Зеристгоҳҳои барқии «Шаҳринав» ва «Хонақоҳ» фаъол гардонида шуданд

№144-145 (3445-3446) 29.10.2015

12194986_917101181693402_1163815664078625811_o27 октябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти зеристгоҳҳои барқии «Шаҳринав» ва «Хонақоҳ» дар ноҳияи Ҳисор ҳусни оғоз бахшид.

Бояд тазаккур дод,  ки барои пешгирии талафоти қувваи барқ ва танзими он якҷоя бо сармоягузорони хориҷӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои калонро татбиқ менамояд. Дар доираи лоиҳаи сохтмони навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе — 2», сохтмони зеристгоҳи барқии «Шаҳринав», зеристгоҳи «Хонақоҳ» ва хатти интиқоли барқи 110-киловолта дар ноҳияи Ҳисор бо маблағи 349 миллион доллари амрикоӣ амалӣ мегардад.

Мақсад аз татбиқи лоиҳаҳои зеристгоҳи барқии «Шаҳринав» ва зеристгоҳи «Хонақоҳ» дар ноҳияи Ҳисор кам кардани пурбории зеристгоҳҳои қаблан фаъолиятдошта мебошад.

Ҳамчунин татбиқи лоиҳаи сохтмони навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе — 2» барои таъмини боэътимоди неруи барқ ва гармӣ дар шаҳри Душанбе равона гардида, дар оянда потенсиали саноатӣ ва аграрии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказро баланд мебардорад. Ҳамчунин интиқоли боэътимоди қувваи барқ ба корхонаҳои гуногуни саноатӣ таъмин карда мешавад.

Лоиҳаи мазкур дар асоси ҳамкории самарабахши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати ТВЕА-и Ҷумҳурии Халқии Хитой бунёд гардидааст. Дар бунёди лоиҳаҳои соҳаи энергетикаи мамлакат зиёда аз сад нафар бинокорони маҳаллӣ якҷоя бо намояндагони Ширкати ТВЕА-и Ҷумҳурии Халқии Хитой саҳм гузоштаанд.

Арзиши лоиҳавии се иншооти бунёдгардида, 22,5 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Таҷҳизоти асосӣ ё қудратӣ ва муҳофизавию идоравӣ дар Ҷумҳурии Халқии Хитой истеҳсол гардидааст.

Ин дастгоҳҳо афзалиятҳои хеле зиёд доранд. Истифодаи содаю бехатар, дарозумрӣ ва каммасрафӣ аз бартариятҳои асосии ин дастгоҳҳо ба ҳисоб мераванд. Ин дастгоҳҳо бе тармими куллӣ солҳои зиёд хизмат хоҳанд кард ва хароҷоти тармиму навсозӣ ба маротиб кам мешавад. Таҷҳизоти нав тариқи компютер идора карда шуда, дар сурати рух додани садама ҳангоми интиқоли барқ он дар муҳлати кӯтоҳтарин муайян ва бартараф карда мешавад.

Таҷҳизоти асосии дастгоҳи тақсимкунандаи қувваи барқ, кабелу ноқилҳои баландшиддати зеристгоҳи «Шаҳринав» ва «Хонақоҳ» ва таҷҳизоти муҳофизатию назоратӣ аз санҷишҳои техникӣ гузаронида шудаанд.

Ҳамчунин барои интиқолу пайваст намудани зеристгоҳҳои барқии «Шаҳринав» ва «Хонақоҳ»- и ноҳияи Ҳисор дар доираи лоиҳа хатти интиқоли барқ дар масофаи 10,8 километр кашида шудааст.

Зеристгоҳҳои барқии «Шаҳринав» ва «Хонақоҳ» дар ноҳияи Ҳисор барои интиқол ва пешгирии талафоти қувваи барқ саҳми калон дошта, дар арафаи Ҷашни 3000 – солагии Ҳисор туҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони ноҳия мебошад.

www.president.tj