Донишҷӯёни ДМТ — ғолиби мусобиқаи футболи хурди шаҳри Душанбе

№116 (4222) 22.09.2020

ВарзишБо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим миёни бонувон, муайян намудани чеҳраҳои нави варзиш дар байни онҳо, инкишофи минбаъдаи бозии футбол ва амсоли инҳо чанде пеш дар шаҳри Душанбе мусобиқа оид ба футболи хурд байни бонувони синну соли гуногун баргузор шуд. Дар он шаш даста аз муассисаҳои варзишӣ, донишгоҳу донишкада ва коллеҷу муассисаҳо (дар ду гурӯҳ) байни ҳам қувва озмуданд.

Дар натиҷа, тими «ДМТ» (аз ҳисоби бонувони донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) таҳти роҳбарии Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Шоҳ Ҳабибов нисбат ба ҳарифон бартарӣ нишон дода, ба гирифтани мақоми аввал мушарраф гардид. Аз ҷумла, он дар дидори ниҳоӣ дастаи «Гулдухтарон» (аз клуби варзишии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро бо ҳисоби 7 бар 6 мағлуб намуд.

- «ДМТ» аз соли 2016 фаъолият дошта, соли гузашта дар мусобиқа байни бонувони пойтахти мамлакат ба гирифтани мақоми дуюм шарафёб гардидааст. Дар муваффақияти даста саҳми номзад ба Устоди варзиш Рафоат Қувватова, Парвина Каримова, Нурия Наимова, Мафтуна Каримова, Мижгона Давлатзода, Ситора Умурова, Фарома Шодмонбекова, Моҳчеҳра Аҳадова ва дигарон назаррас аст, — гуфт Шоҳ Ҳабибов.

Макони баргузории мусобиқа майдони варзишии Муассисаи давлатии Душанбе «Арена» муайян гардида, роҳбарии умумии онро Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ба уҳда дошт ва ғолибонро бо Ҷом, медал ва диплому туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонид.

«Садои мардум»