Таъиноти кадрӣ

№9 (3959) 22.01.2019

22 январи соли 2019 бо натиҷагирӣ аз маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳ додан ба камбудию норасоиҳои ҷиддӣ дар соҳаи бонкдорӣ ва фаъолияти ҶСК «Тоҷик Эйр» раиси Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» Руҳулло Ҳакимзода ва директори Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр» Хайрулло Раҳимов аз вазифа озод карда шуданд.

Имрӯз дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як қатор кадрҳое, ки ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар сохтору воҳид­ҳои Вазорати молия, Дастгоҳи иҷрои­яи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр» ва дигар идораҳои давлатӣ таъин шуданд, суҳбат намуданд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ ба вазифаи ректори Муассисаи давлатии таълимии  «Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», Саидзода Иззатулло Ҳабибулло — директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҳмадшозода Фарҳод Абдураҳмон — муовини директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалимзод Абдураҳмон Достӣ ва Гулмуродзода Карим Гулмурод ба вазифаи муовинони вазири молия таъин шуданд.

Сарвари давлат ба мутахассисони ба ин вазифаҳо таъиншуда дастур доданд, ки бо истифода аз сатҳи касбӣ ва таҷрибаи андӯхтаашон ба иҷрои содиқонаи вазифаҳо, ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо институтҳои молиявӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва дигар самтҳои фаъолият талош варзанд.

Ҳамчунин, бо қарорҳои Ҳукумати мамлакат Икромӣ Сироҷиддин Салом — раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», Нуралӣ Марҳабо Мир — муовини якум ва Сафарзода Бахтиёр — муовини директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Исматуллозода Дилшод Абдуғаффор — директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр» таъин гардиданд.

Дар асоси амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор кадр­ҳо ба вазифаҳои сардорони раёсатҳо, аз ҷумла, Қурбонзода Исоҷон Ятим — сардори Раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдухолиқзода Лутфия Абдухолиқ аз вазифаи ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» озод ва ба вазифаи сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирзозода Сунатулло Сироҷиддин — сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Наимӣ Аъламхон Қодириён аз вазифаи мудири бахши Раёсати молия озод ва ба вазифаи сардори Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Убайдуллоҳ Амирҷон Маҳмадсаид аз вазифаи муовини сардори раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва ба вазифаи мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ таъин шуданд.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хол Ҳайдар аз вазифаи муовини якуми вазири саноат ва технологияҳои нав озод ва ба вазифаи муовини якуми раиси вилояти Суғд таъин гардид. Ҳамчунин, Шарипов Бахтиёр Маҳмудович муовини якуми вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат кадрҳои навтаъиншударо барои бо дасту дилу нияти пок баҳри волоияти қонун, дар созандагию бунёдкорӣ бо меҳнати садоқатмандонаву софдилона кор кардан ва боло гузоштани манфиати давлату миллат аз манфиатҳои дигар ҳидоят намуданд.

www.president.tj