Сафари кории Пешвои миллат ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

№83 -84 (3563 - 3564) 30.06.2016

Сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 25 июни соли ҷорӣ аз ноҳияи Ванҷ оғоз гардид.

ВанчРоҳбари давлатро мардуми ноҳия дар фурудгоҳ ба таври хоса истиқбол намуданд. Барои қабули Пешвои миллат дастаҳои ҳунарӣ ширкат намуда, расми қабул бо муаррифии анъанаҳои хоси мардуми ин минтақа сурат гирифт.

Сипас, Роҳбари давлат бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Мотравн»-и деҳоти «Язгулом» шинос шуд.

Неругоҳи мазкур аввалин иншооти энергетикӣ дар кишвар маҳсуб меёбад, ки маҷроӣ буда, тавлиди барқ аз оби равони дарё вобастагӣ дорад. Он бо иқтидори 300 киловатт/соат дар деҳоти «Язгулом»-и ноҳияи Ванҷ дувумин неругоҳи хурди барқӣ ба ҳисоб меравад. Бино ба гуфти муҳандисон, ин неругоҳ агарчӣ баландиқтидор ҳам набошад, вале имкон медиҳад, ки талаботи сокинони якчанд деҳа, қонеъ кунонда шавад.

Асоси корҳои сохтмониро дар иншооти мазкур мутахассисони Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ соли 2012-ум гузошта буданд. Вале бинобар маҷрои тезоба доштани дарёи Язгулом аз сохтмони неругоҳ худдорӣ карданд. Пас аз таваққуфи сесола иҷрои лоиҳаро ҶДММ «Диамант ва Канаск» ба зимма гирифт.

Хароҷоти лоиҳавии неругоҳ бештар аз 6 миллиону 800 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. То ба имрӯз баробар ба 1-миллиону 850 сомонӣ корҳои сохтмонӣ иҷро шудааст. Лоиҳа бо маблағгузории ташкилоти «Койка»- и Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ сохта, насби се агрегати иқтидори 100 киловатт/соатдошта пешбинӣ гардидааст, ки воридоти онҳо рӯзҳои наздик дар назар аст.

Масъулони корҳои сохтмонӣ аснои боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иншооти энергетикӣ иттилоъ доданд, ки иншооти мазкур то таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода хоҳад шуд.

Пешвои миллат ба сохтмончиён супориш дод, ки ба сифати корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намуда, иншоотро бо сифати баланд барои даҳсолаҳои оянда сохта, мавриди истифода қарор диҳанд. Баъди ба кор даромадани Неругоҳи барқи обии «Мотравн» дар деҳкадаҳои Язгулом, ки дар қисме аз онҳо ҳатто хатҳои интиқоли неруи барқ кашида нашудааст, шабакаи умумии энергетикӣ ташкил мегардад ва ин гӯшаи дурдасти мамлакат низ ба низоми энергетикии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пайваст мегардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон 25 июли соли 2016 дар ноҳияи Ванҷ дар назди шумораи зиёди аҳолии водии Язгулом, ки барои мулоқот бо Сарвари давлат ҷамъ омада буданд, оид ба корҳои ободонию созандагӣ, дастовардҳои соҳаҳои хоҷагии халқ, комёбиҳои мардуми меҳнаткаши ин водӣ, ҷонибдории мардум аз сиёсати созандаю бобарори Ҳукумати мамлакат андешаронӣ намуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаҳо ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардуми ноҳияи Ванҷ, хоса водии Язгуломро аз баракати сулҳу субот, пойдории ваҳдати миллӣ, сиёсати бобарори Ҳукумати мамлакат ва ҷонибдории халқ аз он маънидод кард.

Пешвои миллат ба аҳли ҷамоатчигӣ барои заҳмати созандаву фидокорона ва пазироии самимӣ изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки водии Язгулом тайи солҳои охир ба пешравиҳои назаррас ноил гардид. Дар рӯзҳои истиқбол аз ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ин водӣ бинои бунгоҳи тиббии деҳаи Будун ва бинои шуъбаи минтақавии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Барои беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии аҳолӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, бунёди иншооти таъиноти гуногун, аз ҷумла сохтмони толори варзишӣ бо мақсади ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш, муассисаи таҳсилоти ибтидоии рақами 45 ва таҷдиди пурраи Неругоҳи барқи обии деҳаи Андарбак бо маблағи 1 миллион доллари амрикоӣ бо иқтидори 500 киловатт/соат идома дорад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мардуми водии Язгуломро ба корҳои ободонӣ, рушди соҳаи боғдорию зироаткорӣ, тарбияи ҷавонон, корҳои созандагӣ, тарбияи фарзандон дар рӯҳияи хештаншиносӣ ва риояи қонунҳои амалкунанда даъват намуд.

25 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаи Ғудараи деҳоти «Савноб»-и ноҳияи Рӯшон ташриф оварда, бо раванди бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос шуд.

ГудараЁдовар мешавем, ки дар натиҷаи заминҷунбии мудҳиши 7 декабри соли 2015 дар 11 деҳаи водии Бартанг 132 манзили истиқоматӣ пурра хароб гардид. Аз 16 неругоҳи барқи обие, ки сокинони деҳоти «Савноб»-ро бо барқ таъмин мекард, 11 ададаш хисорот дид. Корҳои азнавсозии Неругоҳи барқи обии «Пасор» бо тавоноии 125 киловатт/соат аз моҳи декабри соли 2015 оғоз шуда, моҳи июни соли 2016 дар рӯзи ташрифи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушкилоти норасоии барқи сокинони деҳаҳои Пасор, Бопасор ва Ғудара бартараф шуд. Барои пурра бартараф кардани камбуди неруи барқ дар ин ҷо ду зеристгоҳ бо иқтидори 10/0,4 киловолт насб шуда, 7 километр хатти интиқоли барқ кашида шуд.

То ташрифи Президенти мамлакат ба деҳоти «Савноб» дар асоси дас­турҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон барои мардуми аз офат зарардида ду техникаи роҳсозӣ, як трактор дастрас гардид. Сокинон бо алоқа, бунгоҳи тиббӣ, стансияи қабули мавҷи барномаҳои телевизионҳои давлатӣ, маҳсулоти озуқаворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, сӯзишворӣ ва дигар маҳсулоти ниёзи аввал таъмин карда шуданд.

Сарвари давлат бо рафти сохтмони биноҳои истиқоматӣ барои сокинони аз офати табиӣ зарардида шинос шуда, бо буридани лентаи рамзӣ хатти оби нӯшокиро, ки аввалин маротиба ба деҳа кашида шудааст, ба истифода дод.

Хатти нави оби нӯшокӣ аз масофаи шаш километр оварда шудааст. Маблағи умумии сохтмони он 286 ҳазор сомониро ташкил додааст.

Бо пахши тугмачаи рамзӣ Пешвои миллат дар маҳаллаи навбунёд хатти интиқоли неруи барқро, ки аввалин маротиба ба деҳа оварда шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Бино ба иттилои масъулин, бошандагони деҳа бинобар мавҷуд набудани неруи барқ аз батареяҳои офтобӣ истифода мебурдаанд, ки танҳо барои равшаннамоӣ кифоят мекардаасту халос.

Сипас, Сарвари давлат калиди якчанд манзили истиқоматии сохтмонашон анҷом­ёфтаро ба соҳибонашон супорид. Сокинон инро ҳамчун туҳфаи арзанда дар арафаи ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ дониста, барои дастгирию ғамхориҳои рӯзафзун ба Пешвои миллат арзи сипос карданд.

Аснои боздид аз корҳои сохтмонӣ дар маҳаллаи навбунёд Пешвои миллат масъулин ва сохтмончиёнро ба меҳнати софдилона даъват намуд.

Ҳоло дар маҳаллаи навбунёд, ки 2,5 гектар масоҳат дорад, тибқи нақша сохтмони 38 манзили истиқоматӣ идома дорад ва онҳо бояд то таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ба соҳибонашон супорида шаванд.

Баъди шиносоӣ бо корҳои бартарафсозӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон бо сокинони деҳа мулоқоти хоса анҷом дод ва барои рафъи мушкилоти ҷойдошта масъулинро вазифадор намуд.

Сокинони деҳоти «Савноб» дар навбати худ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бартараф кардани оқибатҳои заминларза, дигар ғамхориҳову кумакҳои моддӣ изҳори сипос карданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо раванди бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар деҳаи Ғудараи деҳоти «Савноб» ба маркази ноҳия ташриф овард. Сокинони ноҳияи Рӯшон Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро хеле гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

РѓшонНахуст Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшонро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Лозим ба ёдоварӣ аст, ки санги асоси бинои мазкур ҳанӯз моҳи июли соли гузаш­та аз ҷониби Сарвари давлат гузошта шуда буд. Инак, расо пас аз даҳ моҳ дар маркази ноҳияи Рӯшон бинои боҳашамату зебо қомат афрохт. Бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон дар масоҳати 0,45 гектар бунёд шуда, аз ду ошёна иборат аст.

Дар ошёнаи аввали бино 14 утоқи корӣ ва маҷлисгоҳ бо 270 ҷойи нишаст воқеъ аст. Дигар маҷлисгоҳ бо 40 ҷойи нишаст дар ошёнаи дуюм қарор дорад. Илова бар ин, дар ошёнаи дуюм боз 13 утоқи корӣ муҷаҳҳаз бо ашёи зарурӣ мавҷуд мебошад.

Биноро ҶДММ «БДМ» бо дархости Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд кардааст. Арзиши лоиҳавии сохтмон 6 миллион сомонӣ аст. Ин маблағ пурра аз ҳисоби Буҷети давлатӣ ҷудо шудааст. Дар давоми даҳ моҳе, ки корҳои сохтмонӣ идома ёфт, зиёда аз 90 коргари маҳаллӣ бо кор таъмин шуда буданд, ки маоши онҳо то 2 ҳазор сомониро ташкил медод.

Сарвари давлат ҳангоми боздид аз ин иншоот ба сифати корҳои анҷомдодашуда баҳои баланд ва ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани коргузорӣ ва ҳалли мушкилиҳои сокинон дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ҳамчунин, бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Нозироти андоз дар ноҳияи Рӯшон мавриди истифода қарор гирифт.

Он дар масоҳати 10 садяк сохта шуда, аз ду ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Дар ин иншооти аз ҷиҳати санъати меъморӣ зебо ҳафт утоқи корӣ ва як маҷлисгоҳ бо 50 ҷойи нишаст вуҷуд дорад. Чор утоқе, ки дар таҳхонаи бино мавҷуд аст, барои дар ҳавои муътадил нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳои бойгонӣ пешбинӣ шудааст.

Сохтмони он соли 2014 бо маблағгузории Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуда, дорои тамоми шароити корӣ мебошад.

Сарвари давлат ҳангоми боздид аз ин бино ва вохӯрӣ бо кормандони он иброз дошт, ки андоз асоси буҷети давлатро ташкил медиҳад ва рушди минбаъдаи сектори давлатию пардохти музди меҳнату нафақа аз сари вақт ва босифат ҷамъоварӣ кардани он вобаста аст.

Аз ин лиҳоз, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз кормандони ин ниҳод талаб кард, ки пайваста дар баланд намудани дараҷаи тахассусӣ ва такмили дониши касбии худ талош ­намоянд.

25 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳия бо фаъолони ноҳияи Рӯшон мулоқот доир намуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ нахуст барои пазироии самимӣ ва ҷонибдории амиқ аз сиёсати созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба мардуми меҳнатқарини ноҳияи Рӯшон изҳори сипос карда, онҳоро бо ҷашни умумимиллӣ — 19 — умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрику таҳният гуфт.

Бо натиҷагирӣ аз фаъолияти пурсамари мардуми ватандӯст давоми 25 соли соҳибистиқлолӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки сокинони ноҳияи Рӯшон бо ростқавлию меҳнатдӯстӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ баробари натиҷагирӣ аз дастовардҳои сокинони ноҳия, инчунин оид ба нақшаву барномаҳои нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри рушду тараққиёти ноҳияи Рӯшон андешаронӣ карда, барои вусъати корҳои ободонӣ, инчунин ҳаллу фасли мушкилоти аҳолӣ, ки зимни пурсишу посух бо Сарвари давлат ба миён омад, ба масъулини вазорату идораҳои давлатӣ супоришҳои мушаххас дод.

25 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо зиндагӣ ва кору фаъолияти сокинони деҳаи нав­бунёди Раҳмонобод шинос шуд.

РахмонободЁдовар мешавем, ки 16-17 июли соли 2015 дар деҳоти «Сучон»-и ноҳияи Шуғнон бо сабаби боришоти зиёди пай дар пай омадани сел ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа манзили зисти 82 оилаи деҳаи Барсем корношоям гардид.

29 июли соли 2015 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шуғнон ба ­маҳали офати табиӣ омада, бо рафти корҳо аз наздик шинос шуд. Дар рафти суҳбат бо мардуми зарардида аз мушкилоти эшон хабардор гашта, ба вазорату идораҳои дахлдор баҳри ҳалли мушкилии зарардидагон дастуру супоришҳои мушшахас дод, ки то ба имрӯз ҳамаи он иҷро гаштаанд.

Имрӯз 82 хонаводаи аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Барсем дар хонаҳои нав, дар маҳаллаи Питовдашт, ки дар муҳлати кӯтоҳ қомат афрохтанд, истиқомат мекунанд. Маблағи умумии хароҷотшуда барои бунёди 82 манзили зист 2 миллиону 400 ҳазор сомониро дар бар мегирад.

Пешвои миллат зимни боздид аз манзилҳои навбунёд ба сатҳу сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, иброз дошт, ки коре, ки аз ҷониби ширкатҳои сохтмонӣ, идораву корхонаҳои давлатӣ ва соҳибкорон анҷом дода шудааст фоли нек мебошад. Неруи созандаи мардум, дӯстиву бародарӣ ва дастгирии якдигарӣ аз сарҷамъиву ваҳдати тоҷикистониён шаҳодат медиҳад. Маҳз чунин дӯстӣ буд, ки мардуми аз офати табиӣ зарардида худро танҳо ҳис накарданд ва сари вақт бо ашёи зарурӣ ва манзили зист таъмин гаштанд.

Дар робита ба дастгириҳои Ҳукумат мардуми деҳаи Раҳмонобод изҳори миннатдорӣ намуда, ин ғамхориҳоро ба сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат рабт доданд.

Баъди шиносоӣ бо шароити зиндагии сокинон Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо онҳо суҳбати самимӣ доир кард.

26 июни соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо иқтидорҳои мавҷудаи истеҳсолӣ ва дастовардҳои соҳаи иқтисодиву иҷтимоӣ ба ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳис­тони Бадахшон ташриф овард.

Роҳбарият ва сокинони ноҳияи Шуғнон Пешвои миллат Эмомалӣ ­Раҳмонро бо самимияти хоса, дар фазои тантанавӣ истиқбол гирифтанд.

Дар деҳаи Кушки ноҳияи Шуғнон чун армуғони ҷашнӣ муассисаи таълимии наву замонавӣ барои 464 хонанда дар як баст ифтитоҳ ёфт.

Муассисаи таълимии мазкур, ки аз рӯи меъёрҳои байналмилалӣ бунёд ёфтааст, дар арафаи ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ расман бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолият оғоз кард.

Корҳои бунёдӣ дар ин муассиса моҳи июни соли 2015 оғоз гардида, давоми як сол бо тарҳ ва услуби муосири меъморӣ аз ҷониби зиёда аз 140 нафар сохтмончӣ ба анҷом расидааст.

Сохтмони бино аз ҳисоби марҳилаи III-юми лоиҳаи «Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳо» муштарак бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд бо арзиши 1 миллиону 802 ҳазор доллари ИМА татбиқ шуда, дорои муосиртарин шароити илмомӯзӣ мебошад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо шароити синфхонаҳо, ки ба низоми муосири таълим мутобиқ гардонида шудааст, шинос шуд.

Муассисаи таълимии мазкур барои 464 ҷойи нишаст дар як баст пешбинӣ шуда, аз 24 синфхона, толори навбунёди варзишӣ бо 140 ҷойи нишаст, китобхона бо 5 ҳазор нусха китоби таълимиву бадеӣ ва китобхонаи муосири электронӣ бо 22 компютер, хатти доимии интернет, толори фарҳангӣ бо 170 ҷойи нишаст, майдончаҳои варзишӣ барои футбол, волейбол, баскетбол, синфхонаҳои дӯзандагиву қаннодӣ, коркарди чӯбу тахта, ошхонаи замонавӣ барои 120 нафар дар як вақт, утоқи хизматрасонии тиббӣ, аз ҷумла дандонпизишк ва утоқи духтури кӯдакону наврасон иборат мебошад.

Тавре иттилоъ дода шуд, бо фаъолияти пурраи муассиса беш аз 40 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои босифат ба роҳ мондани ҷараёни таълим ба устодону толибилмон маслиҳатҳои муфид дод.

Ин муассисаи таълимӣ дорои толори барҳавои варзишӣ мебошад, ки дар он машғулиятҳои варзишӣ-солимгардонӣ ташкил карда мешаванд.

Он рӯз дар ин толори бошукӯҳ бо иштироки хонандагон барномаи рангини ҳунарӣ доир гардид.

Баъди ифтитоҳи бинои муассиса Президенти мамлакат Эмомалӣ ­Раҳмон дар суҳбат бо омӯзгорону хонандагон ва фаъолони ноҳияи Шуғнон оид ба дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳаи маориф ва беҳдошти сатҳи таълиму тарбия, ҷалби фарзандон ба таҳсил андешаронӣ намуд.

Сарвари давлат ба сохтмончиён барои иҷрои корҳои босифат баҳои баланд дода, изҳор дошт, ки дар даврони соҳибис­тиқлолӣ дар ҷумҳурӣ шумораи муассисаҳои таълимии шакли нав бояд боз ҳам афзоиш дода шаванд. Ин имкон медиҳад, ки шароити таълиму тадрис беҳтар гардида, волидон аз рафти донишомӯзии фарзандон ҳамеша аз тариқи марказҳои нави иттилоотӣ огоҳ гарданд.

Устодону хонандагон дар навбати худ ба Сарвари давлат барои дастгирии ҳамаҷониба ва ғамхориҳои рӯзафзун изҳори сипосу қадрдонӣ карданд.

26 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ­Эмомалӣ ­Раҳмон дар маркази ноҳияи Шуғнон бо гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонии Қасри фарҳанг оғоз бахшид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст бо тарҳи лоиҳаи сохтмон, ки мутобиқ ба стандартҳои муосири шаҳрсозӣ омода шудааст, шинос шуда, барои татбиқи босифати лоиҳа дастуру маслиҳатҳои муфид дод.

Бунёди Қасри фарҳанг, ки аз ҳисоби суратҳисоби махсуси Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзиши 5 миллион сомонӣ пешбинӣ шуда, он дар асоси тарҳи муосири меъморӣ амалӣ хоҳад гашт.

Қасри фарҳанг аз бинои дуошёна иборат буда, дар ошёнаи якум толор барои 324-ҷойи нишаст, дидбони марказӣ, хонаи ҳунармандон, ҳуҷраи хоси сару либос, утоқҳои муосири корӣ, ҳуҷраи техникӣ тарҳрезӣ шудааст. Дар ошёнаи дуюми бино пешайвон, толор барои бештар аз 100 ҷойи нишаст, ҳуҷраи маҳфил ва миёнсарой ташкил хоҳад шуд. Дар маҷмӯъ, бинои замонавии Қасри фарҳанг бо 500 ҷойи нишаст бунёд мешавад.

Дастур дода шуд, ки корҳо дар иншоот мутобиқи талаботи муосири меъморӣ ва бо шароити зарурӣ амалӣ гардида, сис­темаи пешқадами комму­никатсионии фаъолият муҳайё шавад.

26 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази нави маъмурии ноҳияи Шуғнон бо сокинону фаъолон мулоқоти судманд доир кард.

Президенти мамлакат ­Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро бо таҷлили санаҳои муҳими таърихӣ барои мардуми тоҷик тақдирсоз — 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва 19 — умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи сафари кориро ба ноҳия дидору мулоқот бо мардум, шиносоӣ бо рафти татбиқи дастуру супоришҳои Ҳукумати кишвар  ва мусоидат кардан ба пешрафти кору беҳтар кардани шароити иқтисодию иҷтимоии зиндагии сокинон маънидод кард. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз он ки ташаббусҳои созандаи Ҳукумати ҷумҳуриро мардуми шарафманди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷонибдорӣ ва дар амал татбиқ менамоянд, изҳори қаноатмандӣ кард.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо ёдоварӣ аз сафарҳои қаблии корӣ, ки бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва рафъи оқибатҳои офати табиӣ сурат гирифта буд, таъкид намуд, ки Ҳукумати кишвар ҳамеша барои беҳтар кардани шароити зисту фаъолияти мардум аз тамоми имкониятҳо истифода мебарад.

Президенти мамлакат ба хотири пешрафти кор дар соҳаҳои ҳаётан муҳими хоҷагии халқи ноҳияи Шуғнон ва ҳалли мушкилоти мардум ба роҳбарони сохторҳои давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дар ҷавоб ба талошҳову ташаббусҳо, ғамхориҳо ва дастгирии роҳбарияти Давлату Ҳукумати кишвар намояндагони касбу кори гуногун баромад карда, ба Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос карданд.

26 июн сокинони шаҳри Хоруғ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияту ифтихори бузург пазироӣ намуданд.

ХоругШумораи зиёди сокинони шаҳр, пиру барно бо садои доира ва гулу гулдаста ба пешвози Пешвои миллат баромаданд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ ­Раҳмон ба ҳайси Пешвои миллат, ки ифодаи иродаи ин мардум буд, бори нахуст ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қадам ранҷа менамояд ва хоруғиён хуб дарк менамоянд, ки аз сафари нахустини Сарвари давлат ба шаҳри Хоруғ то сафари нахустини ӯ ҳамчун Пешвои миллат ба ин шаҳр, даҳҳо маротиба сатҳи зиндагии мардум боло рафта, Бадахшон ба «Дарвозаи тиллоии Тоҷикистон» табдил ёфтааст.

 26 июни соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ бинои толори муосири варзиширо ба истифода дод.

Он аз толори барҳавои дорои 60 ҷойи нишаст барои тамошобинон ва биноҳои ёрирасон иборат аст. Имкон аст дар ин ҷо чорабиниҳои варзишӣ, аз қабили волейболу, баскетбол, гӯштин, тенниси рӯи миз ва маҷлису семинарҳо, ҷамъомадҳову чорабиниҳои фарҳангӣ гузаронида шавад.

Арзиши лоиҳавии иншооти мазкур 2 миллиону 55 ҳазор сомонӣ буда, корҳои сохтмониро пудратчӣ — Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шариф» иҷро кардааст ва дар вақти сохтмон 38 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шудаанд.

Тавре маълум гардид, бинои толори варзишӣ як қисми бозори наздисарҳадии маҳаллаи Тем аст, ки дар назди марз бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бунёд шудааст.

Ҳадафҳои аслии бунёди толори варзишӣ рушди соҳаи варзиш, таъмини солимии ҷомеа ва таҳкими дӯстии мардуми тоҷику афғон мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба сохтмончиён барои бунёди чунин як иншооти муҳими варзишӣ арзи сипос намуда, ҷавононро ба тарбияи рӯҳу ҷисми солим ҳидоят кард.

26 июни соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои ­миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ барои сохт­мони бинои 12-ошёна санги асос гузошт.

Лоиҳаи бинои мазкур аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Меъмор-2002» омода гардида, дар он филиали Ҷамъияти саҳомии «Ориёнбонк», меҳмонхона барои 200 ҷой, толори ороишӣ, ҳавзи шиноварӣ, толорҳо барои гузаронидани нишастҳо ва тарабхона ҷойгир карда мешавад.

Тибқи лоиҳа дар бинои мазкур утоқҳои махсуси замонавӣ барои қабули меҳмонони олимақом ва намояндагони давлатҳои гуногун низ бунёд мегардад. Ба иттилои масъулин, ин нахустин бинои 12-ошёна хоҳад буд, ки дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёд мешавад.

Пас аз анҷоми корҳои сохтмонӣ то 100 нафар шаҳрванди вилоят дар ин ҷо соҳиби ҷойи кори доимӣ мегарданд. Тавре маълум шуд, сохтмони бино ду сол идома меёбад. Барои иҷрои корҳои сохтмонӣ феълан 200 нафар сохтмончӣ аз ҳисоби сокинони шаҳри Хоруғ ва дигар ноҳияҳои вилоят ҷалб гардидаанд. Фармоишгари лоиҳаи мазкур Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ориёнбонк» буда, пудратчӣ Идораи сохтмони асосии ҳамин ҷамъият («Ориёнбонк») маҳсуб меёбад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ­Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои саривақтӣ ва босифати корҳо ба сохтмончиён дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

26 июни соли 2016 дар шаҳри Хоруғ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатии Тоҷикистонро дар вазъияти тантанавӣ барафрохта, ҳозиринро бо ин рӯйдоди фараҳбахш шодбош гуфт. Пояи Парчами давлатӣ 30 метр, дарозӣ ва паҳноии матоаш 8 бар 4 метрро ташкил медиҳад.

ПарчамАрзиши лоиҳавии иншоот 300 ҳазор сомонӣ буда, он бо ташаббусу роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд шудааст.

Фармоишгар Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бунёд» мебошад. Дар сохтмони иншоот 24 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шуданд.

Корҳои сохтмонӣ аввали моҳи июни соли 2016 оғоз ёфта, коргарону мутахассисон тавонистанд дар муддати хеле кӯтоҳ иншоотро бо риояи талаботи меъёрҳои меъморию сохтмонӣ босифат ба анҷом расонданд.

Майдони парчам бо сангҳои ороишӣ ва гулҳои рангоранг зебу зинат ёфтааст. Парафшон гардидани Парчами давлатӣ дар шаҳри Хоруғ ҳамчун муқаддасоти миллӣ ва рамзи Истиқлолияти давлатӣ ба симои шаҳр зебоии тозаро зам намуда, гирду атрофи он ба яке аз ҷойҳои дилфиреб ва писандидаи сокинони шаҳр мубаддал гардид.

 

26 июн, инчунин дар шаҳри Хоруғ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти бинои Маркази сайёҳӣ, эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва рушди соҳибкорӣ оғози расмӣ бахшид.

Иншооти мазкур давоми як сол бо харҷи 2 миллиону 630 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби сармояи хориҷӣ бунёд гардида, дар он шароити муосири хизматрасонӣ фароҳам аст.

Бино сеошёна буда, аз маркази иттилоотӣ ва кумак ба сайёҳон, мағозаҳои фурӯши туҳфа, таҷҳизоти хизматрасонии иҷораи куҳнавардӣ, ҳуҷраи хушкашӯӣ, утоқҳои корӣ, толори баргузории маҷлис ва маркази соҳибкорӣ иборат мебошад.

Марказ метавонад дар як сол ба зиёда аз 5 ҳазор нафар сайёҳ хизмат расонад.

Гуфта шуд, ки бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Маркази сайёҳӣ, эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва рушди соҳибкорӣ беш аз 70 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.

Дар зарфи чанд соли охир дар шаҳру ноҳияҳои вилоят даҳҳо корхонаи хурди ҳунармандӣ, аз ҷумла сехҳои хонагӣ бо грантҳои ҷудонамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфта, боиси бо кори фоидаовар таъмин шудани садҳо зану духтари хонашин гаштааст.

26 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти хатти обгузари Боғевдара — Хоруғ ифтитоҳ бахшид.

Санги асос барои сохтмони хати мазкур аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар соли 2014 гузошта, дар ин давра хатти обгузар аз Боғевдара то шаҳри Хоруғ ба масоҳати 13 километру 250 метр сохта, мушкилоти сокинони шаҳри Хоруғро дар самти таъминот бо оби ошомиданӣ пурра ҳал намуд.

Иқтидори якрӯзаи интиқоли оби ошомидании хати мазкур 15 ҳазор метри мукаабро ташкил медиҳад, ҳол он ки талаботи сокинони шаҳри Хоруғ ба оби ошомиданӣ дар як шабонарӯз ҳамагӣ 7,5 ҳазор метри мукаабро ташкил медиҳад. Яъне, хатти мазкур бо дарназардошти зиёд гардидани аҳолии шаҳр бунёд шуда, даҳсолаҳои дигар метавонад ба сокинони маркази вилоят хизмат расонад.

Корҳои сохтмонӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бунёд» ва «Помир» ба анҷом расида, дар доираи ин тарҳ ҳамчунин ҳавзи нигоҳдории об, таҷҳизоти махсус барои безараргардонии оби ошомиданӣ низ бунёду насб шуданд.

Арзиши лоиҳавии тарҳи мазкур 18 миллиону 737 ҳазор сомонӣ буда, 60 фоизи он маблағҳои грантии Бонки Аврупии Таҷдид ва Рушд ва 40 фоизашро маблағҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳад. Иттилоъ дода шуд, ки дар гузашта танҳо 50 фоизи сокинони шаҳри Хоруғ аз ҳисоби чашмаҳои худҷорӣ бо оби ошомиданӣ таъмин мегардиданду халос.

Ба фаъолият оғоз намудани хатти мазкур мушкилии сокинон бартараф гардида, соли ҷорӣ, ҳамчунин корҳои таъмириву насби қубурҳои нави обгузар дар дохили шаҳр ба маблағи 64 миллион сомонии дигар ҷараён хоҳад гирифт.

Сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 июни соли равон дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон идома ёфт.

Дар фурудгоҳи Отряди сарҳадии Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Ишкошим, роҳбарият ва сокинони шукргузору ваҳдатсарои ин минтақаи дурдасти кишвар Пешвои миллатро бо самимияти баланд ва арҷгузории бепоён истиқбол гирифтанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ин боздид бо вазъи будубоши сарҳадбонон ошноӣ пайдо кард. Соли равон бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мавзеъҳои пешбурди хизмат, бинову иншооти таълимии отряд пурра аз таъмир бароварда шуд.

Ҳамчунин, бо мақсади таъмини амният, пурзӯр намудани дидбонгоҳу шуъбаҳои назорати сарҳадӣ ва расонидани кумаки саривақтӣ дар хати сарҳади давлатӣ гурӯҳҳои махсус таъсис дода шуд. Барои сари вақт ва моҳирона иҷро кардани вазифаҳои ҷангӣ ҳайати шахсӣ бо аслиҳа ва техникаи муосири ҳарбӣ, ки ба шароити кӯҳистон мувофиқ аст, таъмин шудааст.

Зикр кардан бамаврид аст, ки аз моҳи майи соли 2004 масъулияти ҳифзи марзи давлатии Тоҷикистон ба зиммаи хизматчиёни ҳарбии тоҷик вогузор шудааст ва дар ин муддат қариб ҳамаи қисму воҳидҳои марзбонии мамлакат шакл гирифта, ба такягоҳи аслии давлату миллат табдил ёфт. Иттилоъ дода шуд, ки марзбонони шуҷои Отряди сарҳадии Ишкошим хати сарҳади давлатии миёни Тоҷикистону Афғонистонро дар масоҳати 536 километр ҳифз менамояд.

Онҳо бо ҳушёриву зиракии худ намегузоранд, ки амнияту осоиши мардум халалдор шуда, истиқлолияту якпорчагии Тоҷикистони азиз зери хатар монад. Баъд аз шиносоӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури ҳайати шахсии отряд суханронӣ намуда, сарбозону афсарони марзбонро, ки ҳомиёни марзу буми аҷдодӣ ва сипари боэътимоди Ватан мебошанд, ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳният гуфт.

Баъд аз нутқи пурмуҳтавои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон сарбозону афсарони Отряди сарҳадии Ишкошим бо паради ҳарбӣ аз назди Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузаштанд.

Дар доираи боздиди корӣ аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 27 июни соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Ишкошим дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои нави маъмурии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия иштирок намуд.

ИшкошимПешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти иншооти зикршуда, ки бо тарҳу шакли тоза ва мувофиқ ба меъёрҳои сохтмонӣ қомат афрохтааст, оғози расмӣ бахшид ва сокинони ноҳияро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳният гуфт.

Сипас, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон вориди бинои нав гардида, ба сатҳу сифати корҳои анҷомёфтаи сохтмонӣ аз наздик шинос шуд. Зикр шуд, ки бинои кӯҳнаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим ҳанӯз солҳои панҷоҳуми асри гузашта бунёд ёфта, ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ набуд.

Сохтмони бино дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 2012 оғоз гардида, лоиҳаи онро Ҷамъияти саҳомии кушодаи Пажӯҳишгоҳи илмӣ ва лоиҳакашию тадқиқотии «САНИИОСП» таҳия кардааст. Фармоишгари он Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Корҳои сохтмониро пудратчиён ҶДММ «Ориёно – Сорво», ҶДММ «Ҷовид», ҶДММ «Карим К», ҶДММ «Амир Ҳамза» ва ҶДММ «Насби Нур» ба уҳда доранд.

Барои сохтмон ва ҷиҳозонидани иншоот наздики 10 миллион сомонӣ сарф шудааст. Мақсад аз амалисозии ин лоиҳа беҳтар кардани шароити фаъолият барои хизматчиёни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия маънидод гардид.

Масоҳати умумии бинои нав 2 ҳазору 750 метри мураббаъ буда, аз се ошёна ва 36 ҳуҷраи корӣ, даҳлез-миёнсарой, ҳуҷраҳои ёрирасон ва ҷойи либоскашӣ иборат мебошад ва дар онҳо ҳамаи шароити фаъолият фароҳам шудааст. Дар бино, инчунин маҷлисгоҳ барои 180 ҷойи нишаст ва ҳуҷраҳои ёрирасон ҷойгир шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, бобати фаъолияти садоқатмандона ба нафъи халқу Ватан, ба кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дастуру супоришҳои муфид дод.

27 июни соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Ишкошим бо сокинону фаъолони ноҳия мулоқоти самимӣ доир намуд.

Барои вохӯрӣ бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шумораи зиёди мардум ҷамъ омада, Президенти мамлакатро бо самимияти беандоза пазироӣ карданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сокинони ноҳияи Ишкошимро бо дастовардҳо ва ҷашнҳои бузурги умумимиллии барои халқи тоҷик муқаддас — 19 -умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, аз он изҳори қаноат кард, ки мардуми сарбаланди ноҳия бо татбиқи ҳадафҳои созандаи роҳбарияти Давлату Ҳукумати кишвар ба дастовардҳои назаррас дар ҳама соҳа  ноил гаштаанд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз тадбирҳои анҷомдодаи Ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри пешрафту тараққиёти ноҳия таъкид намуд, ки дар замони Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Ишкошим 155 иншооту биноҳои таъиноти гуногун ба маблағи умумии 70 миллион сомонӣ сохта шудааст. Бунёди мактаб ва синфхонаҳои иловагӣ барои 1800 ҷойи нишаст, зиёда аз 51 километр хатти оби нӯшокиву полезӣ, неругоҳи барқи обӣ дар деҳаи Лангар, таҷдиди таҷҳизоти Неругоҳи барқи обии «Намадгут», хатти интиқоли барқ бо зеристгоҳи 35 киловолтаи Птуп – Вранг, азнавсозии зеристгоҳҳои Андаробу Ишкошим, хатти интиқоли барқ аз зеристгоҳи Бизмичи шаҳри Хоруғ то зеристгоҳи Андароби ноҳияи Ишкошим ва дигар иншооти навбунёд аз ҷумлаи дастовардҳои ноҳия дар даврони соҳибихтиёрии кишвар ба ҳисоб мераванд.

Барои пешрафти соҳаҳои мухталифи ноҳия аз ҳисоби Буҷети давлатӣ 230 миллион сомонӣ сарф шуда, дар се соли оянда аз ҳамин ҳисоб бо мақсади идомаи корҳои ободониву созандагӣ боз 100 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Инчунин, ба маблағи қариб як миллион сомонӣ корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ амалӣ гардидаанд. Дар маҷмӯъ, дар бисту панҷ соли сипаришуда аз ҳисоби Буҷети давлатӣ ва лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ 325 миллион сомонӣ маблағгузорӣ шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қабули «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Ишкошим барои солҳои 2016-2020»-ро аз тадбирҳои муҳим дар самти таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии ноҳия ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон маънидод кард. Барномаи зикршуда 134 лоиҳаро дар бар гирифта, барои татбиқи онҳо 220 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки 67 миллиони он аз ҳисоби Буҷети давлатӣ ҷудо карда мешавад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои ноил шудан ба ҳадафҳои гузошташуда ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияи Ишкошим супориш дод, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдори кишвар чораҳои мушаххас андешанд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки аз тарафи Ҳукумати кишвар барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, бахусус маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ноҳияи Ишкошим аз ҳисоби сарчашмаҳои маблағгузорӣ 26 бинои нав ва синфхонаҳои иловагӣ ба маблағи беш аз 9 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Тибқи нақша соли равон аз ҳисоби сарчашмаҳои маблағгузорӣ се бинои нави таълимӣ ба маблағи қариб 4 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода мешавад. Илова бар ин, дар се соли оянда, яъне дар солҳои 2017-2019 ба маблағи даҳуним миллион сомонӣ сохтмони боз се муассисаи таълимӣ бо 800 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.

Маблағгузории соҳаи тандурустии ноҳияи Ишкошим низ солҳои охир афзоиш ёфта, ин нишондиҳанда соли ҷорӣ зиёда аз 5 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 1992-юм 600 баробар зиёд мебошад.

Президенти мамлакат ба масъулини вилоят ва ноҳия дастур дод, ки аз имкони бахши сайёҳӣ, табиати зебоманзар, чашмаҳои шифобахш ва мавзеъҳои таърихӣ барои ҷалби сайёҳон тадбирҳои мушаххас андешанд.

Дар охир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор дошт, ки мардуми сарбаланд ва бонангу номуси ноҳияи Ишкошим минбаъд низ бо заҳмати софдилона ноҳияи худро ободу зебо гардонида, дар пешрафти Ватани азизамон — Тоҷикистон саҳми арзишманди хешро мегузоранд.

Сокинони шукргузори ноҳияи Ишкошим дар назди Сарвари давлат суханронӣ карда, ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои талошҳои созанда, таъмини шароити арзандаи кору зиндагӣ, ҳалли мушкилоти иҷтимоию иқтисодии мардум ва дигар ғамхориҳои рӯзафзун изҳори сипос намуданд.

Дар чаҳорчӯбаи сафар ба ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 27 июни соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳия бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 21 оғози расмӣ бахшид.

Дар макони гузоштани санги асос, лоиҳаи сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21 барои 480 ҷой муаррифӣ шуд.

Лоиҳаи мазкур аз 16 синфхонаи таълимӣ, лингофонӣ-компютерӣ ва синфхонаи технологӣ иборат хоҳад буд. Китобхонаву толорҳои хониш, толори варзишӣ бо 300 ҷойи нишаст ва маҷлисгоҳ барои 260 ҷой низ дар доираи ҳамин лоиҳа бунёд мешаванд.

Фармоишгари иншоот Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Барои сохтмони иншооти мазкур 1,8 гектар замин ҷудо гардида, дар лоиҳа майдони футбол, майдончаҳо барои волейбол, баскетбол ва теннис пешбинӣ гардидааст.

Сарвари давлат ҳини шиносоӣ ба фармоишгару сохтмончиён дастур дод, ки дар сохтмони бино ба саҳлангорӣ роҳ надода, ба сифати корҳо аҳамияти махсус зоҳир кунанд, зеро иншоот бояд солҳои тӯлонӣ ба фарзандони сокинони ноҳия хизмат намояд.

Бегоҳи 27 июни соли 2016 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо тантанаҳои бошукӯҳи идона таҷлил карда шуд.

27329880253_abb2e22cdc_oСарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ бори дигар мардуми ҷамъомада ва кулли сокинони Тоҷикистонро бо солгарди 19-уми ин рӯзи таърихӣ табрику таҳният гуфта, ҳамаро ба посдори арзишҳои волои ваҳдату ягонагӣ, сулҳу осоиш, оромию субот ва пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз ҳидоят намуд.

Дар суханронӣ, аз ҷумла зикр гардид, ки «Роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ки мо бо он устуворона пеш рафта истодаем, воқеан далели барҷастаи пирӯзии ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулгароӣ, ягонагии халқ ва ҳокимияти сиёсӣ маҳсуб меёбад.

Ин дастоварди нодир ҳоло ба ҳайси ҷузъи таркибии суннати таҳаммулгароӣ дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон нақши бузург дорад.»

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки «Ваҳдати миллӣ ва таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон аз ҷумлаи сабақҳои басо арзишмандест, ки дар дохили кишвар ва дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди қабулу омӯзиш қарор гирифт.

Аз ин рӯ, ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик бозёфти арзишмандтарин мебошад, зеро он барои амалӣ гардидани ормонҳои халқамон, ки бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ буданд, заминаи воқеӣ гузошт».

Сарвари давлат, ҳамчунин аз иқдомоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вусъат бахшидани бунёдкориву созандагӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ёдовар шуда, изҳор дошт, ки «Танҳо дар се соли охир барои рушди вилоят беш аз як миллиарду ҳафтсад миллион сомонӣ масраф гардидааст.

Солҳои наздик дар вилоят татбиқи даҳҳо лоиҳаи давлатии сармоягузории нав ба маблағи садҳо миллион сомонӣ барои таҷдиди роҳҳо, бунёди неру­гоҳҳо ва таҷдиди шабакаҳои обрасонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки бешубҳа, боиси боз ҳам беҳтар гардидани некуаҳволии сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хоҳад шуд».

Тантанаҳои бошукӯҳи Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо барномаи театрикунондашудаи саршор аз арҷгузорӣ ба фазои сулҳу осоиштаи Ватани азиз ва базму тарабу дилхушӣ идома ёфт.

Ёдовар мешавем, ки дар ин чорабинӣ аҳли зиё, намояндагони фаъоли шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва меҳмонон аз 17 давлати дунё иштирок намуданд.

Барномаи театрикунондашудаи аҳли ҳунару фарҳанги ҷумҳурӣ, ки аз нигоҳи сатҳ ва муҳтаво беҳтарин

дониста шуд, ба кулли иштирокдорон писанд омад.

28 июни соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот кард.

Пеш аз натиҷагирӣ аз сафари бобарору созандаи корӣ дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Ванҷ, Рӯшон, Шуғнону Ишкошим, ки аз 25 то 28 июн ҷараён дошт, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро бо ҷашнҳои умумимиллӣ — 19 — умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 25 — солагии Истиқлолияти давлатӣ табрику таҳният гуфт.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пазироии самимии сокинон ва вусъати корҳои созандагии мардуми заҳматкаши вилоят изҳори қаноатмандӣ намуд.

Зимни таҳлили вазъи рушди иқтисодиву иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар барои пешрафти вилоят зиёда аз 7 миллиард сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби Буҷети давлатӣ 2,8 миллиард сомонӣ ҷудо гардидааст. 30 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 2 миллиард сомонӣ мавриди татбиқ қарор дорад. Барои сохтмон ва таҷдиди роҳҳои мошингард, рушди соҳаҳои энергетикаву кишоварзӣ, таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, ислоҳот ва рушди соҳаи маориф бошад, татбиқи 9 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии як миллиард сомонӣ идома дорад.

Таъкид гардид, ки аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2007 инҷониб дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят ба маблағи 414 миллион сомонӣ корҳои бунёду барқарорсозии 75 иншооти муҳимро ба роҳ монда, аз ин ҳисоб то имрӯз 59 иншоотро бо харҷи 337 миллион сомонӣ ба истифода супоридааст ва корҳо дар иншооти дигар идома доранд.

Дар маҷмӯъ, тайи 25 соли Истиқлолият ба буҷети вилоят 914 миллион сомонӣ маблағҳои субвенсионӣ дода шудаанд ва барои солҳои 2016-2018-ум иловатан дар ҳаҷми 486 миллион сомонӣ ҷудо кардани маблағ пешбинӣ гардидааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз оқибатҳои фоҷиабори офатҳои табиӣ зикр намуд, ки соли 2015 офатҳои табиӣ, аз ҷумла омадани сел ва заминларза ба ноҳияҳои вилоят хисороти молиявии беш аз 131 миллион сомониро ташкил кард, 867 хонаи истиқоматӣ, аз ҷумла 254 хона пурра ва 613 хона қисман хароб шуд. Бо дастгирии саривақтии Ҳукумати мамлакат 115 хонаи истиқоматӣ, иншооти инфрасохторӣ ва роҳи харобгардидаи мошингарди байналмилалии вилоят ба маблағи зиёда аз 50 миллион сомонӣ сохта, барқарор карда, мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар доираи татбиқи «Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар давраи то соли 2015» дар вилоят 48 корхона ва 62 коргоҳи хурди саноатӣ фаъолият дорад, илова бар ин, дар давоми соли 2016 бунёди 20 корхонаву коргоҳи нав бо садҳо ҷойи нави корӣ ба нақша гирифта шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси вилоят, роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва дигар сохтору мақомоти марбутаро вазифадор кард, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда, хусусан сарватҳои табиии ҳудуди вилоят, барои бунёди коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷудаи саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мунтазам чораҷӯйӣ намоянд.

Ҳамчунин, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ супориш дод, ки баҳри татбиқи барномаҳои давлатӣ ва ҳалли мушкилоти иҷтимоию иқтисодии сокинон тадбирҳо андешида, аз натиҷааш ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот диҳанд.

Дар рӯзи чоруми сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар фурудгоҳи шаҳри Хоруғ бо иштироки хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Гарнизони шаҳри Хоруғ расми гузашти низомӣ ва намоиши техникаҳои ҳарбӣ доир гардид.

Хоруг1Дар оғоз Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Гарнизони шаҳри Хоруғро ба солгарди 19-уми Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, онҳоро ба хизмати содиқонаи халқу Ватан ва содиқ мондан ба савганди ҳарбӣ ҳидоят намуд.

Дар майдони ҳавоии фурудгоҳи Хоруғ техникаҳои зиреҳпӯши ҷангию нақлиётӣ, артиллерияҳои худгард, навъҳои мухталифи тӯп ва дигар лавозимоти ҷангие, ки ҳайати ҷузъу томҳои ин гарнизон мусаллаҳу муҷаҳҳаз гардидааст, ба намоиш гузошта шуд.

Тавре зикр гардид, бо мақсади назорату пурзӯр намудани минтақаҳои масъулиятноки кишвар дар хатти якуми дифоъ сарҳадбонони тоҷик ва дар хатти дуюми дифоъ бошад, қувваҳои асосии мудофиавӣ- ҷузъу томҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда шудаанд, ки дар сурати таҳдиди хатар метавонанд ба душман зарбаҳои қатъӣ зананд.

Ёдовар мешавем, ки аз соли 2004 масъулияти ҳифзи марзи давлатии Тоҷикистон ба зиммаи хизматчиёни ҳарбии тоҷик вогузор карда шудааст ва дар ин муддат ҳамаи қисму воҳидҳои марзбонии мамлакат шакл гирифта, имрӯз ба такягоҳи пуриқтидори давлату миллат табдил ёфтааст.

Ҳукумати Тоҷикистон бо назардошти вазъи ҷаҳони муосир ва бо мақсади мустаҳкам намудани заминаҳои моддиву техникӣ, таъмини воҳидҳои махсус ва ҷузъу томҳои ҳарбӣ бо таҷҳизоту техникаи замонавии ҳарбӣ ва муҳимоти ҷангӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоии ҳайати шахсӣ ва фароҳам овардани заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои фаъолияти самараноки онҳо мунтазам чораҷӯйӣ карда, аз ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда истифода менамояд.

Сипас, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи шаҳри Хоруғ сокинони вилоят бо шукӯҳу шаҳомати хоса ва самимияти беандоза гусел намуданд.

www. president. tj