Назари хос

Сиёсати «дарҳои боз» ва аҳамияти он дар рушди иқтисод

№66 - 68 (3703-3705) 06.06.2017

Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар замони истиқлолият давраи такомулро аз сар гузаронид. Аз нигоҳи методологӣ сиёсати мазкур бар пояи прагматизми сиёсӣ ва иқтисодӣ асос ёфта, муносибат бо ҷомеаи байналмилалӣ дар доираи он сурат мегирад.

Таҷрибаи ду даҳсолаи гузашта нишон дод, ки маҳз ҳамкории густурда бо кишварҳои хориҷи дур ва наздик имкон фароҳам овард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳоти амиқи сиёсӣ ва иқтисодиро батадриҷ татбиқ карда, муҳимтарин масъалаҳои марҳилаи гузаришро таври бояду шояд ҳал намояд.

Маврид ба зикр аст, ки дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон робита ва ҳамкорӣ бо Федератсияи Россия дар сархати авлавиятҳо қарор дорад.

Ҳамкорӣ бо кишварҳои Ғарб низ дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон самти муҳим мебошад ва барои таъмини манфиатҳои миллии кишвар нақши ҷиддӣ дорад. Дар ин самт бо Иттиҳоди Аврупо, Амрико, Чин, кишварҳои Шарқ ва ғайра таҷриба ва анъанаҳои устувори ҳамкориҳо ҳосил шудаанд, ки барои ҳалли муваффақонаи як силсила масъалаҳои муҳим, қабл аз ҳама масъалаҳои иқтисодӣ, равона шудаанд.
Масалан, Иттиҳоди Аврупо дар доираи стратегияи худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳудуди 400 млн. доллари ИМА сармоягузории гуногунсамт пешбинӣ намудааст.

Маҷмӯи кумакҳо ва сармоягузориҳои Амрико дар Тоҷикистон то имрӯз беш аз 1 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Ҳамкорӣ бо кишварҳои ғарбӣ барои дуруст ба роҳ мондани робитаҳои кишвар бо ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки рушди Аврупо ва ғайра низ аҳамияти муҳим дорад.
Бояд зикр намуд, ки танҳо дар солҳои 2010 — 2016 ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ беш аз 2 млрд. доллар сармояи хориҷӣ ҷалб шудааст. Ин маблағҳо, пеш аз ҳама, ба соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, маориф ва илм, инчунин барои хобонидани лӯлаи газ, ки аз Тоҷикистон ба Қирғизистону Чин мегузарад, равона мегардад. Ҷумҳурии Халқии Хитой низ дар ин раванд нақши муассир дошта, ҳамкорӣ бо ин кишвар яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Ин аст, ки Ҷумҳурии Халқии Хитой дар рушди иқтисоди Тоҷикистон саҳми калон дорад ва танҳо дар доираи ҳамкориҳои СҲШ зиёда аз 200 млн. доллари амрикоӣ сармоягузорӣ намудааст.

Ҳамин тариқ, ду даҳсолаи татбиқи сиёсати «дарҳои боз» собит намуд, ки он сиёсати муваффақ буда, дар рушди иқтисоди миллии Тоҷикистон нақши муҳим дорад.

 Манзура ҚАРМИШЕВА,

коршиноси масоили иқтисодӣ