Таъиноти кадрӣ

№48 (3033) 19.04.2013

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 18 апрели соли ҷорӣ як зумра кадрҳои ба вазифаҳои нави роҳбарӣ пешбаришударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

Зеваршо Зеваршоев муовини вазири кишоварзӣ, Нигина Абдуллоева муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ  Диловар Латипов ректори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва Зафаршо Иброҳимов муовини директори Муассисаи давлатии Осорхонаи миллии Тоҷикистон таъин гардиданд.

Ҳамчунин роҳбарони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Данғара, Носири Хусрав, Турсунзода, Файзобод ва дар хати истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбе иваз карда шуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз масъулияти баланди хизмати давлатӣ, муборизаи беамон бо ҷинояту ҷинояткорӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ аҳли нишастро ба кору хизмати софдилонаю садоқатмандона ҳидоят намуд.

 

www.prezident.tj