Вохӯрӣ бо Доналд Туск

№164 (3465) 03.12.2015

12291807_933543406715846_2518395101921355553_oНимаи дуюми рӯзи якуми декабри соли 2015  дар шаҳри Брюссели Шоҳигарии Белгия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Президенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо Доналд Туск мулоқот кард.

Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуданд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат иброз дошт, ки «Тоҷикистон ба таҳкими робитаҳо бо Иттиҳоди Аврупо, ниҳодҳои гуногуни он ва тамоми кишварҳои узви ин ниҳод манфиатдор мебошад ва мо Иттиҳоди Аврупоро ҳамчун шарики муҳим ва боэътимоди хеш дар арсаи байналмилалӣ мешуморем».

Ҷонибҳо аз рушди мунтазами муносибатҳои тарафайн дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, гуманитарию фарҳангӣ ва амниятӣ, тандурустӣ, маориф ва деҳот, қонунгузорӣ ва пойдории демократия изҳори қаноатмандӣ карданд.

Вобаста ба беҳтар намудани сатҳи иқтисодӣ-иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва беҳтар гардидани вазъи амниятӣ ва субот дар ин кишвар, амалӣ намудани лоиҳаю барномаҳои аҳамияти минтақавидошта, ба мисли сохтмони роҳҳои мошингард ва оҳан, кашидани хатҳои барқ, сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ ва бунёди корхонаҳои пуриқтидор дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба манфиати тамоми мардуми минтақа аст, амри зарурӣ дониста шуд

Дар мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин ба масъалаҳои вобаста ба амну суботи минтақаи Осиёи Марказӣ, вазъи амниятӣ дар Ҷумҳурии Исломии  Афғонистон ва хатару таҳдидҳои муосир таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда,  изҳор доштанд, ки муқовимати якҷоя алайҳи ин хатарҳо идома хоҳад ёфт.

 www.president.tj