Бонги изтироб

Фароғат набояд ба фоҷиа табдил ёбад

№78 (3715) 01.07.2017

18-3Тибқи маълумоти оморӣ соли гузашта ва 5 моҳи соли равон ғарқшавии кӯдакону нав­расон бештар дар вилояти Хатлон рух додааст. Бино ба гуфти муовини командири гурӯҳи дуюми дастаи зудамали наҷотдиҳии Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон Собирҷон Собиров, дар 5 моҳи соли 2017 дар вилоят 12 нафар дар кӯлу дарё ва каналҳо ғарқ шуданд, ки 5 нафари онҳо ноболиғ мебошанд. Соли гузаш­та 46 нафар ғарқ шуда буданд, ки 30 фоизи онҳоро ноболиғон ташкил медоданд. 

Чун иқлими вилоят гарм аст, наврасону кӯдакон маҷбуранд, ки дар каналу дарё оббозӣ кунанд. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки он ҷавонону наврасон ва калонсолоне, ки ба ин ҳолат рӯ ба рӯ мешаванд, умуман аз нозукиҳои оббозӣ огаҳӣ надоранд.

Мушкилоти дигар кам будани воҳиди кории наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояту шаҳру ноҳияҳо аст. Ба ғайр аз ин, аксари омӯзгорони бахши тарбияи ҷисмонии мактабҳо аз оббозӣ камтар воқифанд.

Набудани ҳавзҳои дорои шароити зарурӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят мушкили дигар маҳсуб мешавад. Соли гузашта Саидшо ном хешам баъди муҳоҷирати падару модараш аз Россия ба Ватан баргашт. Ӯ дар он ҷо ду сол таҳсил карда буд. Ҳангоми оббозӣ маълум гардид, ки нозукиҳои шиновариро хеле хуб медонад. Зимни суҳбат иброз дошт, ки дар мактабҳои Россия онҳоро барои омӯзиши оббозӣ тибқи нақшаи муайян ба ҳавзҳои махсус ва аквапаркҳо мебурдаанд. Дар назди аксар боғчаҳои ин кишвар ҳавзҳои хурди шиноварӣ мавҷуданд, ки кӯдакони хурдсол ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд. Мутаассифона, дар вилояти Хатлон чунин шароит муҳайё нашудааст.

Масалан, дар шаҳри Қӯрғонтеппа, ки маркази маъмурии вилоят ба ҳисоб меравад, ду ҳавзи шиноварӣ мавҷуд аст. Дар бораи ҳавзҳои болопӯшидаю аквапарк ҳоҷати сухан рондан нест. Чанд сол қабл овоза шуд, ки аз ҷониби соҳибкоре аквапарки замонавӣ бунёд мегардад. Вале бо сабабҳои номаълум то ҳол иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор нагирифтааст.

Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ метавонад ҳангоми тарҳрезии мактабҳои нав бунёди чунин ҳавзҳоро ба нақша гирад. Бахусус, дар иқлими гарми вилояти Хатлон мавҷудияти ҳавзҳои оббозӣ тақозои замон аст.

  Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»