1 марти соли 2015- интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ

Барои вакил будан сазовор ва арзанда аст

№26-27 (3327-3328) 24.02.2015

МУАРРИФИНОМА

СаидовҶамшед Саидов 10 апрели соли 1966 дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, дар оилаи омӯзгор таваллуд шудааст. Соли 1983 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии    № 5-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадониро бо медали тилло ва соли 1990 факултети «Сохтмони саноатӣ ва гражданӣ»-и Донишкадаи политехникии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ)-ро бомуваффақият хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиаш соли 1990 ба ҳайси инженери корҳои илмӣ дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ оғоз ёфта, аз соли 1991 то соли 2004 дар донишгоҳи мазкур ассистент, муаллими калон ва дотсенти кафедраҳои «Технология ва ташкили истеҳсолоти сохтмон» ва «Истеҳсоли маводҳо, технология ва ташкили сохтмон», раиси иттифоқи касабаи донишҷӯён, ноиби ректори донишгоҳ оид ба корҳои тарбиявӣ буд. Аз соли 2004 то соли 2007 дар вазифаҳои раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе кор кардааст. Тайи солҳои 2007-2009 директори Маркази танзими Лоиҳаи обтаъминкунии шаҳри Душанбе ва солҳои 2009 — 2010 муовини Раиси шаҳри Душанбе буд.

Аз моҳи майи соли 2010 то имрӯз дар вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе фаъолият менамояд. Доктори илмҳои техникӣ мебошад.

Бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст. Бо мукофоти соҳавии «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Ифтихорномаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст.

Оиладор, соҳиби шаш фарзанд мебошад.

Ҷамшед Саидов аз ҷониби Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии  Сино №4 ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзад пешбарӣ шудааст.

Ҷамшед Ҳамроқулович Саидов дар давоми фаъолияти илмӣ-омӯзгории хеш  ду монография, ҳашт дастури методию таълимӣ ва зиёда аз 100 мақолаю кори илмӣ ба чоп расонида, ҳанӯз соли 1992 ба гирифтани «Шаҳодатномаи муаллифии ИҶШС барои ихтирои намуди нави масолеҳи сохтмонӣ» мушарраф шудааст. Таҳти роҳбарии бевоситаи ӯ се нафар унвонҷӯён рисолаҳои номзадии худро дифоъ карда, сазовори унвони номзади илмҳои техникӣ гардидаанд. Имрӯзҳо шогирдони зиёди Ҷамшед Саидов аз ҳисоби хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ҳамчун мутахассисони соҳибтаҷриба дар саросари кишварамон ба корҳои сохтмонӣ-васлкунӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ машғул мебошанд. Ӯ дар татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ ҷиҳати беҳтар намудани сифати оби ошомиданӣ дар пойтахт ва рушди сохтмони биноҳои истиқоматию ҷамъиятӣ ҳиссаи муносиб гузоштааст.

Ҷамшед Саидов собиқаи зиёди намояндагӣ дар мақомоти маҳаллӣ дорад.  Соли 1989 депутати Шӯрои депутатҳои халқи шаҳри Душанбе (даъвати 21), солҳои 1995, 2000, 2005 ва 2010 вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе (даъватҳои якум — чорум) интихоб гардидааст. Тӯли солҳои 1993 — 2010 раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе буд. Аз соли 1999 узви ҲХДТ ва узви Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ мебошад.

-Барномаи пешазинтихоботии ман бо такя ба Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби  халқии демократии Тоҷикистон, ки таҳти шиори «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!» пазируфта шудааст, таҳия ва таълиф шудааст. Баҳри расидан ба ҳадафҳои барномаи пешазинтихоботии хеш сиёсати бобарор ва хирадмандонаи Сарвари давлатамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушди устувори ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар  намунаи ибрат меҳисобам ва тамоми неруи хешро бо мақсади амалӣ кардани он сарф менамоям, — изҳор дошт Ҷамшед Саидов дар бораи барномаи пешазинтихоботии хеш ва ҳамчунон афзуд:- Дар самти татбиқи сиёсати иқтисодӣ ман ширкати фаъолро дар такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амри дастгирии фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкории истеҳсолӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият басо зарур шуморида, таъмини пойтахти мамлакат ва дигар шаҳру ноҳияҳои кишварро бо гармӣ ва барқ тавассути сохтани марказҳои барқу гармидиҳӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим меҳисобам.

Таҳким бахшидани қонунгузорӣ оид ба фаъолияти меъморӣ, шаҳрдорӣ ва сохтмонӣ, алалхусус дар пойтахти кишвар ва пурзӯр намудани масъулият оид ба пешгирии сохтмонҳои ғайриқонунӣ, андешидани чораҳои мушаххас барои вусъатбахшии сохтмони биноҳои замонавии дорои симои миллӣ ва таҷассумгари фарҳанги пурғановати  халқи тоҷик ҷузъи асосии барномаи ман дар самти сиёсати иқтисодӣ хоҳад буд.

Ҷамшед Саидов ҳамчун номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким ва тақвияти таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ, пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҳама гуна ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм ва амалҳои коррупсиониро аз ҷумлаи самтҳои асосии татбиқи сиёсати дохилӣ мешуморад ва ширкати бевоситаашро аз тариқи  қабул кардани қонунҳои  нав ва такмили қонунгузории ҷорӣ салоҳи кор медонад.

- Сиёсати иҷтимоии давлат қабл аз ҳама ба баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум равона шудааст, — мегӯяд номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон. – Ҷумҳурии мо, тибқи нишондиҳандаҳои омори иҷтимоиву иқтисодӣ, сол ба сол рушд меёбад. Барои ноил шудан ба ҳадафҳои муайянгардида таҳияи стратегияҳо, барномаҳо ва дурнамоҳои гуногуни соҳавӣ аҳамияти аввалиндараҷа касб менамоянд. Андешидани тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати беҳтарсозии вазъи иҷтимоӣ, нақшу мақоми ҷавонону занон дар ҷомеа ва фароҳам овардани ҷойҳои нави кор барои онҳо, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ имкон медиҳад, ки шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ паст карда шавад. Баланд бардоштани сатҳи сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва таблиғу ташвиқи доимии тарзи ҳаёти солим, имкони дастрасии мардум ба хизматрасонии хуби тандурустӣ аз иқдомоти зарурӣ мебошад ва дар сурати вакил интихоб шуданам баҳри татбиқи ин ҳадафҳо саъй меварзам.

Давлат ва Ҳукумат ба рушди маориф ва илму фарҳанг диққати аввалиндараҷа медиҳад. Беҳуда нест, ки ба ин мақсад ҳамасола дар Буҷети давлатӣ маблағи зиёд ихтисос дода мешавад. Аз ин ҷост, ки дар меҳвари барномаи пешазинтихоботии Ҷамшед Саидов масъалаҳои баланд бардоштани мақоми кормандони соҳаи илму маориф, зиёд кардани музди меҳнат ва таъмини ҳифзи иҷтимоии онҳо, ноил шудан ба афзудани обрӯ, нуфузи илм ва корманди илмӣ, ҳамоҳанг сохтани фаъолияти академияҳои соҳавӣ бо Раёсати Академияи илмҳо, маблағгузории ҳадафнок барои фармоишоти давлатӣ, пайвастани илм ба истеҳсолот, мусоидат ба рушду нумӯи фарҳанги миллӣ ва таъмиру таҷдиди иншооти мероси таърихии ниёгон ҷой гирифтаанд.

-Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, ки ман узви он мебошам, ба ҷавонон ҳамчун ба ояндаи миллату давлат, неруи тавоно, созанда ва ташаббускор таваҷҷуҳ зоҳир менамояд, — ишора мекунад ба татбиқи самти сиёсати ҷавонон дар барномаи интихоботиаш Ҷамшед Саидов ва меафзояд:-Мусоидат дар самти дастрасии ҷавонон ба амалисозии грантҳо ва фармоишҳои иҷтимоии давлатӣ тавассути марказҳои ҷавонон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва маҳфилҳои худфаъолият, ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии ҷавонон вобаста ба ташкили хоҷагиҳо ва корхонаҳои истеҳсолиро мувофиқи мақсад меҳисобам.

Истиқлолияти давлатӣ барои татбиқи сиёсати гендерӣ ва таҳкими оила шароит ва заминаи ҳуқуқӣ фароҳам оварда, ба хотири таъмини баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари онҳо шароити зарурӣ ба вуҷуд омад. Дар барномаи номзади мо низ ба ин самт таваҷҷуҳ кам нест. Ӯ фароҳам овардани шароитро барои донишомӯзӣ ва касбазхудкунии занону духтарон ва ба шуғли доимӣ фаро гирифтани онҳо, такмили механизмҳои таъмини дастрасии занон ба захираҳои иқтисодӣ ва рушди соҳибкории занон тавассути ҷудо кардани қарзҳо ва грантҳои давлатӣ, мусоидат барои ҳифзи саломатии модару кӯдак, ҳуқуқ ва солимии репродуктивиро аз зумраи масъалаҳое меҳисобад, ки дар сурати амалӣ кардани онҳо муҳити солими оилавӣ ба вуҷуд омада, ҳуқуқу манфиатҳои аъзои оила риоя ва мавқеи занон дар ҷомеа боз ҳам баланд мешавад.

Муҳтавои барномаи пешазинтихоботии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Сино №4 Ҷамшед Саидов аз он далолат мекунад, ки мавсуф ба дарёфти унвони баланди вакилӣ дар парламенти касбии мамлакат сазовор мебошад ва онҳое, ки дар рӯзи баргузории интихобот ба ҷонибдории Ҷамшед Саидов овоз медиҳанд, иштибоҳ нахоҳанд кард.

Абдулмаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»