Олимпиадаи наврасон дар Нанҷинг анҷом ёфт

№102 (3248) 01.09.2014

Дар шаҳри Нанҷинги Ҷумҳурии Халқии Хитой Бозиҳои дуюми тобистонаи олимпии наврасон хотима ёфт, ки дар он аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳашт варзишгар дар ҳафт намуд – гӯштии тарзи озод, гӯштии юнониву румӣ, варзиши сабук, дзю-до, камонварӣ, тирандозӣ ва шиноварӣ иштирок намуданд. Аз байни варзишгарони тоҷик се нафар — Равзатуллоҳ Исоев дар вазни то 42 килограмм ва Тоҳирҷон Охонов дар вазни то 85 килограмм дар сабқати гӯштии юнониву румӣ ва Фирӯз Ёқубов дар риштаи гӯштии озод дар вазни то 100 килограмм натиҷаҳои нисбатан хуб нишон дода, ҷойҳои чорумро касб намуданд. Мусобиқот аз 17-ум то 27-уми августи соли равон баргузор шуд, ки дар он беш аз 3800 нафар варзишгарони синнашон аз 14 то 18-сола аз 204 кишвари дунё барои 222 маҷмӯи ҷоизаҳо дар 30 намуди варзиш рақобат карданд. Дастаи мунтахаби наврасони Ҷумҳурии Халқии Хитой бо касби 65 медал мақоми аввал, Федератсия Россия бо 57 медал мақоми дуввум ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо 22 медал ҷойи сеюмро ишғол намуданд. 28 август дар  шаҳри Нанҷинг маросими ботантана пӯшидашавии Бозиҳои дуюми тобистонаи олимпии наврасон сурат гирифт.

Хайруллои АБДУВАҲҲОБ, «Садои мардум»