Сафари кории Сарвари давлат ба вилояти Хатлон

№111 (4061) 14.09.2019

(Идома аз шумораи гузашта)

ноҳияи Данғара 

12 сентябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон ба ноҳияи Данғара ташриф оварданд.

Дар ин ноҳияи аграрии мамлакат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо шукӯҳу шаҳомати хоса истиқбол гирифта, аз ҷониби аҳли ҳунар барномаи фарҳангӣ манзур гардонида шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Данғара нахуст бо маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаҳои саноатии вилояти Хатлон шинос шуданд.

Зикр шуд, ки дар 7 моҳи соли 2019 дар вилояти Хатлон 41 корхона ва коргоҳи саноатӣ бо таъсиси наздик ба 600 ҷойи корӣ ба истифода дода шудааст. Дар ин давра истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 4 миллиарду 921 миллион сомонӣ расида, афзоиш дар сатҳи 110,5 % таъмин гардидааст.

Инчунин, қайд шуд, ки таъсиси коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ ва афзоиш ёфтани истеҳсоли маҳсулот боиси ба шуғли доимӣ фаро гирифтани мардум ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунандаву қонеъсозии талаботи бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти саноатӣ гардид. Оянда бунёду ба истифода додани иншооти нави саноатӣ ва зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда марҳила ба марҳила амалӣ хоҳад шуд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар доираи яке аз ҳадафҳои стратегӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат масъулинро барои таъмини рушди беш аз пеши соҳаи саноат вазифадор намуданд.

Сипас, бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи коркарди шир ба фаъолият оғоз намуд.

Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шири Данғара» 11 намуди маҳсулот, аз ҷумла қаймоқ, ҷурғоти хонагӣ ва 3 намуд кефири мевагӣ, творог, чакка ва шир истеҳсол карда мешавад.

Иншооти саноатӣ аз тарафи соҳибкор Баҳром Олимов бунёд ёфтааст.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорон барои мусоидат дар татбиқи ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда изҳори сипос намуданд.

Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шири Данғара» 25 нафар сокини маҳаллӣ ба ҷойи кор фаро гирифта шудаанд. Оянда низ дар нақша аст, ки аз тарафи соҳибкор фермаи чорвои калони шохдор бунёд мегардад. Бо ин мақсад 100 сар гови зотӣ ворид карда мешавад.

Бар илова, бунёду ба истифода додани корхонаҳои хурди истеҳсоли яхмос, ҳасиб ва коркарди гӯшт ҳам дар назар аст.

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Данғара бинои Кумитаи идораи заминро дар вазъияти тантанавӣ ба истифода доданд.

Дар он сохторҳои зертобеи дар ноҳияи Данғарабудаи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи меъморӣ ва шаҳрсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд.

Иншоот аз панҷ ошёна иборат буда, дорои 30 утоқи корӣ, синфхонаи омӯзишӣ, утоқи истироҳатӣ, маҷлисгоҳ, меҳмонхона, идораи бойгонӣ, ошхона, ҳуҷраи техникӣ ва ғайра мебошад. Инчунин, дар он ҷиҳати фароҳамсозии шароити арзандаи корӣ техникаву дастгоҳҳои муосир барои фаъолияти кормандон насб карда шудааст.

Бино бо риояи унсурҳои хоси миллӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёд гардида, барои дар ҳама фасли сол таъмин намудан бо неруи барқ трансформатори иқтидораш 16 кВ насб карда шудааст.

Бинои зикршуда, дар доираи омодагиҳо ба истиқболи ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» сохта шудааст.

Аснои ба истифода супоридани иншоот, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони сох­торҳои таркибии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи меъморӣ ва шаҳрсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои иҷрои саривақтии масъулияти бардӯшдошта ва хизматрасонии сатҳи баланд ба мардум вазифадор карданд.

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 7-уми шаҳраки Данғараи ноҳияи Данғара Маркази хизматрасонии «Умед»- ро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Дангара (1)Он дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Далер Қунғуротзода бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замон сохта шудааст.

Иншоот аз 3 ошёна иборат буда, дорои ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, тарабхона, ошхона, коргоҳи дӯзандагӣ ва мағоза мебошад.

Аснои шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар ошёнаи якуми маркази хизматрасонӣ, мағозаи фурӯши маҳсулоти хӯрока, ҳаммоми замонавӣ ва ҳавзи оббозӣ, дар ошёнаи дуюм, сартарошхона, кошонаи ҳусн, толори фурӯши либосҳои арӯсӣ, коргоҳи дӯзандагӣ, мағозаи фурӯшӣ либосҳои мактабӣ ва миллӣ ҷойгир шудааст.

Дар коргоҳи дӯзандагӣ айни замон 16 нафар зан ба кор ҷалб гардидаанд, ки қаблан хонашин буданд.

Ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагиро занону бонувон нишона аз татбиқи амалии «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» маънидод намуданд.

Дар маҷмӯъ, дар Маркази хизматрасонии «Умед» 40 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Ошёнаи сеюми иншоот, ки барои баргузории тӯю маъракаҳо пешбинӣ шудааст, имкон дорад дар як вақт ба 150 нафар хизмат расонад. Дар мавридҳои дигар ҳамчун ошхона барои аҳолӣ ва меҳмонон хизмат хоҳад кард.

Тарабхонаи маркази навбунёд бо ороишоти худ муаррифгари санъати баланди меъмории миллӣ ба меҳмонон, хоса, сайёҳон, мебошад.

Дар ҳамон ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи нек ба беш аз 70 нафар ятими кулл аз ноҳияҳои Данғара ва Ҳамадонӣ туҳфаҳои идона тақдим намуданд.

Сарвари давлат таъкид карданд, ки таваҷҷуҳи Давлату Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба таълиму тарбияи насли наврас, бахусус, ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои ниёзманд, сол то сол зиёд мегардад ва ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил, кору фаъолият, зиндагии мустақилонаи онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

Он рӯз шодию нишоти ятимонро ҳадду канор набуд, зеро онҳо шахсан аз дасти Роҳбари ғамхору раъиятпарвари хеш кумаки яквақтаинаи молиявӣ ва дигар туҳфаҳои арзишманд гирифтанд.

Боиси хурсандӣ аст, ки дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Сарвари давлат ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорону шахсони саховатпеша низ ба ятимону кӯдакони бепарастор ғамхорӣ зоҳир карда, дар арафаи иду ҷашнҳо ба онҳо дасти хайру сахо дароз менамоянд.

Пас аз шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар маркази хизматрасонӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми бунёдкоронаи соҳибкори маҳаллӣ баҳои баланд ва ҷиҳати дар оянда низ даст задан ба чунин корҳои ободонию созандагӣ тавсияҳои муфид доданд.

Дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Хӯшаи гандум» — ро ифтитоҳ намуданд.

48721735431_ff72bab1e4_oСутунпояи рамзи «Хӯшаи гандум» 33 метр ва андозаи хӯшаи гандум 10 метрро ташкил медиҳад. Дар қисми болоии рамз соли таъсисёбӣ ва номи ноҳияи Данғара бо ҳарфҳои зарҳалӣ навишта шудааст.

Иншоот аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти олии Давлату Ҳукумати мамлакат ба истиқболи сазовори ҷашни умумимиллии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи нақша — чорабиниҳои «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» сохта шудааст.

Данғара, ки аз ноҳияҳои аграрии мамлакат ба шумор меравад, дар истеҳсоли зироати ғалладонагӣ, аз ҷумла, гандум пешқадам мебошад. Ҳар сол аз заминҳои ҳосилхези он ҳазорҳо тонна гандум ба даст меояд. Маҳз ба ин хотир, рамзи «Хӯшаи гандум» сохта, ба истифода дода шуд ва қомат афрохтани он дар даромадгоҳи ноҳия нишона аз фаровонии ин номгӯи маҳсулоти кишоварзӣ дар мамлакат мебошад.

Рамзи «Хӯшаи гандум» бо истифода аз масолеҳи баландсифати сохтмонӣ ва бо тарҳи ҷолиби диққат аз ҷониби меъморон ва сохтмончиёни маҳаллӣ дар як давраи кӯтоҳ сохта шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, иқдоми созандаи соҳибкорони ватандӯстро намунаи ибрат хонданд ва ифтитоҳи иншоотро дар рӯзҳои таҷлил аз 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи арзишманд барои сокинони ноҳия маънидод намуданд.

Масоҳати умумии майдони рамзи «Хӯшаи гандум» ҳазор ­метри мураббаъро ташкил медиҳад. Ҳудуди он бо ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабз ва гулу буттаҳо оро дода шудааст.

Атрофи майдони иншоотро шабона 30 адад чароғаки ранга равшанӣ мекунад ва ба атроф зебогии дигар зам менамояд.

Дар заминаи корҳои созандагӣ, ҳамчунин, роҳи шафати рамзи «Хӯшаи гандум» аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ мутобиқ ба талаботи замон пурра таҷдиду навсозӣ ва як пул бо дарозии 18 ва паҳноии 13 метр сохта шудааст, ки иқтидори борбардории он 100 тоннаро ташкил медиҳад.

Дар деҳоти «Оқсу» — и ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи автомобилгарди аҳамияти маҳаллидоштаро, ки деҳаҳои Боғпарвар ва Баҳорро ба ҳам мепайвандад, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Дарозии он 4 километр ва паҳноиаш 5 метрро ташкил медиҳад. Он дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба хотири сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Қиёмиддин Чориқулов таъмиру навсозӣ гардидааст.

Барои анҷоми корҳо — тахту ҳамворкунӣ, мустаҳкамсозии қабати роҳ ва асфалтпӯшгардонӣ техникаву механизми роҳсозии Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Данғара истифода шудааст. Сохтмончиён ба сифати масолеҳ ва иҷрои корҳои таъмирӣ аҳамияти махсус додаанд.

Корҳои таъмирӣ дар он се моҳ идома ёфт. Дар ин давра наздик ба 30 нафар сохтмончии маҳаллӣ ба кор ҷалб гардидаанд. Роҳ дар доираи талаботи меъёрҳои муқарраргардида таъмир шудааст ва бо аломатҳои танзимкунандаи ҳаракати воситаҳои нақлиёт таъмин мебошад.

Ба Президенти мамлакат иттилоъ дода шуд, ки ба хотири истиқболи сазовори ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара беш аз 110 километр роҳ навсозӣ гардидааст ва дар зиёда аз 20 километр роҳи дигар корҳои таъмирӣ бомаром идома доранд.

Дар ду соли оянда аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Қиёмиддин Чориқулов дар деҳаҳои деҳоти «Пушинг» — и ноҳия таъмиру навсозии боз 5,5 километр роҳ ба нақша гирифта шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон иқдоми пешанамудаи соҳибкори маҳаллиро шоистаи таҳсин ҳисобиданд ва ба ӯ барои анҷоми кори хайру савоб, инчунин саҳм гузоштан дар ободии мамлакат изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Баҳори деҳоти «Оқсу» бинои Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии ноҳияи Данғара» — ро ифтитоҳ намуданд.

48721764346_3604822db6_oОн, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 — уми августи соли 2019 дар заминаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 57 таъсис ёфтааст, барои ба омӯзиш фаро гирифтани ҷавонону наврасон ва сокинони бешуғли мамлакат ба ихтисосҳои системаи компютерӣ ва интернет — технология, челонгар оид ба таъмири муҳаррики автомобил бо иловаи ронандаи дараҷаи «С», монтёри барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизоти барқӣ, кафшергари газию барқӣ, дӯзанда, ошпаз — қаннод, калобаресӣ ва рангубордиҳӣ дар саноати субук ва ғайра пешбинӣ гардидааст.

Бинои муассиса бо маблағгузории соҳибкорони маҳаллӣ Қиёмиддин Чориқулов ва Абдусаттор Сафаров мутобиқ ба талаботи муосир пурра навсозӣ, таъмир ва бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардидааст.

Иншоот аз ду ошёна ва се қисм иборат буда, дорои 14 синфхона, утоқҳои корӣ, толори муосири варзишии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ, ошхона, маҷлисгоҳ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.

Дар он имкон аст, ки дар як баст 300 хонанда ба таълим фаро гирифта шавад. Хонандагон баъди хатми синфи 9 ва 11 қабул карда мешаванд. Дар назди муассисаи таълимӣ, ҳамчунин, курсҳои кӯтоҳмуддат амал мекунанд, ки шахсони бешуғл метавонанд дар онҳо барои касбомӯзӣ ҷалб гарданд.

Синфхонаҳои таълимию касбомӯзӣ бо аёниятҳои хониш ва дастгоҳҳои зарурӣ, аз қабилӣ муҳаррик ва ҷузъҳои автомобил, таҷҳизоти барқию газӣ, мошинаҳои дарздӯзӣ, компютер ва дигар лавозимот таъмин аст.

Дар муассиса озмоишгоҳҳои фаннӣ амал мекунанд, ки ҳар кадом бо дастгоҳу таҷҳизоти ташхисӣ муҷаҳҳаз гардидааст.

Дар ин муассисаи таълимӣ ҷавонону наврасон ва нафарони калонсоли бешуғл аз ҳама шаҳру ноҳияҳои мамлакат метавонанд таҳсил намуда, соҳиби касбу ҳунар гарданд. Барои сокинони шаҳру ноҳияҳои дурдаст дар назди муассиса хобгоҳи наву замонавӣ бунёд карда шудааст, ки аз 10 ҳуҷраи хоб ва утоқу иншооти дигар иборат буда, барои писарон ва ҳам духтарон пешбинӣ гардидааст.

Зимни суҳбат бо масъулону омӯзгорон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истифодаи самаранок аз имконоти мавҷуда ва аҳамият зоҳир намудан ба сифати таълимро муҳим ва ҳатмӣ шумориданд.

 Дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз майдони кишоварзии хоҷагии деҳқонии «Баҳористон» — и деҳоти «Оқсу» дидан намуда, ба ҷамъоварии пахта оғоз бахшиданд.

Хоҷагии мазкур дорои 6,67 гектар замини обӣ мебошад, ки дар 6 гектари он пахта кишт шудааст. Дар заминҳои боқимонда дигар навъи зироати кишоварзӣ, аз ҷумла, дар майдони 0,32 гектар сабзавот, 0,15 гектар картошка ва 0,20 гектар зироати полезӣ кишт намудаанд.

Нашъунамои ниҳоли пахта дар хоҷагии деҳқонии «Баҳористон» хуб аст ва аз рӯи нишондоди олимони соҳа ҳосилнокии он ба беш аз 40 сентнер хоҳад расид.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба нашъунамо ва ҳосилнокии пахта дар хоҷагӣ баҳои баланд дода, хоҷагидоронро дар оянда низ ба меҳнати ҳалол ва риояи пайвастаи талаботи муқарраргардида ҳидоят намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки пахтаи навъи Хуҷанд — 67, ки ҳар сол дар ин ҷо кишт мешавад, ба иқлими ноҳия, аз ҷумла, заминҳои хоҷагии деҳқонии «Баҳористон» мувофиқ аст.

Дигар хоҷагидорони деҳоти «Оқсу» низ таҷрибаи бойи пахтакорӣ доранд. Ба Президенти мамлакат иттилоъ дода шуд, ки майдони пахтазори деҳот соли равон ба беш аз 950 гектар расонида шудааст.

Кишоварзони хоҷагии деҳқонии «Баҳористон», ки дар кишту парвариши дигар навъи зироат низ таҷрибаи ғанӣ доранд, дар таъмини бозори истеъмолии мамлакат бо маҳсулоти тару тозаи ватанӣ саҳми назаррас мегузоранд. Аз хоҷагӣ то кунун картошка, пиёз ва дигар навъи сабзавот ҷамъоварӣ ва дар заминҳои холигардида кишти такрорӣ гузаронида шудааст.

Хоҷагидорон дар заминҳои кишоварзӣ кишти 3 — юмро низ таҷриба гузаронида, аз он ҳосили дилхоҳ ба даст овардаанд. Имсол кишоварзони хоҷагӣ аз майдони 0,15 гектар ҳосили картошкаро ҷамъоварӣ карда, дар ҷойи он помидор кишт намуданд. Баъди ҷамъоварии ҳосили помидор пиёз коштаанд ва аз он низ ҳосили хуб ба даст оварданианд. Дар хоҷагӣ 150 оилаи занбӯри асал низ парвариш карда мешавад.

Ҳамон ҷо аз ҷониби сокинони меҳанатдӯсти деҳоти «Оқсу» намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда шуд, ки аз он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дидан намуданд.

Дар деҳоти «Оқсу» 3491 гектар замини корам, аз ҷумла 1970 гектар корами обӣ ва 907 гектар боғ мавҷуд аст. Дар заминҳои кишоварзӣ сокинон қариб ҳама намуди зироатро кишту парвариш намуда, ҳосили фаровон ба даст меоранд. Онҳо бо риояи талаботи қоидаҳои агротехникӣ, истифодаи самараноку оқилонаи замин ва бо ба даст овардани ҳосили дилхоҳ дар таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ, содироти он ба хориҷи мамлакат саҳми арзанда мегузоранд. Имсол аз деҳоти «Оқсу» 500 тонна маҳсулот ба хориҷа содирот шудааст, ки ин нишондод нисбат ба соли гузашта 150 тонна зиёд мебошад.

Дар намоишгоҳ, сокинони деҳоти «Оқсу» номгӯи гуногуни ҳосили зироати кишоварзӣ, аз қабили ғалладонагиҳо, сабзавоту полезӣ ва ғайраро ба тамошо гузошта буданд. Фаровонӣ ва сифати баланди маҳсулоти намоишгоҳро Сарвари давлат натиҷаи меҳнати ҳалол, истифодаи самараноку оқилонаи ҳар ваҷаб замин ва малакаи баланди касбии кишоварзон маънидод намуданд.

Дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳрак майдончаҳои муосири варзишӣ ва бозии кӯдаконаро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

48721984347_b244fe1be2_oИншооти варзишӣ аз ҷониби сокинони ватандӯсти ноҳия — оилаи Гуловҳо бо ҷонибдорӣ аз сиёсати иҷтимоӣ ва созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сифати баланд бунёд шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдаконаро ифтитоҳ карда, ба иқдоми сокинони саховатпеша баҳои баланд доданд.

Мавриди зикр аст, ки ба хотири истиқболи сазовори ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара бунёди наздик ба 300 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Танҳо оилаи Гуловҳо иқдом пеш гирифтаанд, ки 4 адад иншоот, аз қабили майдончаҳои муосири варзиширо сохта, ба сокинони ноҳия тақдим намоянд.

Майдончаи варзишӣ барои бозиҳои футбол, волейбол, баскетбол, баргузории бозиҳои кӯдакона, машқҳои пагоҳирӯзӣ ва ташкили машғулиятҳои дастаҳои варзиш пешбинӣ гардидааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо шароити машқу тамрин ва бозиҳои варзишӣ дар он ҷо ба кӯдакону наврасон туҳфаҳо, аз қабили велосипед, тӯбҳои чармии футбол ва бозичаҳои кӯдакона тақдим намуданд.

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара дар вазъияти тантанавӣ бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ бинои муҳташами Қасри фарҳангро ифтитоҳ бахшиданд.

48724957166_4198bd743d_oҚасри фарҳанг аз зумраи иншооти ҷашнии истиқлолият буда, аз тарафи устоҳои ҳунарманду муъҷизаофар дар мавзеи дилфиреб бо тарҳи хеле нодир бунёд шудааст.

Дар бинои Қасри фарҳанг Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо шароити китобхона шинос гардидаанд, ки дар он ба хотири рушди соҳаи китобдорӣ ва ҷалби мардум ба китобхонӣ, китобхонаи электронӣ барои 20 нафар, қироатхона барои 40 нафар, анбори нигаҳдории китоб барои 19 ҳазор адад ва ҳуҷраҳои кории коргарон сохта шудааст.

Дар ошёнаи якум, ҳамчунин, барои фаъолияти пурсамари кормандони Шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ шароити мусоид фароҳам гардидааст.

Иншооти мазкур дорои муосиртарин имконот барои фаъолияти ҳаррӯзаи аҳли фарҳанги ноҳия мебошад.

Дар вақти бунёди бино сохтмончиён тамоми қоидаву талаботи меъёрҳои меъморию сохтмониро ба инобат гирифтаанд. Бо намои берунаи шарқиёна, сутунҳову қандилҳои пурнақшунигор, роҳравҳои зебо, дару деворҳои бо сангҳои ватанӣ ороишёфта, кандакорӣ, гачкорӣ, оинабандишуда Қасри фарҳанг хеле дилкашу назаррабо гардидааст. Иншоот аз 3 ошёна ва таҳхона иборат мебошад.

Дар Қасри фарҳанг осорхонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст.

Дар таҳхонаи бино либосхона, ҳуҷраҳои техникӣ, бойгонии Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ошхона бо 90 ҷойи нишаст, толори варзишӣ, толори фитнес, ҳуҷраи таҷҳизоти варзишӣ ҷой гирифтаанд.

Дар ошёнаи якум, ҳуҷраи маъмурият, ошхонаи хурд барои 20 нафар, толори ақди никоҳ, толори тамошобинон бо 700 ҷойи нишаст ва 2 адад ҳуҷраи машқи раққосон мавҷуд аст.

Ошёнаи дуюм аз нигорис­тон, толори рақси миллӣ, анбори асбобҳои мусиқӣ, ҳуҷраи маҳфили рассомон барои 12 нафар, синфхонаи асбобҳои зарбӣ, толори омӯзиши асбобҳои мусиқӣ, ҳуҷраи муаллимон бо 20 ҷойи нишаст, синфхонаи мусиқӣ барои 20 нафар, маҳфили пазандагии духтарона ва писарона, 2 ҳуҷраи ороишии санъаткорон иборат аст.

Дар ошёнаи сеюм толори маҳфили адибон барои 176 ҷойи нишаст, толори зиёфат барои 140 нафар, ҳуҷраи хизматрасонӣ, осорхона, айвони нишасти тамошобинон аз се тараф барои 210 ҷойи нишаст бунёд гардидааст.

Дар бинои Қасри фарҳанг, ба хотири ҷалби кӯдакону нав­расон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, синфхонаҳои забони русӣ барои 14 нафар, забонҳои хориҷӣ барои 24 нафар, бозиҳои шавқовари шоҳмот ва шашка, компютерӣ барои 20 нафар, конструкторони ҷавон барои 16 нафар ва синфхонаи дӯзандагӣ бо 5 мошинаи дарздӯзӣ ҷойгир аст.

Толори Қасри фарҳанг бо монитори калони электронӣ, таҷҳизоти тақвияти садо ва равшаннамоии саҳна таъмин мебошад.

Масоҳати 12 230 метри мураббаъ майдони атрофи қаср кабудизор карда, дар саҳни ҳавлӣ 413 адад дарахти гуногун шинонда, 3560 метри мураббаъ роҳравҳо сафолакпӯш шудааст.

Шаршара ва фаввораи атроф ба иншоот ҳусни тоза зам кардааст. Хулоса, ин макон ба як ҷойи хеле дилфиреби сайругашти мардум тадбил ёфтааст. Дар гирду атрофи қаср 20 адад курсии чӯбин низ гузоштаанд.

Баъди шиносоӣ бо шароити бино Сарвари давлат ба сохтмончиёну меъморон барои иҷрои босифати корҳо изҳори миннатдорӣ намуданд.

Дар толори Қас­ри фарҳанг Пешвои миллат дар назди сокинону фаъолон суханронӣ карда, мардуми меҳнатдӯсти ноҳияи Данғараро бо ҷашни 28 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ, ба кор андохтани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун дар ноҳия табрику таҳният гуфтанд.

Сипас, барои иштирокчиёни мулоқот аз ҷониби аҳли фарҳанги ноҳия ва ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ барномаи рангини консертӣ баргузор карда шуд.

Дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қасри тозабунёди фарҳанг бо фаъолону сокинон мулоқоти самимӣ доир карданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми инсонпарвар ва меҳмоннавози Данғара барои истиқболи гарму самимӣ ва ҷонибдориашон аз сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар изҳори сипос намуданд.

Сипас, Пешвои миллат ҳозиринро ба муносибати ҷашни Истиқлолият, ба кор даровардани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва ифтитоҳи як қатор иншоот дар ноҳия табрику таҳният гуфтанд.

Президенти мамлакат аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва талошҳову ташаббусҳои Ҳукумат баҳри таъмини зиндагии шоистаи мардум суханронӣ карда, таъкид доштанд, ки барои истиқболи сазовори ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ, дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар ноҳияи Данғара даҳҳо корхонаи хурду миёна, марказҳои хизматрасонӣ ва муассисаҳои иҷтимоӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шуданд, ки имрӯз дар онҳо садҳо нафар бо ҷойи корӣ таъмин гардиданд.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара якҷо бо соҳибкорони ватандӯсти ноҳия бунёд ва таъмиру азнавсозии беш аз 300 иншооти таъиноти гуногунро ба нақша гирифтаанд, ки то ба ҳол сохтмони 124 ададашро ба анҷом расонидаанд. Бунёду навсозии боз садҳо иншооти дигар босуръат идома дорад.

Таъкид гардид, ки бо бунёди иншооти пешбинишуда аз тарафи соҳибкорони саховатпеша бисёр мушкили иҷтимоии аҳолӣ осон ва барои зиндагӣ, кору фаъолияти сокинони ноҳия шароити боз ҳам беҳтар фароҳам мешавад.

Дар иртибот ба корҳои ободониву созандагӣ Президенти мамлакат ба фарзандони бонангу номус ва соҳибкорони ҳимматбаланди ноҳия барои иқдому ташаббусҳои ватандӯстонаашон дар ҷодаи ободонии ин гӯшаи диёр сипосу миннатдории самимӣ баён карданд.

Дар охир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки наврасону ҷавонони ноҳия бо шукронаи соҳибдавлативу соҳибватанӣ ва фазои орому осуда дар баҳри ободиву пешрафти Ватани азиз саҳми боз ҳам бештар мегузоранд.

www.president.tj