Суҳбати телефонӣ бо Александр Лукашенко

№136 (3437) 15.10.2015

Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон 13 октябри соли 2015 бо  Александр Лукашенко, ки такроран Президенти Ҷумҳурии  Беларус   интихоб шуд, суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Александр Лукашенкоро бори дигар ба муносибати пирӯзии боэътимодаш дар интихоботи президентии Ҷумҳурии Беларус  самимона табрику таҳният гуфта, аз нав ба ин мақоми олӣ интихоб шудани ӯро нишонаи боварию эътимоди қавии мардуми кишвараш ба сиёсати пешгирифтаи ӯ маънӣ дод.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки ин хабарро бо шодмонӣ дарёфт ва изҳори бовар намуд, ки ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Беларус ба нафъи ду мардуми дӯсту бародар минбаъд беш аз пеш рушду густариш меёбад.

Сарони ду давлат ҳамчунин доир ба роҳҳои татбиқи амалии нақшаю барномаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Беларус ва атрофи дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судбахш анҷом доданд.

www. president.tj