Футболбози машҳур дар Душанбе

№124 (3270) 24.10.2014

Футболбози шинохта, беҳтарин бозигар дар таърихи футболи Беларус, узви дастаи мунтахаби собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, ниммуҳофизатгари клубҳои футболи «Динамо»-и Минск ва «Ювентус»-и Италия Сергей Алейников ба Душанбе омад.

Сергей Алейников дар шаҳри Душанбе дар курсҳои махсуси омӯзиши нозукиҳои футбол, ки дар доираи барномаи ҳамраъйии Федератсияи футболи байналмилалӣ (ФИФА) ва Кумитаи байналмилалии олимпӣ ташкил шудааст, яке аз дастурдиҳандаҳои асосӣ мебошад.

Дар тамринҳо ба 22 нафар мураббиён машқ додани футболбозони ҷавону наврас бо усулҳои навтарин омӯзонида мешавад.

Ба гуфти Сергей Алейников, курси омӯзишӣ таври амалӣ ва назариявӣ сурат мегирад, ки дар доираи он усулҳои навтарини машқ барои омода намудани кӯдакону наврасон ба футбол истифода мешавад.

Тавре масъулини Федератсияи футболи Тоҷикистон иброз доштанд, баргузории чунин чорабиниҳо барои рушди футболи тоҷик нақши сазовор мегузорад.

Ба саволи хабарнигори мо бобати он ки «Оё шумо бозии худро дар ҳайати «Динамо»-и Минск бо «Помир»-и Душанбе дар хотир доред?»,-Сергей Алейников чунин ҷавоб дод:

- Аз бозии байни «Динамо»-и Минск бо «Помир»-и Душанбе, ки охири солҳои 80-уми асри гузашта дар Лигаи олии Чемпионати ИҶШС баромад мекарданд, солҳои зиёд сипарӣ гардиданд, вале ин бозӣ дар хотири банда нақш бастааст.

Ногуфта намонад, ки дар солҳои 80-уми асри гузашта дастаи «Помир»-и Душанбе яке аз дастаҳои пурқуввати Лигаи якуми футболи ИҶШС ба шумор мерафт. Соли 1988 ба  дастаи «Помир» муяссар гардид, ки ба Лигаи олии Чемпионати СССР роҳхат гирад ва дар муддати кӯтоҳ дар Лигаи олӣ низ худро чун дастаи пурқувват нишон дод.

Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»