Ибтикори созанда самараи нек меорад

№16 - 17 (4122 - 4123) 04.02.2020

Андешаҳо дар бобати аҳамияти «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар рушди иқтисодиёти мамлакат

soli_sahohi2020Мувофиқи банди 1 моддаи 69-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент «Самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян мекунад». Ҳамчунин, «Дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон Президент савганд ёд мекунад ва бо паёми худ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ баромад менамояд» (банди 6 моддаи 55).

Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2000 оғоз ёфтааст. 30 апрели соли 2001 Паёми дувуми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон роҷеъ ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат садо дод, ки дар он «мақсади асосии ислоҳот — кам кардани сатҳи қашшоқӣ» унвон шуд.

Моҳияти Паём барномаи мукаммали яксола ё якчандсолаи фаъолияти минбаъда мебошад.

Сол то сол ҷумҳуриамон дар заминаи сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба тараққӣ ниҳодааст. Тараққиёти мамлакатро дар ҳар кунҷи кишвар метавонем мушоҳида кунем. Фарқи Паёми 26-уми декабри соли 2018 ироашуда дар он буд, ки нақшаҳои дарпешгузошта на барои 1 сол, балки  3  сол барномарезӣ шуданд. Яке аз масъалаҳое, ки ба он таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир гардид, аз тарафи Пешвои миллат эълон гардидани солҳои 2019 -2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» буд. Ҳадафи ин тадбир тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ, инчунин, мусоидат кардан ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ мебошад. Агар амиқтар ин ташаббуси Роҳбари давлатро баррасӣ намоем, маълум мешавад, ки иқдоми мазкур идомаи мантиқии «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» мебошад, ки дар Паёми соли қаблӣ ба Маҷлиси Олии мамлакат эълон гардид. Тавре дар Паём қайд шуд: «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 ба дарки аҳамияти самтҳои мазкур дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мардум такони ҷиддӣ бахшида, шумораи сайёҳоне, ки соли 2018 ба Тоҷикистон омаданд, нисбат ба соли 2017 дуюним баробар афзуд, вале барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда як сол басанда нест. Дар баробари ин, соли ҷорӣ «Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030» қабул гардид ва имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон то ҳадди имкон муаррифӣ шуданд, лекин барои рушди инфрасохтори соҳа дар минтақаҳои кишвар бояд тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд. Бо мақсади вусъат бахшидан ба ҳалли масъалаҳои зикршуда ва бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот пешниҳод менамоям, ки солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шаванд».

Вобаста ба ин 2 — юми январи соли 2019 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намудани солҳои 2019 — 2021» имзо шуд.

Тоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз буда, аз лиҳози таърих фарҳанг, иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, кӯлҳо, чашмаҳои шифобахш ва обҳои мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам камназир ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад. Бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дар ин самт, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ, дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ, ҷалби бештари сармоя ба ин соҳа ва омода кардани кадрҳои ба талаботи замон ҷавобгӯ соли 2017 Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Илова бар ин, соли 2017  Пешвои миллат ба Ҳукумати кишвар дастур доданд, ки ба хотири рушди ҳунарҳои мардумӣ ба соҳибкорон ва ҳунармандон тавассути Фонди дастгирии соҳибкорӣ ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнокро ба роҳ монанд. Инчунин, бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1-уми январи соли 2018 фурӯши чунин молу мавод аз пардохти ҳама намуди андоз озод карда шуд.

Масъалаи муҳим таъмини бехатарии сайёҳон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мутобиқи банди 5 қисми 2 моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳӣ», субъектони фаъолияти сайёҳӣ вазифадоранд, ки бехатарии сайёҳон ва нигоҳдории амволи онҳо, муҳайё намудани шароити амният барои сайёҳӣ, омӯзонидани қоидаҳои амният, расонидани ёрии таъҷилиро таъмин намоянд. Мувофиқи моддаи 16 — уми қонуни мазкур, сайёҳон вазифадоранд қоидаҳои шахсии бехатариро ҳангоми саёҳат риоя намоянд. Хурсандиовар аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мувофиқи тадқиқоти маҷаллаи байналмилалии молиявии «Global Finance», ба рӯйхати давлатҳои амнтарини ҷаҳон дохил шудааст.

Инчунин, кишвари мо дар раддабандии Ташкилоти байналмилалии «British Backpacker Society» аз рӯи имкониятҳои саёҳати саргузаштӣ ва пиёдагардӣ мавқеи 7-умро ишғол намуд. Шабакаи иҷтимоии «ВВС» дар Британияи Кабир  дар соли 2012 Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар қатори 10 кишвари ҷолиб барои боздиди сайёҳон эътироф кард. Шабакаи иҷтимоии «Globe Spots» бошад, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сархати даҳгонаи кишварҳои ҷолиб барои саёҳати саргузашти дар соли 2014 ҷой додааст. Нашри русии маҷаллаи маъруфи «National geographic» (28.02.2016) дар соли 2016 шоҳроҳи Помири Тоҷикистонро ба қатори 10 роҳи зеботарини дунё ворид намуд.  Дар маҷаллаи ТОП — 100 дар соли 2015 пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе ба мавзеъҳои бехатар аз рӯи таъмини шабона ворид гардид. Тибқи таҳлилҳои Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари туризмаш дар ҳоли рушд қарордош­та эътироф шуд. Ҷолиби диққат аст, ки Тоҷикистон дар рӯйхати кишварҳое, ки дар давоми як сол ҷаҳиши беҳтарини сайёҳӣ нишон додаанд, алоҳида қайд гардид ва пас аз Озарбойҷону Ҷопон дар ҷойи сеюм қарор гирифт. Оҷонсии таҳлилии «Тур Стат» (Россия) даҳгонаи шаҳрҳои ҷалбкунандаи «Шоҳроҳи Абрешим»- ро муайян намуд, ки дар қатори шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро, Тараз, Ганҷа, Витебск, Хева, Туркистон, Гумрӣ ва Марв шаҳри Хуҷанд  низ ҷой гирифт.

Бояд қайд намуд, ки соҳаи сайёҳӣ бе рушди деҳот имконнопазир аст. Аксарияти аҳолии Тоҷикистон дар деҳот зиндагӣ доранд ва ҳунарҳои мардумӣ низ дар ин ҷо рушд мекунанд. Бегуфтугӯ сайёҳон ба ҷое, ки ҳунарҳои мардумӣ ҳифз гардидаву асолати худро гум накардаанд, таваҷҷуҳи бештар доранд. Умед аст, ки ба шарофати «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ҳунару маҳорат, молу маҳсулоти таърихию фарҳангии кашфношуда мавриди таҳқиқ қарор мегиранд.

Дар баробари ин, паҳлуи дигари масъалаи мазкурро низ набояд аз мадди назар дур кард. Мо зимни сафар ба ин ё он шаҳри кишвар ошно мешавем ё аз тариқи воситаҳои ахбори омма мехонем ва мешунавем, ки солҳои охир Ватани азизамон хеле ободу зебо гардидаанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём зикр намуданд: «Ободии деҳот ободии шаҳрҳо ва пеш аз ҳама, пуру ғанӣ гардидани дастурхони хонадони ҳар сокини пойтахти кишварамон мебошад».

Бо эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» метавон бо дилпурӣ иброз дошт, ки ба ободии маҳалҳо, хусусан, деҳоти дурдаст, беш аз пеш таваҷҷуҳ зоҳир мегардад.

Дар натиҷаи амалӣ гардидани барномаву стратегияҳои қабулгардида, ба Ҳукумати кишвар муяссар гардид, ки дар соли 2019 суръати афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро 7,5 фоиз таъмин намояд. Дар ин замина, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ — 7,1, гардиши савдо — 8 ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз зиёд шуд.

Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳар сол ба ҳисоби миёна 7 фоиз таъмин гардид ва Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 45,6 миллиард сомонӣ ба 78 миллиард сомонӣ афзуд. Дар ин давра ҳаҷми умумии даромади буҷет қариб ду баробар зиёд шуд ва аз 12 миллиард сомонии соли 2013 ба 23 миллиард сомонӣ расид.

Ҳукумати Тоҷикистон ба сармоягузории соҳаҳои иқтисодиёт ҳамчун воситаи асосии саноатикунонии босуръат таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, баҳри беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва ҷалби ҳар чӣ бештари сармояи мустақим тадбирҳои мушаххасро амалӣ карда истодааст. Солҳои 2013 — 2019 ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар 57,3 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки 30 миллиард сомонии он сармояи мустақим мебошад.Тибқи санадҳои қабулшуда, ҷалби сармояи хусусӣ соли 2020 нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 10 фоиз расонида мешавад. Солҳои 2013-2019 барои амалисозии афзалиятҳои дар барномаҳо муайяншуда 80 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ татбиқ ва ба иқтисодиёти мамлакат зиёда аз 13,2 миллиард сомонӣ сармояи давлатӣ равона шуд. Ҳоло дар кишвар 66 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст, ки маблағи умумии онҳо 32,4 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Дар соли 2020 татбиқи боз 23 лоиҳаи нави давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 3,8 миллиард сомонӣ оғоз меёбад.

Дар маҷмӯъ, ташаббусҳои наҷибонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сарсабзии диёр, пешрафти кулли бахшҳо ва некуаҳволии мардум мусоидат менамоянд.

Ҷ. МУРТАЗОЗОДА,  Ҳ. ХОЛИҚЗОДА, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон