумати мамлакат баҳри таъмини зиндагии шоиста изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вазъи киштзори хоҷагии деҳқонии «Қувватбек» шинос шуданд.

Хоҷагии деҳқонии «Қувватбек» соли 2014 ташкил ёфта, феълан 9 саҳмдор дорад. Тавре ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, хоҷагии мазкур дар ихтиёр 3,40 гектар замин дорад, ки дар он асосан пахта ва хӯроки чорво кишт мекунанд. Айни замон дар 1,40 гектари он пахтаи навъи «Флора» ва дар 2 гектари боқимонда юнучқа барои хӯроки чорво нашъунамои хуб дорад.

Зикр гардид, ки дар мавсими гузашта хоҷагидорон тавонистанд 6 тонна пахтаи аълосифат ба даст биёранд ва имсол ҳам тибқи баҳогузории кишоварзон имконияти ба даст овардани ҳамин гуна ҳосилро доранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба аҳли заҳмати хоҷагӣ ҷиҳати истифодаи самараноку оқилонаи ҳар порча замин ва гирифтани ҳосили фаровон дастуру ҳидоятҳои муфид доданд.

Сипас, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии деҳқонони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро аз назар гузаронданд. Заҳматкашони ноҳия анвои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили меваҳои шаҳдбор, мағзу мавиз, полезӣ , маҳсулоти нонӣ ва чорвои хурду калонро ба намоиш гузошта буданд.

Зимни шиносоӣ Пешвои миллат ба заҳмату талоши кишоварзони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон баҳои баланд дода, масъулинро ҷиҳати андешидани тадбирҳои иловагӣ бобати расидан ба нишондиҳандаҳои хуби истеҳсолӣ муваззаф сохтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Калинин»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо фаъолияти Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Парваришгоҳи моҳии хушзот» шинос шуданд.

Ҷамъияти мазкур дар майдони умумии 895 гектар доман густурдааст, ки 685 гектари онро кӯлу ҳавзҳо ташкил медиҳанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон намоишгоҳи маҳсулоти моҳипарваронро аз назар гузаронида, бо дастгоҳ ва дигар лавозимоти зарурии моҳипарварон шинос гардиданд.

Дар ин ҷо 42 гектар кӯл барои модармоҳӣ ва 60 гектар барои парвариши кирминамоҳӣ пешбинӣ шудааст.

Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо моҳипарварони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Парваришгоҳи моҳии хушзот» суҳбати самимӣ доир карда, онҳоро баҳри боз ҳам рушд бахшидани соҳа ҷалб намуданд.

Зикр гардид, ки дар кӯлу ҳавз­ҳои ин мавзеъ 10 миллион кирминамоҳӣ ва 300 ҳазор моҳии яксола барои истеҳсоли гӯшти моҳӣ парвариш меёбанд.

Танҳо дар кӯли рақами як иҷоракор Юлдош Ҳайитов дар 20 гектар 20 ҳазор дона моҳии ­навъҳои амури сафед, зағорамоҳӣ ва пешонапаҳнро парвариш карда истодааст.

Моҳҳои ноябр ва декабри соли 2017 иҷоракор мақсад дорад, ки 20 тонна моҳии истеҳсоли ноҳияро ба бозорҳои кишвар ба фурӯш барорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон аз мактаби моҳипарварони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки бозорҳои мамлакатро бо гӯшти моҳӣ таъмин мекунад, изҳори қаноатмандӣ карданд.

Зикр шуд, ки дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон 29 хоҷагии моҳипарварӣ фаъолият доранд. Нақшаи истеҳсоли моҳӣ дар як сол 350 тоннаро ташкил медиҳад, ки моҳипарварон аз ин ҳам бештар истеҳсол менамоянд. Моҳипарварони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Парваришгоҳи моҳии хушзот» дар 7 моҳи соли ҷорӣ 61 тонна моҳӣ ба савдо баровардаанд.

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми июли соли 2008 доир ба рушди соҳаи моҳипарварӣ истеҳсоли моҳӣ дар хоҷагӣ бояд ба 650 тонна расонида шавад.

Алҳол дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Парваришгоҳи моҳии хушзот» 40 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб мебошанд.

Умуман, дар вилояти Хатлон соли 2016-ум истеҳсоли моҳиро ба 1 ҳазору 524 тонна расонидаанд, ки 75 дарсади дурнаморо ташкил медиҳад. Моҳипарварони вилоят ният доранд, ки соли 2017 истеҳсоли гӯшти моҳиро то ба 1 ҳазору 540 тонна расонанд.

Дар 7 моҳи соли равон истеҳсоли моҳӣ ба 341 тонна расонида шудааст, ки 103 дарсади дурнаморо ташкил медиҳад.

Ба иттилои Ассотсиатсияи моҳипарварони вилояти Хатлон, баъди қабули Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ теъдоди хоҷагиҳо ба 190 адад расидааст ва барои онҳо 1 ҳазору 940 гектар замин ҷудо шудааст. Ҳоло сохтмони ҳавзу кӯлҳо бомаром ҷараён дорад.

www.president.tj