Ватандӯстӣ — омили муҳими пойдории давлат

№60 (4643) 05.05.2023

Исозода Баҳодур ЧиллахонИстиқлолияти давлатӣ Тоҷикистонро ба ҷомеаи мутамаддини ҷаҳон ва ҷаҳонро ба Тоҷикистон пайванди ногусастанӣ бахшида, кишвар ва миллати азизи тоҷикро сарбаланду муътабар сохт. Маҳз Ватани покзодони олам дар даврони соҳиб­истиқлолӣ таҳти иродаи сиёсӣ ва шуҷоату матонати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон аз қайду банди рӯзҳои сангини таърихи муосир раҳо гашта, рушд кард.

Баъд аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи нави худшиносиву дарки инсонмеҳвари истиқлолияту озодӣ оғоз гардид, зеро арзишҳои моддиву маънавӣ иваз шуданд. Истиқлолияти давлатӣ барои иваз гардидани шуури иҷтимоиву маънавӣ такони ҷиддӣ гардид, аммо тағйири вазъи иҷтимоиву сиёсӣ, ҷанги дохилӣ ки паёмадҳои нохуш дошт, барои инкишофи муътадили шуури иҷтимоӣ монеаи зиёд эҷод кард.

Маҳз Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими худшиносии миллӣ, рушди мафкураи миллӣ, боло бурдани андеша ва идеологияи ягонаи миллати тоҷик ва муаррифии фарҳанг ва тамаддуни тоҷикон ба ҷомеаи ҷаҳон мусоидат кард. Дар ниҳоят, Тоҷикистон ба ҳайси давлати соҳибистиқлол бо тамаддуни чандҳазорсола дар харитаи сиёсӣ ва ҷуғрофии олам эътироф гардид.

Дар раванди шаклгирӣ, ташаккул ва камолоти ҳар миллату давлат ҳодисаҳои муайяне рух медиҳанд, ки барои бақои давлатдории миллӣ мусоидат менамоянд. Яке аз чунин омилҳои такдирсози миллӣ расидан ба истиқлолияти давлатӣ мебошад. Барои миллати сарбаланди тоҷик ва тоҷикистониён истиқлолияти давлатӣ, ки бузургтарин дастовард мебошад, дар фароварди асри XX насиб гардид. Маҳз истиқлолияти давлатӣ, ки нахус­тин маротиба бо номи миллат ба он соҳиб гардидем, тавонист дар зеҳнияти ҷомеаи Тоҷикис­тон, хосатан насли ҷавон, шуури миллиро тақвият бахшида, шароити мусоидро барои дарки шинохти тамомияти марзӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва эҳтиром ба арзишҳои милливу инсониро ташаккул диҳад.

Вобаста ба масъалаи мазкур Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин зикр намудаанд: «Агар мо раванди зуҳур ва таърихи ташаккули истиқлолияти миллатамонро амиқан баррасӣ намоем, равшан хоҳем дид, ки роҳ ба сӯи истиқлолияти душвору тӯлонӣ, пур аз шебу фароз ва саршор аз муборизаву иштибоҳот ва равандҳои ихтилофомезу зиддиятнок будааст. Вале дар ниҳоди миллати мо омилҳои бунёдии эҳёи тадриҷии истиқлолият ҳамеша вуҷуд дошт, ки асолату ҳувияти устувор ва амалан шикастнопазири таърихӣ, суннатҳои беш аз сеҳазорсолаи давлатдорӣ, арзишҳои бузургу созандаи иҷтимоӣ, фарҳангу маънавиёти ғанӣ ва ғайра дар асл шоҳсутунҳои ҳаёти фаъол ва таърихии миллати мо будаанд».

Бо мақсади таҳкими бештари ин дастовард зарур аст, ки мафҳумҳои истиқлолияту ваҳдати миллӣ ғояи ҳамешагӣ бошанд, зеро ин мафҳумҳо дар қалбу шуури шаҳрвандони кишвар ҳисси эҳтиром ба Тоҷикистони азиз ва муқаддасоти Ватанро устувор сохта, ба онҳо эътимод бахшиданд, ки миллати куҳанбунёди тоҷик метавонад барои наслҳои оянда кишвари ободу зеборо ба мерос гузорад.

Дар кишварҳои ҷангзадаи Шарқи Наздик аҳволи мардуми ранҷдида зулматсарои ноамнӣ ва бесуботиву ношукриро пеши назар меорад. Чанд сол пеш давлатҳои Сурия ва Ироқ аз марказҳои муҳими ҷаҳонгардӣ ва тиҷоратӣ ба шумор мерафтанд, аммо дахолати бегонагон, ҳамлаи гурӯҳҳои ифротгарову даҳшатафканро ба сарнавишти нангин рӯ ба рӯ сохт.

Ҳоло хавфу хатари гурӯҳҳои даҳшатафкани ифротгарову террористӣ, истиқлолияту озодӣ, демократия ва якпорчагии кишварҳои соҳибистиқлоли минтақаи Осиёи Марказӣ ва Тоҷикис­тонро таҳдид менамояд. Чунин таҳдидҳои сиёсӣ ва амниятиро кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аз нигоҳи геополитикӣ ва аз лиҳози иттилоотӣ ва равонӣ эҳсос намуда истодаанд.

Равандҳои пуртазоди баамал­омада аз аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз беш аз 70 дарсади онро ҷавонон ташкил медиҳанд, эҳсоси ­фитрӣ ва баланди ватандӯстӣ ва ҷаҳонбиниву зиракии мукаммали сиёсиро тақозо менамояд. Зиёиён, донишмандон, кормандони ҳифзи ҳуқуқу тартибот, мақомоти қонунбарору ниҳодҳои дифоъ ва амниятии мамлакатро мебояд иродаи қавӣ дошта, муттаҳиду пурзӯр бошанд ва ҳифзи арзишҳои давлативу миллӣ доимо мадди назарашон қарор дощта бошад.

Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд: «Дар замири ҳар як фарди ҷомеа тарбия кардан ва таҳкиму тақвият бахшидани ҳисси баланди ватандӯс­тиву ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои маънавӣ ва муқаддасоти миллӣ яке аз омилҳои муҳими пойдории давлати соҳибистиқлол мебошад».

Шукрона бояд кард, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ давлати моро дар арсаи байналмилалӣ бо фарҳангу тамаддуни ғанӣ эътироф намуда, миллати ­тоҷикро ҳамчун миллати куҳанбунёд ва бофарҳангу соҳибтамаддун мешиносад.

Бояд шукргузор бошем, ки чунин Ватани ободу зебо, осудаву рӯ ба рушд дорем ва ҳама шароит барои расидан ба қуллаҳои мурод барои ҷавонон ва шаҳрвандони азизи он муҳайёст. Насли ҷавони имрӯза, ки дар чунин як айёми созандагиву бунёдкорӣ, оромиву амният ва айёми гул — гулшукуфии Ватан ба дунё омада, камол ёфта истодаанд, бояд ба қадри ин ҳадяи гаронбаҳои сарнавишт: мамлакати тинҷу осуда, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки пайваста ғамхории насли ҷавонанд, расанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун фарзанди содиқу вафодори миллат пайваста бо сухан ва амалҳои ҷавонмардонаи хеш собит месозанд, ки Ватанро чун гавҳари ноёб ҳифз намуда, барои рушду тараққиёт, баланд бардоштани нуфузу эътибори он тамоми қувваю иродаро равона намудан лозим аст.

Баҳодур ИСОЗОДА,

муовини якуми раиси Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе