2024 - «Соли маърифати ҳуқуқӣ»

Маърифати ҳуқуқӣ — асоси ҷомеаи мутамаддин

№43 (4783) 07.04.2024

Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ дар соли 1991, мутаассифона, роҳбарияти онвақтаи ҷумҳурии мо фурсати мусоиди муттаҳид кардани мардум ва ободу мутараққӣ намудани кишварро аз даст доданду мамлакат ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд.

Хушбахтона, дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шурои Олӣ интихоб намуданд. Дар ин иҷлосия Сарвари тозаинтихоби давлат омодагии худро барои таъмини сулҳ, сарҷамъии миллат, бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ иброз доштанд. Ин иродаи неки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон умеди мардуми азияткашидаи ҷумҳуриро ба ояндаи шукуфону дурахшон афзун гардонид.

 Маҳз, дар ҳамон иҷлосия бо мақсади таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи конс­титутсионӣ таъсис дода шуд. Баъди ба муҳокимаи умум гузоштани лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6-уми ноябри соли 1994 ин санади муҳим бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси нақши Конститутсия дар пешрафти мамлакат чунин иброз дош­танд: «Конститутсия ҳамчун бахтномаи миллат ва санади бунёдии сиёсӣ роҳи минбаъдаи пешрафту тараққиёти давлати озоду демократии моро муайян менамояд. Воқеан, Конститутсия дар рушду тараққиёти давлат ва ҷомеа нақши муассир мебозад ва асос барои инкишофи тамоми соҳаҳои ҷамъиятӣ мегардад».

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи асосиро ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ташкил медиҳад. Аз се як ҳиссаи он (аз моддаи 14 то 47) ба масъалаи мазкур бахшида шуда, баёнгари пуштибонии амиқи давлат аз манфиатҳои шаҳрвандонаш мебошад.

Як бахши мустақили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро дар Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ (моддаҳои 27, 28, 29, 30, 31) ташкил медиҳанд, ки дар маҷмӯъ, барои иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии давлатӣ мусоидат менамояд.

Мувофиқи муқаррароти қисми 1 моддаи 6 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ менамояд. Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот ба ҳисоб меравад.

Дар моддаи 41 ҳуқуқ ба таҳсил баён шудааст. Мутобиқи он давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ кафолат медиҳад. Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун дар муассисаҳои таълимии давлатӣ метавонад ройгон таълими миёнаи умумӣ, ибтидои касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ бигирад. Шаклҳои дигари таълимро қонун муайян мекунад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид (аз 2 марти соли 1992) аксар санадҳои асосии байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсонро ба тасвиб расонидааст. Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон (соли 1993), Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак (1993), Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф (соли 1995), Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ (соли 1999), Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ (соли 1999) ва Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи ҳимояи ҳуқуқи ҳамаи коргарони муҳоҷир ва аъзои оилаи онҳо (2022) аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2007 дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати таъсиси мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсонро саривақтӣ шуморида, чунин иброз намуданд: «Бо мақсади густариши минбаъдаи раванди демократикунонии ҷомеа, инчунин, баланд бардоштани сатҳи ҳимояи ҳуқуқи инсон дар мамлакатамон вақти ҳалли масъалаи таъсис додани институти миллии Ваколатдори ҳуқуқи инсон расидааст. Ин сохтор ҳамчун яке аз институтҳои демократӣ бояд робита ва ҳамкории мақомоти давлатиро бо ҷомеаи шаҳрвандӣ боз ҳам тақвият диҳад. Зарур аст, ки барои таъсиси чунин сохтор тадбирҳои ташкиливу ҳуқуқӣ андешида шаванд».

Баҳри амалӣ намудани ин иқдом 27-уми майи соли 2009 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таъйин гардид.

Ҳамин тавр, аз соли 2009 дар ҷумҳурӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон фаъолият менамояд, ки воситаҳои мавҷудаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро дар сатҳи миллӣ пурра мегардонад. Ниҳоди мазкур соли 2012 дар Осиёи Марказӣ яке аз аввалинҳо шуда ба гирифтани мақоми «В», ки аз ҷониби Кумитаи байналмилалии ҳамоҳангсозии муассисаҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон дода мешавад, ноил гардид.

Ин ниҳод мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» бо мақсади тақвияти кафолатҳои конститутсионии ҳимояи давлатии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мусоидат ба риоя ва эҳтироми онҳо аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат) ва шахсони мансабдори онҳо, роҳбарон ва шахсони мансабдори корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон таъсис дода шудааст.

Дар моддаи 17 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда шудааст, ки ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, сарфи назар аз миллат, нажод, ҷинс ва ғайра, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад. Мардону занон баробарҳуқуқанд.

Имрӯз ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо сулҳу амният ва волоияти қонун пойдор аст. Аз ҷониби Сарвари давлат «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон шудани соли 2024 басо саривақтист, зеро боло рафтани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар бунёди ҷомеаи пешрафтаю адолатпарвар нақши муҳим мебозад.

Салим Сулаймонзода,

муовини прокурори назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятӣ