Амнияти иқтисодӣ ҷузъи амнияти миллист

№ 03.12.2021

Сеюми декабри соли равон дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбати гирди миз дар мавзӯи «Таъмини амнияти иқтисодӣ зимни татбиқи барномаҳои давлатӣ бо ҷалби давлат ва бахши хусусӣ» баргузор шуд. Директори маркази мазкур Хуршед Зиёӣ зимни сухани ифтитоҳӣ изҳор дошт, ки амнияти иқтисодӣ чун як бахши муҳими амнияти миллии кишвар ба шумор рафта, амалӣ намудани стратегияи рушди давлат бештар аз он вобаста аст.

Бино ба гуфти ӯ, ҳадафи чорабинӣ таҳлилу баррасӣ ва арзёбии дастовардҳо ва тамоюли рушди иқтисодиёти миллӣ бо мақсади ноил шудан ба амнияти иқтисодӣ дар соҳаи ҷалби давлат ва бахши хусусӣ мебошад.

Дар чорабинӣ муовини сардори Раёсати таҳлили хавфҳои коррупсия ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулмумин Абдулманнонзода дар мавзӯи «Ҷиноятҳои иқтисодӣ ҳамчун таҳдид ба амнияти иқтисодӣ», мудири кафедраи менеҷмент ва маркетинги Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия Гавҳар Шарипова дар мавзӯи «Шарикии давлат ва бахши хусусӣ ҳамчун шароити рушди инноватсионӣ», ассистенти кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудити Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Марҳабо Икромова дар мавзӯи «Тасдиқи барномаҳои давлатӣ доир ба истифодаи самаранокии замин ва об омили тахминкунандаи амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон», мудири кафедраи баҳисобгирӣ, таҳлил ва аудити Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия Илмира Раҷабова дар мавзӯи «Нақши усули инноватсионӣ дар таъмини амнияти иқтисодии корхона», муаллими калони кафедраи менеҷменти истеҳсолии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ Адолат Шарипова дар мавзӯи «Нақши давлат дар ташаккул ва рушди сарчашмаҳои сармоягузорӣ» ва мутахассиси пешбари Раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегӣ Гулафзо Салимова дар мавзӯи «Ҳадафҳои рушди устувор дар таъмини амнияти иқтисодӣ» маърӯза намуданд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»