Ҷаласаи сеюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Гузориши мукаммал

№134-135 (4240-4241) 31.10.2020

Коллаж30 октябри соли 2020 соати 900 дар толори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаласаи сеюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид.

Раисикунанда: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Мувофиқи маълумоти пешакӣ, дар толор 28 нафар ­аъзои Маҷлиси миллӣ ва 61 нафар вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳузур доранд.

Бо мақсади дақиқ намудани шумораи иштирокчиён аз шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки бо истифода аз системаи овоздиҳии электронӣ аз қайд гузаред. Марҳамат.

Ҳоло дар толор 28 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ ва 61 нафар вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳузур доранд.

Дар Ҷаласаи сеюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашӯрзода Абдулҳафиз, раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Шоҳиён Шермуҳаммад, раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ, прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Зариф, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Бахтиёр Тавар, раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Чиллазода Қарахон, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Султонзода Сулаймон Саид, раиси Бонки миллии Тоҷикис­тон Нурмаҳмадзода Ҷамшед, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобозода Умед, кормандони масъули дастгоҳҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, инчунин, намояндагони воситаҳои ахбори омма, ки ба ҷаласа даъват шудаанд, иштирок доранд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ҳозирини гиромӣ!

Мутобиқи моддаи 9 — уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ҷаласаи сеюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).

РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Мутобиқи моддаи 4 — и ­Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, лозим аст, ки тартиби кори Ҷаласаи сеюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати шашумро тасдиқ намоем. Дар ин хусус лоиҳаи қарор ба шумо пешниҳод гардидааст.

Оид ба масъалаи мазкур чӣ гуна таклиф доред? Пешниҳоди баёнгардидаро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро тавассути системаи овоздиҳии электронӣ муайян намоед! Ташаккур!

Қарор қабул шуд.

РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Мутобиқи банди 1 — уми моддаи 9 — уми Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст, ки ҳайати котиботи Ҷаласаи сеюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро интихоб намоем.

Пешниҳод аст, ки котибот иборат аз се нафар ва дар ҳайати зерин ташкил карда шавад:

Раиси котибот - вакили Маҷлиси намояндагон Абдулхолиқзода Лутфия Абдулхолиқ

Аъзои котибот - узви Маҷлиси миллӣ Амонзода Илҳом Темур ва вакили Маҷлиси намояндагон Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин.

Доир ба ҳайати пешниҳодшуда чӣ андешаҳо ҳаст?

Лоиҳаи қарорро дар ин хусус ба овоз мемонам. Хоҳишмандам мавқеи худро тавассути системаи овоздиҳии электронӣ муайян намоед. Ташаккур.

Қарор қабул шуд.

Аз ҳайати котибот эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки ҷойҳои худро ишғол намуда, ба кор шурӯъ намоянд.

РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Мутобиқи моддаи 10 — и банди 2 Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон лозим аст, ки Комиссияи баҳисобгирии овозҳоро интихоб намоем. Пешниҳод аст, ки ҳайати он бо шумораи се нафар дар ҳайати зерини аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шавад:

Вакили Маҷлиси намояндагон Файзуллоев Машраб Қурбоналиевич — раис, узви Маҷлиси миллӣ Дӯстзода Ҳасан Тағдир ва вакили Маҷлиси намояндагон Холмаҳмадзода Солеҳа — аъзои комиссия.

Доир ба шумора ва ҳайати комиссия чӣ андешаҳо ҳаст? Ба овоз монда шавад?

Марҳамат, мавқеи худро тавассути системаи овоздиҳии электронӣ муайян намоед! Ташаккур! Қарор қабул шуд.

Аз Комиссияи баҳисобгирии овозҳо хоҳиш карда мешавад, ки фаъолиятро тибқи тартиботи муқарраргардида ба роҳ монад.

РАИСИКУНАНДА: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Мутобиқи моддаи 6-и Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд тартиби инъикоси кори ҷаласаро дар воситаҳои ахбори омма муайян намоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Фаттоҳзода Саидмурод Самад дода мешавад.

Саидмурод Фаттоҳзода: - Муҳтарам Раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ!

Муҳтарам Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир ­Зокирзода, Раёсат ва вакилони арҷманд!

Мутобиқи моддаи 6 Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қарор мекунанд:

1. Гузориш аз рафти Ҷаласаи сеюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум, маросими савгандёдкунӣ ва суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикис­тон, шабакаҳои муассисаҳои давлатии «Телевизиони Сафина», «Ҷаҳоннамо», «Баҳористон», радиои Тоҷикис­тон ва радиои «Садои Душанбе» ба таври мус­тақим ва такроран дар барномаҳои бегоҳирӯзии онҳо инъкиос карда шавад.

2. Маводи Ҷаласаи сеюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати шашум дар ҳаҷми пурра дар нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Садои мардум» чоп карда шавад.

3. Маводи Ҷаласаи сеюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум ба воситаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар», дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявии «Ҷумҳурият», «Народная газета» ва «Халқ овози», дар рӯзномаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятӣ, шаҳри Душанбе, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ чоп карда шавад.

РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Нисбат ба масъалаи мазкур чӣ гуна таклиф доред? Лоиҳаи қарорро, ки дар дастатон ҳаст, ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро тавассути системаи овоздиҳии электронӣ муайян созед. Ташаккур.

Қарор қабул шуд.

Раисикунанда: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Рӯзномаи Ҷаласаи сеюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум аз як масъала — «Савгандёдкунии Президенти тозаинтихобгардидаи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» иборат мебошад, ки дар ин бора лоиҳаи қарор манзури шумо гардонида шудааст. Вобаста ба ин масъала таклифу пешниҳоди дигар ҳаст?

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро тавассути системаи овоздиҳии электронӣ муайян намоед. Ташаккур.

Қарор қабул шуд.

РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ҳозирини гиромӣ!

Тавре огоҳӣ доред, дар Ҷаласаи сеюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати шашум Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон савганд ёд мекунанд. Маросими савгандёдкунӣ дар Маҷмааи давлатии «Кохи Сомон» бо иштироки аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Ҳукумат, роҳбарону кормандони масъули мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва ташкилотҳои байналмилалии муқими ҷумҳурӣ, инчунин, дигар шахсони расмӣ, баргузор мегардад.

(Гузориш аз ҷараёни Ҷаласаи сеюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум, маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дигар чорабиниҳои вобаста ба он дар ҳамин шумора муфассал чоп гардид).

***

Ҷаласаи сеюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум дар бинои Маҷмааи давлатии «Кохи Сомон» идома ёфт.

РАИСИКУНАНДА: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ҳозирини гиромӣ!

Мо ҳама аз савгандёдкунӣ ва суханронии пурмуҳтавои Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як ҷаҳон таассуроти нав гирифтем.

Бояд таъкид намоям, ки интихоботи президентии мо, чунонки ҳайати сершумори нозирони байналмилалию миллӣ арзёбӣ намуданд, воқеан озод, шаффоф ва дар асосҳои демократию алтернативӣ баргузор гардид, ки дар он мардуми заҳматқарини мамлакат бо эътимод ба ояндаи дурахшони худ ба ҷонибдории номзади арзанда овоз доданд, ки ин интихоб воқеан, аз рӯи самимияту маҳбубият ва аз ҳамдилии халқ бо Пешвои худ башорат медиҳад.

Албатта, мардуми шарифи Тоҷикистон гузаштаи начандон дури худро хуб дар ёд доранд ва бешубҳа, хуб низ дарк менамоянд, ки дастовардҳои беназири таърихию рушди бесобиқа ва босуботи кишварамон дар самтҳои сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ бевосита ба фаъолияти хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайвас­тагии бевосита доранд.

Аз муҳимтарин дастовардҳо дар ин давра таъмини сулҳу оромӣ, аз хатари нобудшавӣ наҷот додани давлатдории миллӣ, аз парокандагӣ раҳо бахшидани миллат ва ҳифзи якпорчагии марзу буми аҷдодиамон мебошад.

Талошу заҳматҳои пай дар пайи Пешвои миллат имконият фароҳам овард, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ сохтори мукаммали идоракунии давлатӣ, Ҳукумати муосир, Парламенти касбӣ ва дигар рукнҳои зарурии давлатдории худро тибқи меъёрҳои замони нав бунёд намоем.

Инчунин, бо қабул ва амалӣ намудани ҳадафҳои стратегӣ сатҳи зиндагии мардум дар ин давра бамаротиб боло рафт.

Итминони комил дорам, ки аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон пас аз шунидани савгандёдкунӣ ва суханронии Президенти маҳбубу тозаинтихобамон ба хотири таъмини иҷрои дастуру ҳидоятҳояшон дар самтҳои сиёсати дохилию хориҷии мамлакат, таъмини рушди босуботи иқтисодиёти миллӣ ва пурра татбиқ намудани ҳадафҳои стратегии кишвар тавассути пешниҳод ва қабули қонунҳои нав, такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷавобгӯ ба талаботи замон фаъолияти худро тақвият мебахшанд ва дар ин замина барои ба сатҳи шоиста расонидани зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон ибтикороти беназирро амалӣ хоҳанд кард.

Бо орзуҳои нек, дар симои шумо — ҳозирини арҷманд, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиҳатмандии бардавому фараҳмандии пойдор, хушбахтию саодати рӯзгор ва дар роҳи пурмасъулияти давлатдорияшон кушоишу барор ва самараҳои рӯзафзуни созандаву мондагорро таманно дорам.

РАИСИКУНАНДА: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ҳозирини гиромӣ!

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон савганд ёд карданд.

Ҳамин тариқ, талаботи моддаи 67-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро шуд.

РАИСИКУНАНДА: - Ҳоло сухан ба раиси котиботи ҷаласа — Абдулхолиқзода Лутфия Абдулхолиқ дода мешавад. Марҳамат.

Лутфия Абдулхолиқзода: — Муҳтарам Раиси Маҷлиси миллӣ, муҳтарам Раиси Маҷлиси намояндагон!

Ба унвони котиботи Ҷаласаи сеюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум ду ариза пешниҳод гардидааст, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ва чораҷӯӣ ба мақомоти дахлдор ирсол карда мешаванд.

РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Дар фарҷом ба Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Рустами ­Эмомалӣ ва шумо — аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон барои иштироки фаъолонаатон изҳори сипос намуда, ба шумо, пеш аз ҳама, саломатӣ, барори кор ва осудагии рӯзгорро орзумандам!

Бо ҳамин Ҷаласаи сеюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро пӯшида эълон менамоям.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).

Самариддин АСОЕВ,

Сайфиддин Суннатӣ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ