Чеҳраи ошно

Аз Бобо Ананов ёд мекунем

№91 (3392) 06.07.2015

Baba Annanov pravo reshatТӯли солҳо актёрони шинохтаи кинои советӣ, аз ҷумла актёрони маъруфи Осиёи Марказӣ, бо кинои тоҷик ҳамкории доимӣ доштанд ва ба ин васила дар байни тамошобинони тоҷик маҳбубияти зиёде пайдо намуданд.

Дар ин маврид метавон актёрҳои маъруфи Ҷумҳурии Туркманистонро ном гирифт, ки аз ҳама бештар бо Киностудияи давлатии «Тоҷикфилм» ҳамкорӣ карда, нақшҳои ҷолибу хотирмон офаридаанд. Инҳо Бобо Ананов, Хоҷадурдӣ  Нарлиев, Акмурод Бяшимов ва дигарон мебошанд. Метавон дар бораи ҳар кадоме сухан гуфт, зеро меарзанд, ки дар сифаташон изҳори андеша намоем. Ин навбат хонандагони рӯзномаро бо роҳи тайкардаи Артисти халқии ИҶШС Бобо Ананов шинос хоҳем кард.

Агар ба фаъолияти ҳунарии актёрҳои туркман дар Киностудияи давлатии «Тоҷикфилм» назар афканем, беш аз ҳама, Артисти халқии ИҶШС Бобо Ананов бо киносозони тоҷик ҳамкории пурсамар доштааст. Ҳамкории Бобо Ананов аз солҳои ҳафтодуми асри ХХ, аз силсилафилми бадеӣ — телевизионии «Ҳеҷбудагон…» (режиссёр Тоҳир Собиров, солҳои 1974 — 1975) оғоз ёфтааст. Дар ин филми таърихӣ, ки аз рӯи романи «Ғуломон»-и устод Садриддин Айнӣ таҳия шудааст, актёр нақши роҳзан Сафдарро офаридааст. Босмачии бераҳм ва золим дар симои актёр ба тамошобини тоҷик ғайричашмдошт буд, зеро мухлисонаш ӯро ҳанӯз солҳои шастуми асри гузашта бо нақши Ортиқ аз филми ҳунарии «Қадами қатъӣ» (аз рӯи асари Бердӣ Карбобоев, режиссёр А. Карлиев, истеҳсоли «Туркманфилм», соли 1966) дӯст дошта, дар симояш ҷавони накукор ва раҳмдилро тасаввур мекарданд… Вале санъат санъат аст. Он қурбонӣ  мехоҳад. Гоҳ нақши шоҳро бозӣ мекунӣ ва гоҳе нақши гадоро. Баъдҳо ӯ дар филмҳои истеҳсоли «Туркманфилм» танҳо қаҳрамонҳои поквиҷдон, ҳалолкор ва накухислатро офаридааст.

Актёр, режиссёр ва сенаристи маъруфи туркман Бобо Ананов 20 феврали соли 1934 дар деҳаи Қарадамаки (ҳоло посёлкаи Черте) шаҳри Ашқободи Ҷумҳурии Туркманистон ба дунё омадааст. Аз хурдсолӣ ба санъат шавқи беандоза дошт. Ин дилбастагӣ ӯро соли 1954 ба Институти давлатии санъати театрию рассомии Тошканд ба номи А. Н. Островский овард ва Бобо Ананов соли 1959 ин боргоҳи ҳунарро хатм намуд. Чанд сол дар Театри драмавии шаҳри Чорҷӯй кор кард. Бобо Ананов яке аз  аввалин нақшҳояш Гулмановро аз филми ҳунарии «Имтиҳони аввалин» дар соли 1959 бозӣ кард. Аз соли 1961 бошад, фаъолияти ҳунариаш чун режиссёри Студияи телевизиони шаҳри Ашқобод оғоз ёфт. Вале ӯро барои иҷрои нақшҳои асосӣ ба ғайр аз Киностудияи «Туркманфилм», инчунин дигар киностудияҳои собиқ Иттифоқи Советӣ низ даъват мекарданд.

Бобо Ананов дар Киностудияи «Туркманфилм» дар филмҳои ҳунарии «Роҳи охирин» (соли 1963) нақши Шерсинг, «Қадами қатъӣ» (соли 1965) нақши Ортиқ, «Роҳи аробаи сӯзон» (соли 1967) нақши Черкиз, «Ранги тилло» (соли 1975) нақши Атобоев ва ба ин монанд нақшҳои одамони ҷасур, қавиирода, поквиҷдон ва муборизу  адолатхоҳро офаридааст.

Дар маҷмӯъ, соли 1966 барои Бобо Ананов соли хеле бобарор омад. Аввал ӯ барои офаридани нақши Ортиқ аз филми ҳунарии «Қадами қатъӣ» сазовори Мукофоти давлатии Ҷумҳурии Туркманистон ба номи Махтумқулӣ гардид. Ҳукумати Ҷумҳурии Туркманистон ба актёр унвони Артисти хизматнишондодаи Ҷумҳурии Туркманистонро сазовор донист.  Ниҳоят, ҳамон сол бо таклифи кинорежиссёри номӣ Комил Ёрматов дар филми нави ҳунарии «Достони ду дилдода» («Ӯзбекфилм») яке аз нақшҳои асосиро бозид.

Чун режиссёр ӯ дар Киностудияи «Туркманфилм» филмҳои мустанади «Сеидӣ» (соли 1977), «Дарахти наво» (соли 1978), «Бори вазнин» (соли 1984) ва аз рӯи сенарияҳоаш филмҳои ҳунарии «Кабӯтарҳо дар корез зиндагӣ мекунанд» (соли 1980), «Зӯҳра ва Тоҳир» (соли 1992) ва «Қисса»-ро (соли 1999) таҳия кардааст.

Бобо Ананов бо таҳиягарони маъруфи кинои тоҷик Комил Ёрматов, Борис Кимёгаров, Тоҳир Собиров, Муқаддас Маҳмудов, Юнус Юсуфов ва Абдураҳим Қуддусов ҳамкору ҳамнишин буд ва дар филмҳои эҷодкардаашон нақшҳои асосиро бозидааст. Баъди иҷрои нақши роҳзан, босмачӣ Сафдар дар филми ҳунарӣ — телевизионии «Ҳеҷбудагон ҳар кас шуданд» Бобо Ананов минбаъд дар филмҳои истеҳсоли Киностудияи давлатии «Тоҷикфилм» нақшҳои инженер Саид Уртабоев аз филми бисёрсериягии бадеӣ — телевизионии «Одам пӯсташро иваз мекунад» (режиссёр Б. Кимёгаров, соли 1978), Хуршед аз «Ҷинояткор ва адвокатҳо» (режиссёр Ю. Юсуфов, соли 1981), полковник Муъминов аз «Дастгиркунӣ» (режиссёр М. Маҳмудов, соли 1982), сармеханик- шахтёр Камол Рӯзиев аз «Агар дӯст дорӣ» (режиссёр А. Қуддусов, соли 1982), подполковники милитсияро аз «Дӯстонро намефурӯшанд» (режиссёрон А. Қуддусов ва Ю. Юсуфов, соли 1984) бо маҳорати баланд бозӣ кардааст.

Метавон дар хусуси ҳар нақши иҷрокардааш соатҳо ҳарф зад. Масалан, нақши сармеханик- шахтёр Камол Рӯзиевро аз филми ҳунарии «Агар дӯст дорӣ» (режиссёр А.Қуддусов, соли 1982) ба хотир орем. Сармеханик Рӯзиев (Б. Ананов) якумр бо меҳнати ҳалол дар кони ангишти Шӯроб кор мекунад. Вақте ки масъалаи хондани Собир дар шаҳри Душанбе ба миён меояд, модар мегӯяд, ки дар хонаи фалон шиносҳо муваққатан зиндагӣ кунад. Аммо падар зид баромада мегӯяд, ки Собирҷон чун шахси мустақил бояд алоҳида зиндагӣ кунад. Вақте ки писараш аз давом додани таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ худдорӣ мекунад, ӯ мегӯяд:

-Ман шодам, ки ту дар зиндагӣ роҳи ояндаатро мустақилона, бе кумаки падару модар муайян кардӣ.

Камол Рӯзиев дар муколама бо ҳамсараш Малика (С. Исоева) мегӯяд, ки ба корҳои писар халал нарасонанд, бо онҳо, яъне Собир (Р. Уразаев) ва Зебо (С. Қурбонова) муросо кунад.

Модар бисёр мехост, ки Лола  Т. Яндиева) духтари  калоншавандаро келин кунад, аммо Собир молу мартаба ва боигариро чизи асосӣ намеҳисобид. Вай меҳру муҳаббати покро интихоб намуд. Ин рафтори мустақилона ва дар айни ҳол наҷиб ба падараш хуш омад.

Тамошобини филм пас аз дидани ин лаҳзаҳои филм қаҳрамони асосии филм шахтёр Камол Рӯзиевро (Б. Ананов) дӯст медорад. Албатта, ин самимиятро дар дили тамошобинони филм бозии самимонаи актёри дӯстдоштаи мо Бобо Ананов зиёд мекунад. Қаҳрамони ӯ инсони меҳнатдӯст, хоксор ва поквиҷдон мебошад. Барои ӯ аз меҳнат ва хизмати софдилона ба халқу Ватан дида, чизи арзандатаре нест. Ин аст, ки писарашро низ дар ин рӯҳия тарбия кардааст.

Айнан чунин хислатҳои хуби инсониро мо дар нақшҳои Саид Урбабоев аз «Одам пӯсташро иваз мекунад», полковник Назрулло Муъминов аз «Дастгиркунӣ», подполковник аз «Дӯстонро намефурӯшанд» ва дигар нақшҳо бо тезӣ пай мебарем. Вале қуллаи баландтарини  офаридаҳояш дар Киностудияи давлатии «Тоҷикфилм» ин нақши инженер Уртабоев дар филми бисёрсериягии бадеӣ- телевизионии «Одам пӯсташро иваз мекунад»- и режиссёр Борис Кимёгаров мебошад.

Метавон гуфт, ки Бобо Ананов актёри ҳассос ва хеле боистеъдод аст. Бо бозиҳои табиӣ ва боварибахшаш зуд дар дили мухлисонаш ҷой гирифт. Дар бисёр мавридҳо мухлисонаш дар Тоҷикистон ӯро ҳамдиёрашон мепиндоранд, зеро ӯ дар сурату сират ба мардуми мо — тоҷикон хеле монанд аст ва  урфу одатамонро  нағз  медонад. Шояд аз ин сабаб режиссёрҳои тоҷик ӯро зуд — зуд ба филмҳои навашон даъват мекарданд. Бобо Ананов бошад, ба боварии онҳо ҳамеша сазовор буд.

Бозии беҳамтои Бобо Ананов аз назари ҳамдиёри мо — режиссёри маъруфи Ӯзбекистон, Артисти халқии ИҶШС Комил Ёрматов низ дар канор намонд. Ин режиссёри номвар актёри туркманро ҳанӯз ҳангоми таҳсил дар шаҳри Тошканд дида, борҳо суҳбат кардааст. Ниҳоят, дар таҳияи филми ҳунарии «Қиссаи ду дилдода» аз рӯи достони «Комде ва Мадан» — и Абдулқодири Бедил, соли 1966 ӯро ба Киностудияи «Ӯзбекфилм» даъват мекунад. Ҳамкории Бобо Ананов бо Комил Ёрматов минбаъд дар филми ҳунарии  «Солҳои дур ва наздик» (соли 1976) ва бо дигар режиссёрҳо низ идома ёфту самараи хуб дод. Инҳо филмҳои ҳунарии «Генерал Раҳимов» (соли 1967), «Канизак» (соли 1968), «Одам аз паси борти киштӣ» (соли 1969), «Вақте ки зан аспро зин мезанад» (соли 1974), «Ранги тилло» (соли 1975), «Корвони сиёҳ» (соли 1975), «Фоҷиаи Кучитан» (соли 1978), «Рабудани аспи даванд» (соли 1978), «Дарахти Ҷамол» (соли 1980), «Асрори ҷазираи сабз» (соли 1984), «Репортаж аз Қароқум» (соли 1986), «Қасами бачагии мо» (соли 1989), «Манқурт», (соли 1990) ва ғайраҳо мебошанд.

Бобо Ананов ба ғайр аз навиштани сенарияи филмҳои ҳунарӣ, инчунин  муаллифи ҳикояҳо ва повестҳо низ мебошад.

Барои саҳми арзандааш дар инкишофи кинои советӣ 11 апрели соли 1985 бо Укази Президиуми Совети Олии ИҶШС ба Бобо Ананов унвони олӣ Артисти халқии ИҶШС дода шуд.

Соли 1978 филми ҳунарии телевизионии «Одам пӯсташро иваз мекунад» (режиссёр Б. Кимёгаров, дар нақши асосӣ: инженер Уртабоев — Бобо Ананов) дар Кинофестивали VII умумииттифоқии филмҳои телевизионӣ дар шаҳри Боку сазовори «Ҷоизаи махсуси жюрӣ» гардид.

Дар Кинофестивали халқии «Кӯлоб — 82» Бобо Ананов соҳиби ҷоизаи «Барои беҳтарин нақши мардона» сазовор дониста шуд. Барои нақши Хуршед аз филми ҳунарии «Ҷинояткор ва адвокатҳо» (режиссёр Ю. Юсуфов, соли 1982) актёр дар Кинофестивали шаҳри Душанбе бо ҷоизаи «Беҳтарин нақши мардона» қадрдонӣ шуд. Ҳамаи ин қадрдониҳо муҳаббати халқи тоҷикро нисбати актёри дӯстдоштаашон ифода мекунад.

Нақшаҳои Бобо Ананов хеле зиёд буданд, аммо умраш вафо накард. 21 декабри соли 1991 дили ҳассоси ӯ дар синни 57 — солагӣ аз тапиш бозмонд. Ин ҳодиса айёме ба амал омад, ки Иттиҳоди Советӣ аз байн рафт, дар бештари ҷумҳуриҳо бархӯрдҳои сиёсӣ оғоз ёфтанд, алоқаҳои маданӣ миёни  ҷумҳуриҳои бародарӣ гусаста гардиданд. Мо- тоҷикон вафоташро дер шунидем ва хеле афсӯс хӯрдем…

Чанде пеш ба зодрӯзи Артисти халқии ИҶШС Бобо Ананов 80 сол пур шуд. Месазад, ки дар ин рӯзҳо аз ӯ ёд карда, хотираашро пос дорем. Ҳунармандоне мисли ӯ аз лавҳи хотири мухлисони тоҷикаш ҳеҷ гоҳ зудуда нахоҳанд шуд.

Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»