Сафари кории Пешвои миллат ба шаҳри Роғун

№91 (3885) 28.07.2018

42928006444_22d6ebdb75_o26 июли соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ба Неругоҳи барқи обии «Роғун» ташриф оварданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҳамроҳӣ намуданд. Сарвари давлат бо ҷараёни корҳои сохтмонии ин иншоот, ки айни замон дар 78 қитъа бо сатҳу сифати баланд ба таври шабонарӯзӣ идома дорад, шинос шуда, бо муҳандисону кормандони техникӣ мулоқоту суҳбатҳои судманд анҷом доданд.

Шиносоии Сарвари давлат аз мавзеи бунёди навбати аввали сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки яке аз марҳилаҳои муҳими сохтмони ин иншооти гидроэнергетикии мамлакат ба ҳисоб меравад, оғоз шуд.

Дар он ҷо ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар вақти сохтмони марҳилаи аввали сарбанд баробари иҷрои корҳои заминӣ, васлу насби асбобҳои санҷишӣ-ченкунӣ низ амалӣ гардид.

Тибқи иттилои масъулон, то ба имрӯз дар сарбанди неругоҳ 48 адад асбоби санҷишӣ-ченкунӣ васлу насб ва дар асоси лоиҳа беш аз 45 ҳазор метри мураббаъ масолеҳи сохтмонии геомембрана, ки ҳамчун маводи зиддиполоишӣ асосан дар кишварҳои Аврупо истеҳсол мешавад, истифода гардидааст.

Геомембрана дар қисмати пеши сарбанд қисм-қисм ва қабат ба қабат якҷоя бо дигар маводи зиддиполоишӣ насб шудааст ва назар ба қавли масъулони сохтмон, амалӣ намудани ин тадбир имкон фароҳам меорад, ки оби дохили обанбор аз пешдарғот нагузарад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон коргарони муҳандисию техникии НБО-и «Роғун»-ро ҳидоят карданд, ки ҳар амали сохтмонӣ дар асоси лоиҳа бо сатҳу сифати баланд иҷро карда шавад, зеро иншооти мазкур ҷузъи асосии неругоҳ ба ҳисоб рафта, бунёди саривақтии он, пеш аз ҳама, дар роҳи расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат — таъмини истиқлолияти энергетикӣ нақши калидӣ хоҳад дошт.

Баъди шиносоӣ бо ҷараёни корҳо дар қисматҳои алоҳидаи сарбанди НБО-и «Роғун» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани марҳилаи аввали хати конвейрӣ иштирок намуданд.

Бунёди хати конвейрӣ, ки асосан барои интиқоли маводи сарбанд, аз ҷумла сангу шағал, басо мусоид аст, аз ҷониби ширкати «Салини Импреҷило» сурат гирифтааст ва айни замон 4 ҳазору 200 метрро ташкил медиҳад. Корҳои заминӣ ва оҳану бетониро дар ин минтақа мутахассисони ширкати сохтмонии «Тоҷикгидроэлектромонтаж» ба анҷом расонидаанд, васлу насби таҷҳизот бошад, аз ҷониби ду ширкати хориҷӣ амалӣ карда шудааст.

Дастгоҳу таҷҳизоти хати конвейрӣ, ки истеҳсоли ширкатҳои бонуфузи Италия, Франсия ва Германия мебошанд, дар як соат имкони интиқол додани 3 ҳазор тонна сангу шағалро дорад. Акнун, бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он, аз конҳои алоҳида бе харҷи зиёдатӣ ва бо сарфаи вақт сангу шағал ва дигар ҷинсҳои кӯҳӣ ба мавзеи бунёди сарбанди асосӣ интиқол дода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки барои бунёди сарбанд ва дигар иншооти неругоҳ беш аз 50 миллион метри мукааб омехтаи сангу шағал ва дигар намуди ҷинсҳои кӯҳӣ захира шудааст ва имрӯзҳо дар ин самт бо истифода аз техникаю механизмҳои замонавӣ кор босуръат идома дорад.

Дар саргаҳи хати конвейрӣ ҳамзамон ду коргоҳи коркарди маводи шағалзамин сохта шудааст, ки вобаста ба зарурат ба тариқи автоматӣ ҳама гуна ҷинсҳои кӯҳиро барои истифода дар сарбанд мутобиқ месозанд.

Баъди ба охир расидани марҳилаи дуюм масофаи хати конвейрӣ ҷамъ ба 9 километр мерасад, ки нуқтаи ниҳоии он мавзеи сохтмони садди асосӣ хоҳад буд.

Воқеан, коргарони муҳандисию техникии НБО-и «Роғун» ҳар амали сохтмониро бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ иҷро мекунанд, зеро рафти сохтмони он таҳти назорати бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

43600733932_8b6827f1fc_oДар идомаи сафар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо вазъи иншооти Сойи оби шӯр ва садди муҳофизатӣ, ки соли 2015 сохтмонаш ба анҷом расида буд, шинос шуданд.

Садди мазкур дар қисмати поёнии Сойи оби шӯр сохта шуда, барои ҳимояи иншооти Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар рӯзҳои боришоти зиёд пешбинӣ гардидааст. Он бо баландии 75 ва паҳноии 20 метр бунёд ёфтааст ва барои барҳам додани шиддати харобиовари сел пешбинӣ шудааст. Дар иншоот 250 ҳазор метри мукааб бетон, 7 ҳазор тонна арматура сарф гардидааст. Дар ин ҷо Сарвари давлат ба масъулон ҷиҳати ҳифзи иншоот ва сари вақт тоза намудани қабатҳои муҳофизатии он дастуру супоришҳо доданд.

Сипас, Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аз майдончаи назоратӣ бо рафти корҳои арматурбандӣ ва бетонрезӣ дар қитъаи гузариши нақбҳои сохт­монии СТ-1 ва СТ-2, бинои идоракунии неругоҳ, корҳои берунаи бинои таҷҳизоти элигазии тақсимкунандаи барқ, ҳолати имрӯзаи садди асосӣ ва фаъолияти сохт­мончиён дар иншооти дигари ин мавзеъ шинос шуданд. Тавре аён гардид, сохтмончиён корҳои анкергузорӣ, арматурбандии деворҳо ва бетонхобониро дар қитъаи гузариши нақби сохтмонии СТ-2 ба анҷом расонида, ҳоло ба арматурбандии қисмати сақф машғуланд. Корҳои арматурбандӣ ва бетонхобонӣ дар каф ва деворҳои қисмати нақби сохтмонии СТ-1 босуръат идома доранд.

Шумораи умумии сохтмончиён дар ин мавзеъ аз 200 нафар бештар мебошад. Барои онҳо шароити мусоиди корӣ ҷиҳати пешрафти корҳо, масолеҳи сохтмонӣ, техникаву механизми зарурӣ муҳайё аст. Дарозии нақби сохтмонии қабати 1-ум 1365 метр ва нақби қабати 2-юм 1382 метрро ташкил медиҳад.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи барқи обии «Роғун», ҳамчунин бо таҷҳизоти элигазии тақсимкунандаи барқ, ки дар масоҳати 1850 метри мураббаъ васлу насб гардидааст ва ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ин мавзеъ шинос шуданд. Дар ин иншооти болопӯшида 19 адад дастгоҳи элигазии 500 кВ ва 4 адад дастгоҳи элигазии 220 кВ насб гардидааст. Масъулон қайд карданд, ки дар он ҷо корҳои васлгарӣ беш аз 90 фоиз ба анҷом расидааст. Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки интиқоли неруи барқ аз ин иншоот ба системаи ягонаи энергетикии мамлакат тавассути шаш хати барқи ҳавоии 500 кВ сурат мегирад. Ҳамчунин, аз таҷҳизоти мазкур тавассути як хати дузанҷираи 220 кВ то зеристгоҳи барқии шаҳри Роғун неруи барқ интиқол дода хоҳад шуд. Дар маҷмӯъ, бино аз толори таҷҳизоти элигазӣ, долонҳои ноқилгузар, низоми автоматии оташхомӯшкунӣ ва ҳавотозакунӣ иборат мебошад. Дастгоҳу таҷҳизоти худкори низоми оташхомӯшкунӣ пурра васлу насб шудааст ва он дар сурати сар задани сӯхтор ба таври автоматӣ фаъол мегардад.

Бунёди майдончаи таҷҳизоти беруна бошад, дар қисмати чапи иншоот бомаром ҷараён дорад. Дар ин мавзеъ шаш адад автотрансформатори 500/220/25.75, се адад реактори заминпайванди 500 кВ ва ду адад трансформатор барои эҳтиёҷоти дохилии неругоҳ васлу насб карда мешавад. Корҳои бетонхобонӣ дар таҳкурсии баромадгоҳи 500 кВ пурра иҷро гардидаанд.

Дар шафати иншооти таҷҳизоти тақсимкунандаи барқ бинои технологии иборат аз панҷ ошёна ва таҳхона бунёд ёфтааст. Айни замон корҳои рангуборкунии дохили бино ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизот идома дорад. Тибқи маълумот, дар ошёнаи якуми бино таҷҳизоти эҳтиёҷоти дохилӣ ва ҷевонҳои низоми ҷараёни доимӣ васлу насб карда шудаанд. Ошёнаҳои дуюм ва сеюм барои озмоишҳои химиявӣ, ҳуҷраҳои аккумуляторӣ, озмоишгоҳҳои электротехникӣ ва гузаронидани ноқилҳо пешбинӣ гардидаанд. Ошёнаи чорум бо ҷевонҳои ҳимояи релейӣ ва автоматикунонӣ муҷаҳҳаз хоҳанд шуд. Дар ошёнаи панҷум ҳуҷраҳои корӣ ҷой гирифтаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба суръату сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, масъулон ва бунёдгарони неругоҳро даъват намуданд, ки минбаъд низ ҳангоми иҷрои корҳо ба сифати масолеҳи сохтмонӣ аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд ва иншоотро ҷавобгӯ ба талаботи имрӯза бунёд намоянд то садсолаҳо ба мардум хизмат расонад.

Дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо рафти иҷрои корҳо дар минтақаҳои муҳими иншоот — толори мошинҳо ва бинои трансформаторҳо шинос шуданд.

Тавре ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, дар он ҷо иҷрои корҳои сохт­мону васлгарӣ, пармакунии чоҳҳо барои гузоштани анкерҳо, корҳои сементатсионӣ, тибқи шартнома ва мутобиқи ҷадвали умумии сохтмон васлу насби таҷҳизоти гидротурбинӣ аз тарафи мутахассисони хориҷию ватанӣ идома доранд.

Маълум гардид, ки ҷамъоварии ротор ва статори гидрогенератори рақами 6 пурра ба охир расида, аз озмоишҳои баландшиддати барқӣ бо шиддати тағйирёбандаи 36,5 кВ ва гидравликӣ бо фишори 12 атмосфера гузаштааст.

Васли такягоҳҳои манъкунии ротор ба анҷом расида, ротори генератори рақами 6 бо вазни 850 тонна ба кратери гидроагрегати рақами 6 интиқол дода шудааст. Интиқоли статори генератори рақами 6 ба кратери гидроагрегати рақами 6 низ анҷом ёфтааст. Дар майдончаи васлгарии муваққатии толори мошинҳо васлу насби стерженҳои печакҳои статори генератори рақами 5 ба итмом расидааст.

Дар атрофи камераи спиралӣ ва шахтаи турбина 3 ҳазору 944 метри мукааб бетон хобонида шудааст. Ҳаҷми умумии бетони хобонидашудаи қисмати гидрогенератори рақами 6 зиёда аз 16 ҳазор метри мукаабро ташкил медиҳад. Ҳамзамон васлу насби таҷҳизоти турбина идома дорад.

Дар атрофи шахтаи генератор васли системаҳои бо об хунуккунии агрегати рақами 6 ва дар толори трансформатори рақами 6 системаи бо об хунуккунии трансформатор тибқи лоиҳа оғоз гардидааст. Дар нақбҳои ноқилгузар, толори мошинҳо ва бинои трансформаторҳо васли қубурҳои системаи сӯхторхомӯшкунӣ идома дорад.

Бетонхобонӣ дар атрофи зону ва қубури ҷаббандаи турбинаи рақами 5 ба анҷом расида, дар сатҳи 956 метр 12 такягоҳи оҳанини қутрашон 325 мм, барои ба болои он гузоштани статори турбина васл карда, барои устувории такягоҳҳо гирду атрофи онҳо арматурбандӣ шудааст. Статори турбина дар кратери рақами 5 васлу насб карда шудааст. Васли камераи спиралӣ дар кратери зикргардида ба анҷом расида, аз озмоиши гидравликӣ гузаштааст. Корҳои арматурбандӣ дар гирди панели спиралӣ идома дорад.

Дар майдончаи васлгарии муваққатӣ ҷамъкунии дарвозаи даврашакли агрегати рақами 5-қутраш 9 ҳазору 500 мм ва ҷамъкунии сарпӯши турбина ба охир расида, ба кратери рақами 5 васлу насб карда шудааст.

Ҳаҷми умумии бетони хобонидашудаи қисмати гидрогенератори рақами панҷум 9 ҳазору 88 метри мукаабро ташкил медиҳад.

Корҳои нақбканӣ дар қисмати агрегати рақами 4 дар ҳаҷми 7 ҳазору 393 метри мукааб ҳаффорӣ ва 1 ҳазору 888 метри мукааб бетонхобонӣ иҷро шудааст. Васлу насби анкерҳои АЖГ ба дарозии 9 ҳазору 744 метри тӯлонӣ иҷро гардидааст.

Ҳаҷми умумии корҳои бетонхобонӣ дар толори мошинҳо, бо дарназардошти қубурҳои ҷабанда, ба 32 ҳазору 924 метри мукааб ва вас­лу насби оҳанфулузот ба 1 ҳазору 82 тонна расидааст. Моҳона масофаи корҳои нақбканӣ 3 ҳазору 131 метри мукаабро ташкил медиҳад.

Зимни шиносоӣ бо рафти корҳо дар толори трансформаторҳо ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар сақф ва деворҳои бинои трансформаторҳо васлу насби анкерҳои минтақаи агрегатҳои рақамҳои 4 то 6 ва васлу насби болорҳои оҳану бетонӣ пурра ба анҷом расидааст.

Корҳои нақбканӣ ва мустаҳкамкунии агрегатҳои 1 то 3 дар бинои трансформаторҳо тибқи ҷадвали иҷрои корҳо барои гузаронидани трансформатори асосии рақами 6 муваққатан мавқуф гузошта шуда, дар агрегатҳои рақамҳои 4 то 6 ба итмом расидааст. Ҳаҷми умумии бетони хобонидашуда, бо дарназардошти майдончаи васлгарӣ, 17 ҳазору 366 метри мукаабро ташкил медиҳад.

Корҳои ҳаффории коллекторҳои 1 то 3 идома дошта, дар масофаи 13 ҳазору 607 метри мукааб нақбканӣ ва 4 ҳазору 35 метри мукааб корҳои бетонхобонӣ иҷро шудааст.

Ҳаффории шахтаи насосҳои обкаш пурра ба итмом расида, корҳои бетонхобонӣ тибқи нақша идома доранд. Айни замон 5 ҳазору 192 метри мукааб бетон хобонида шудааст.

Дар толори мошинҳо ва бинои трансформаторҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти коргарону мутахассисон ва роҳбарияти неругоҳ баҳои баланд дода, онҳоро ба идомаи корҳои босифату саривақтӣ ҳидоят карданд.

Тавре маълум аст, аз рӯйи нақша агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» бояд тирамоҳи соли 2018 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад, ки қадами устувор дар роҳи татбиқи яке аз ҳадафҳои асосию стратегӣ – расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар қитъаи гузариши нақбҳои сохт­монии СТ-1 ва СТ-2 аз наздик шинос шуданд.

Маълум гардид, ки дар қитъаи гузариши нақби сохтмонии СТ — 2 корҳои анкергузорӣ, арматурбандии деворҳо ва бетонхобонӣ анҷом ёфта, рангубор ва арматурбандии қисмати сақф бо ҷалби мутахассисон идома дорад.

Бо ҷалби сохтмончиён дар қитъаи гузариши нақби сохтмонии СТ-1 низ корҳо бомаром давом дорад ва тибқи нақша ҳаҷми умумии корҳое, ки дар ин қитъа бояд анҷом ёбад, 36 ҳазор метри мукаабро ташкил медиҳад. Ҷамъ 15 ҳазор метри мукааб аз ҳаҷми умумии корҳо ба сомон расидааст.

Дар қитъаи гузариши нақби сохт­монии СТ-1 корҳои анҷомёфтаи нақбканӣ зиёда аз 10 ҳазор метри мукаабро ташкил медиҳад, ҳамчунин 3 ҳазор тонна арматур дар қисматҳои сохтмонӣ бандубаст гардидааст. Корҳои арматурбандӣ ва бетонхобонӣ дар каф ва деворҳои қисмати гузариши нақби сохтмонии СТ-1 босуръат идома дорад.

Барои сари вақт таъмиру тармим намудани нақби СТ-2 шахтаи таъмирии амудӣ бунёд карда шудааст ва сох­тмони ҳамин гуна иншоот дар нақби сохтмонии СТ-1 низ дар ҷараён аст.

Тибқи лоиҳа, қитъаи гузариши нақби сохтмонии СТ-1 то оғози фаъолияти нахустин агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун» мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.

Сарвари давлат, ҳамчунин аз рафти омодагии бино ва таҷҳизоти гидромеханикӣ барои обгузаронии селобаи эҳтимолиро аз назар гузаронида, бо ҷараёни иҷрои корҳо аз наздик шинос шуданд.

Дар ин иншоот корҳои нақбканӣ ба анҷом расида, дар қисматҳои алоҳида корҳои бетонхобонӣ идома дорад. Чор дарвозаи таъмирию садамавӣ, ки ҳар кадом зиёда аз 263 тонна вазн доранд, насб шудааст. Таҷҳизот ва қисматҳои иловагии дарвозаҳо, ки аз ҷониби ширкати «Трест – гидромантаж» — и Россия дастрасу васл гардидааст, омодаи кор мебошанд.

Дар бинои таҷҳизоти гидромеханикӣ ду крани пулшакл, ки ҳар кадом иқтидори бардошти 80 тонна борро дорад, васлу насб шудааст.

Тавре иттилоъ доданд, бино ва таҷҳизоти гидромеханикӣ барои обгузаронии селобаи эҳтимолӣ дар нақби сохтмонии СТ-3 ҷойгир аст ва дар қисматҳои алоҳидаи он корҳои сохтмонӣ идома дорад. Дар ин нақб корҳои нақбкании асосӣ пурра анҷом ёфтааст ва кандани нақбҳои ёрирасон идома дорад. Моҳона ҳаҷми миёнаи истифодаи оҳанфулузот, аз ҷумла варақаҳои оҳании дар ин иншоот вас­лу насбгардида, 216 тоннаро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда аз оғози корҳои сохтмонии нақби мазкур дар маҷмӯъ ба 9074 тонна расидааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ва суҳбату мулоқот бо сохтмончиён онҳоро ба иҷрои саривақтиву босифати корҳо даъват намуда, ба масъулин ҷиҳати назорати сифати сохтмон дастурҳои муфид доданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону масъулони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва фаъолони шаҳр машварати корӣ доир карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ҳадаф аз баргузории машварати имрӯза натиҷагирӣ аз корҳои сохтмонии иҷрошуда, омодагии ҳамаҷониба ба маросими ба истифода додани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар соли 2018 ва вазифагузорӣ барои давраи семоҳаи дигари соли 2018  мебошад.

Дар машварат нахуст гузориши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шӯрои нозирони Ҷамъияти саҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» Қоҳир Расулзода оид ба иҷрои корҳои сохтмонӣ дар неругоҳ шунида шуд.

Дар ҳисоботи Сарвазири мамлакат, раиси Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сохтмон ва ба истифода супоридани иқтидорҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» Қоҳир Расулзода таъкид гардид, ки аз ҷониби аъзои Шӯрои нозирон барои дар амал татбиқ кардани дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳалли кулли масъалаҳои муҳандисию техникӣ, риояи стандартҳои ҷаҳонӣ, ҷалби техникаю технологияи муосир, истифодаи оқилонаи мошину механизмҳои мавҷуда, назорати сифати корҳои иҷрогаштаи сохтмонӣ, тарбияи бунёдгарони ояндаи неругоҳҳои азим, бахусус расидан ба истиқлолияти энергетикии кишвар, тадбирҳои мушаххас андешида шуд.

Сипас, директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» Хайрулло Сафарзода ва намояндаи ширкати «Салини Импреҷило» Лучано Чиконя оид ба иҷрои уҳдадориҳо дар самти анҷоми корҳои сохтмонӣ дар неругоҳ ҳисобот доданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни таҳлили корҳои иҷрошуда ва омодагӣ барои ба истифода додани агрегати аввали неругоҳ, таъкид карданд, ки ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ — таъмин намудани истиқлолияти энергетикии кишвар барои рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аҳамияти ниҳоят бузург дорад.

Афзалият додан ба соҳаи гидроэнергетика ва бунёди иқтидорҳои нави энергетикӣ дар давраи соҳибистиқлолӣ натиҷаҳои самарабахши худро дода истодааст.

Натиҷаи ҳамин талошҳову андешидани тадбирҳо буд, ки бори аввал дар зимистони солҳои 2017-2018 мардуми Тоҷикистон ва соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ бо неруи барқ бемаҳдудият таъмин карда шуданд.

Барои расидани ба ҳадафҳои дигар бошад, Сарвари давлат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои нозирони Ҷамъияти саҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун», роҳбарияти Ҷамъияти саҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва дигар коргарону пудратчиён супориш доданд, ки бо истифода аз ҳар лаҳзаи мусоид барои дар амал татбиқ кардани ҳадафҳои созандаи Давлату Ҳукумат талош варзанд.

Дастур дода шуд, ки барои расидан ба мақсаду мароми нек бояд уҳдадориҳо босифат иҷро гардида, корҳои сохтмонӣ, сарфи маблағҳои буҷетӣ таҳти назорати ҷиддӣ гирифта шавад. Ҳамчунин, иҷрои босифати корҳо, дастрасии масолеҳи босифати сохтмонӣ, ҳамкории зичу пурсамари фармоишгар бо ширкатҳои пудратии дохилу хориҷ таъмин карда шавад.

Дар охир Сарвари давлат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти неругоҳ барои таҳияи нақшаи чорабинӣ оид ба истифода додани навбати аввали Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар фасли тирамоҳи соли ҷорӣ супоришҳои мушаххас доданд.

Ҳамчунин, ба Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба таъсиси ситоди ҷумҳуриявии ободонию кабудизоркунӣ барои шинонидани дарахтони гуногуни сояафкану ороишӣ қад — қади шоҳроҳи Ваҳдат то шаҳри Роғун супориш дода шуд.

Баъди анҷоми машварат бо иштироки аъзои Шӯрои нозирони Ҷамъияти саҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» раиси шаҳри Роғун Билол Иброҳим оид ба иҷрои корҳои ободонию созандагӣ ҳисобот дод.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдомҳои шоистаи сокинони шаҳри Роғун барои дастгирии сиёсати созандаи роҳбарияти Давлату Ҳукумати кишвар баҳои арзанда дода, онҳоро ба андешидани тадбирҳои навбатӣ барои истиқболи сазовори 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳидоят карданд.

www.president.tj