Савганди ҳарбӣ дар Рӯзи дониш

№116-117 (3417-3418) 01.09.2015

DSC_0428Якуми сентябри соли равон ба муносибати қабули савганди ҳарбии наваскарон ва Рӯзи дониш дар Омӯзишгоҳи олии сарҳадии  (Донишкадаи) Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.

Баъди гузашти парчами омӯзишгоҳ ва иҷрои Суруди миллӣ наваскарон, ки ба курсантии омӯзишгоҳи мазкур қабул шудаанд, барои ҳифзи содиқонаи марзу буми Ватан, Истиқлолияти давлатии кишварамон савганди ҳарбӣ ёд карданд.

Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал – лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва сарвари омӯзишгоҳи мазкур генерал –майор Сафаралӣ Назиров курсантҳоро ба ин муносибат ва Рӯзи дониш табрик намуданд. Ҳамчунин дар ин ҷамъомад падару модарони курсантҳо — Эргаш Гумаев, Ҷавоҳир Сироҷова, Мансур Бердиев баромад намуда, ҷавононро ба хониши аъло, интизоми намунавӣ даъват карданд.

Омӯзишгоҳи олии сарҳадӣ соли 2001 дар заминаи курсҳои тайёрӣ таъсис ёфта, дар ин муддат кадрҳои зиёдеро барои хизмат дар қӯшунҳои сарҳадӣ тайёр намудааст.

Ҳоло омӯзишгоҳ дорои ду факултет ва ҳашт кафедра буда, аз рӯи ихтисосҳои гуногун афсарони ояндаро тайёр мекунад.

Машғулиятҳои рӯзи аввал ба Рӯзи дониш бахшида шуданд.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум».

Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ