Ба «Садои мардум» ҷавоб омад

«Майдончаҳои ободро вайрон карданианд»

№87 (4193) 18.07.2020

Таҳти ин унвон дар рӯзномаи «Садои мардум» (шумораи № 55-56 (4146-4162) аз 5 майи соли 2020 мақола ба нашр расид, ки он тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 феврали соли 2009 таҳти №622 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма»  мавриди омӯзиш қарор дода шуд.

Тавре муроҷиаткунандагон иброз дош­таанд, биное, ки С. Олимов сохтанӣ аст, ба талаботу меъёрҳои сохтмонӣ ҷавобгӯ нест ва шикояти кассатсионӣ нисбат ба ҳалномаи судӣ аз 15 ноябри соли 2019 беасос мебошад.

Қобили зикр аст, ки бо қарори марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 14 апрели соли 2020) шикояти кассатсионии соҳибкори инфиродӣ С. Олимов қисман қонеъ ва ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Суғд (аз 15 ноябри соли 2019) аз рӯи аризаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, шахсони манфиатдор — соҳибкори инфиродӣ Содиқҷон Олимов, Кумитаи идораи замини шаҳри Хуҷанд, Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Хуҷанд, бахши меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти ­иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, шаҳрвандон С. Турсунматов, З. Сулаймонова ва дигарон дар бораи беэътибор донистани қарори раиси шаҳри Хуҷанд аз 18 июни соли 2019 таҳти № 446 «Дар бораи додани қитъаи замин барои сохтмон» ва қатъ намудани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин, бинобар пурра равшан нагардидани ҳолатҳои барои парванда аҳамиятдошта, ба ҳолатҳои парванда мутобиқ набудани хулосаҳои суд бекор, парванда барои баррасии нави судӣ ба Суди иқтисодии  вилояти Суғд ирсол карда шудааст.

Тибқи талаботи сархати 1-3 қисми 1-и моддаи 249 Кодекси мурофиаи  иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои тағйир додан ё бекор намудани ҳалномаи суди марҳилаи якум пурра равшан накардани ҳолатҳое, ки барои парванда аҳамият доранд, исбот нашудани ҳолатҳои барои парванда аҳамиятноке, ки онҳоро суд муқарраршуда ҳисоб кардааст ва ба ҳолатҳои парванда номувофиқ будани хулосаҳое, ки дар ҳалнома баён гардидаанд, мебошанд.

Бояд тазаккур дод, ки айни замон парванда дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад. Аз ин рӯ, муроҷиинро зарур аст, ки  мебояд мулоҳизаҳояшонро марбут ба ҳалли баҳси мазкур то эътибори қонунӣ пайдо  кардани санади суди пешакӣ ба воситаи ахбори омма баён насозанд.

Бо дарназардошти он ки баҳс дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад, шахсони иштироккунандаи парванда ҳуқуқ доранд, ваҷҳу далелҳояшонро зимни баррасии парванда ба суд пешниҳод намоянд.

З. АМИНЗОДА, муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон