Бо бадхоҳию палидӣ НБО сохта намешавад

№148 (3942) 11.12.2018

Мардуми Тоҷикистон бо роҳбарии Сарвари давлат баъди меҳнату муборизаҳои тӯлонӣ тавонистанд, ки чархаи аввали иншооти аср — НБО «Роғун» — ро 16 ноябри соли ҷорӣ ба кор дароранд. Бешубҳа, он рӯз дар Тоҷикис­тон ҷашни бузурге буд. Зеро равшанӣ бар зулмот ғолиб омад ва иншооте, ки минбаъд омили пешрафту тараққии Тоҷикистон ва кишварҳои дигари минтақа мегардад, ба истифода дода шуд. Намояндагони кишварҳои дуру наздик дар ҷашн ширкат доштанд ва дар хурсандии мардум шарик буданд.

Танҳо як гурӯҳ бадхоҳони миллат, ки аз роҳбарону фаъолони фирории наҳзатӣ ва дигар ҷинояткорон иборат аст, нотавонбинона ва ноҷавонмардона ба хурсандии Ватану миллати мо бархӯрд карданд. Онҳо бадгӯйиву туҳматзанӣ ва дурӯғпароканиро дар ин маврид ҳам қатъ накарданд. Ва дар мақолае, ки дар сомонаҳои ифротии наҳзатӣ нашр шудааст, мисоли равшани гуфтаҳои болост ва бадхоҳию палидии ин гурӯҳи хоинро фош месозад.

Муаллифони гумном аз ноилоҷӣ ва гапи дигар наёфтан навиштаанд, ки гӯё ба кор даровардани чархаи аввали НБО «Роғун» ҷанбаи намоишӣ ва таблиғӣ дошт. Аммо чунин набуд ва касе ҳам худро таблиғу худнамоӣ накардааст. Дар асл, наҳзатиҳо, ки бадхоҳу душман ҳастанд, бунёд ёфтани НБО «Роғун» ва қудратманд гардидани кишварро намехоҳанд. Зеро ҳар қадар давлату мардум қавӣ шаванд, фаъолони ТТЭ ҲНИ ва дигар ҳаммаслаконашон ҳамон андоза заифтару нотавонтар мегарданд ва ба нестӣ мераванд. Аз ин сабаб, дар рӯзи ифтитоҳи НБО «Роғун» баръакси хурсандии мардуми кишвар ва давлатҳои ҳамсоя наҳзатиҳо мотам доштанд.

Террористони наҳзатӣ рӯйирост дар хусуси фаъолияти иншоот ва корхонаҳои азими кишвар дурӯғ мебофанду онро дар расонаҳои ифротии худ паҳн мекунанд, ба роҳбарияти кишвар беасосу беинсофона туҳмат мезананд. Ин гурӯҳи худбохта аз он норозианд, ки мардуми мо ифтитоҳи НБО «Роғун» — ро ҷашн гирифтаанду ҳамдигарро табрик кардаанд. Албатта, ин ниҳояти кинаварзию душманӣ ва разилию палидии наҳзатиҳо ва чанд мақоланависаки косалесашон мебошад.

Муаллифи наҳзатӣ дар ҳамин мақола ҳатто кӯшидааст, ки яке аз қудратҳои ҷаҳонӣ ва кишвари ба мо дӯст — Покистонро ҳам туҳмат занад. Сабаб он аст, ки Покистон террористию ифротӣ будани ТТЭ ҲНИ-ро фаҳмида, ба фаъолони он, бо вуҷуди кӯшишҳои зиёдашон, кумаки молию маънавӣ накардааст.

Баръакси навиштаҳои бадхоҳонаи муаллифи наҳзатӣ, Сарвари давлат дар маросими ифтитоҳи НБО «Роғун» маҳз бо мардум ва кормандони иншооти мазкур акс гирифтанд ва ба онҳо самимона изҳори сипос намуданд. Пеш аз ин маросим ба шумораи зиёди коргарони НБО «Роғун» ҷоизаҳои давлатӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карданд, ки аз қадрдонӣ ва ҳамеша ҳамроҳи мардум будани Сарвари давлат шаҳодат медиҳанд.

НБО «Роғун» дар замони шӯравӣ тарҳрезӣ шудааст, аммо бо сабабҳои дар аввали солҳои навадум барҳам хӯрдани ИҶШС, аз тарафи ТТЭ ҲНИ роҳандозӣ гардидани ҷанги шаҳрвандӣ, сохтмони ин иншоот қатъ ва қисман таҷҳизоти он нобуд гардид. Маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ ва бо кӯшишу ташаббуси Сарвари давлат сохтани НБО «Роғун» дубора ба роҳ монда шуд. Кӯшишҳою меҳнати фидокоронаи Пешвои миллат ва мардум натиҷа доданд ва НБО «Роғун» бунёд ёфт. Пас, Сарвари давлат воқеан бунёдгузори НБО «Роғун» мебошанд ва дар ин шубҳае буда наметавонад.

Аслан, барои Сарвари давлат фаъолияти НБО «Роғун» ва пешрафти кишвару беҳтар гардидани зиндагии аҳолӣ муҳим аст. Ин наҳзатиҳоянд, ки аз ҳар амале танҳо бадӣ меҷӯянд. Кӯшиш мекунанд, ки дар байни давлату мардуми кишвар тафриқа андозанд. Онҳо аз саҳмияҳо ва ҳисоботи молиявӣ сухан мегӯянд. Аммо мутмаин ҳастем, ки давлат манфиати саҳмдоронро ба назар гирифтааст ва ин як кори маъмулиесту ҳал мешавад. Вале ҳисоботи асосӣ дар назди мардум ва ҷаҳониён ба кор даромадани чархаи аввалини НБО «Роғун» мебошад. Яъне, НБО «Роғун» афсона нест, балки имрӯз ҳақиқат аст ва ба мардум рӯшноию тараққиёт меорад.

Афсонаю хаёли пуч ҳамон ташкилоти ба ном «Иттиҳоди неруҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон» аст, ки наҳзатиҳо барои фиреби мардум ва худро доною тавоно нишон додан таъсис дода буданд. Гӯё он замон дар барномаашон масъалаи таъмини истиқлолияти энергетикиро шомил кардаанд. Ҳол он ки худи ҳамин гурӯҳ истиқлолият надоранду ғуломи доираҳои манфиатхоҳ ва иртиҷоии хориҷӣ мебошанд. Вақте ки одам тафаккури мустақилу созанда надорад, чӣ тавр дар бораи истиқлолияти энергетикию роҳбарии кишваре ҳарф мезанад?

Муаллифи наҳзатӣ дар бораи суханронии роҳбари ТТЭ ҲНИ соли 2013 ва ба ­масъалаи сохтмони НБО «Роғун» дахл кардани вай ҳам афсонабофӣ карда, мехоҳад ӯро ҳамчун як нафари ояндабину дурандеш ва кордон нишон диҳад. Аммо дар чанд соли охир ба ҳама маълум гардид, ки Кабирӣ беш аз як роҳбари ташкилоти террористӣ нест ва мақсадаш танҳо ғасби ҳокимияти сиёсӣ ва амалӣ кардани манфиати хоҷаҳои хориҷиаш мебошад. Ҳатто аксарияти аъзои ҳизбаш аз вай рӯ тофта, ба корҳои созандагию ҳаёти осоишта баргаштаанд. Аз ин рӯ, ба Кабирӣ нисбат додани ҳар гуна амалу сухани ободкорона хандаовару манфур аст. Вай ба сохтмони НБО «Роғун» ғайр аз душманию монеа эҷод намудан кори дигаре накардааст.

Бо терроризму экстремизм ва бадхоҳию палидии наҳзатӣ НБО-ҳо сохта намешаванд. НБО «Роғун» натиҷаи меҳнати шабонарӯзии ҷонфидоёна ва муборизаҳои Сарвари давлат ва мардуми кишварамон аст. Баръакси пиндори бадхоҳонаи наҳзатиҳо ин иншооти муҳими аср ба тараққию инкишофи кишварамон ба таври назаррас таъсири мусбат хоҳад гузошт.

Парвизи МИРЗО, таҳлилгар