Ташкили мусобиқаҳо ба пешвози Рӯзи Истиқлолият

№96 (3397) 21.07.2015

Дар ноҳияи Тоҷикобод ба рушди намудҳои гуногуни варзиш диққати ҷиддӣ дода мешавад. Имрӯз ҷавонони ноҳия бештар ба намуди гӯштии миллӣ ва бозии футбол мароқу рағбати зиёд доранд. Аз ин хотир бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия тасмим гирифтааст, ки ба пешвози ҷашни Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни дастаҳои футболи ноҳия мусобиқа ташкил намояд. Дар ин мусобиқа, ки дар рӯзи таҷлили ҷашни Истиқлолият ҷамъбаст мегардад, 16 дастаи футболбозон ширкат меварзанд.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»