Мусоҳиба бо раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал — лейтенант Рустам Назарзода
- Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кай таъсис ёфт ва иҷрои кадом вазифаҳоро бар уҳда дорад?
- Таърихи ташкили хадамоти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ чандон қадим нест ва ба санаи пайдоиши ҳавопаймоҳои ҳарбӣ ва андешидани аввалин чораҳои муҳофизатии аҳолӣ иртибот дорад. Сабаб он буд, ки душман бо ҳавопаймо ба ақибгоҳи қувваҳо аз боло ҳамла мекард ва анборҳо, захираҳои эҳтиётиро несту нобуд карда, қувваҳои ҷангӣ ва таъиноти чорабиниҳоро аз байн мебурд. Дар ибтидо мудофиаи гражданӣ бо номи мудофиаи зидди қувваҳои ҳавопаймоии маҳаллӣ (МЗҚҲМ) амал мекард, ки аз соли 1918 то 1961 ин номро нигоҳ дошт.
7 октябри соли 1992 дар заминаи Кумитаи мудофиа, комиссариати ҳарбӣ ва Ситоди мудофиаи граждании Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Солҳои 1992-1994 дар таркиби Кумитаи мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ситоди мудофиаи гражданӣ амал мекард. Мувофиқи қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 августи соли 1994 дар заминаи Ситоди мудофиаи гражданӣ Кумита оид ба ҳолатҳои фавқулода ва корҳои мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 1999 Кумита ба вазорат ва 30-юми ноябри соли 2006 бо Фармони дигари Президенти Тоҷикистон вазорат ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд.
Айни замон Кумита ҳамчун мақомоти давлатии идораи мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи мудофиаи гражданӣ — маҷмӯи чорабиниҳои умумидавлатӣ, ҳуқуқӣ, мудофиавӣ, аз ҷумла ҳифзи аҳолӣ аз оқибатҳои офатҳои табиӣ, экологӣ, садамаҳои калони истеҳсолӣ, иншооти иқтисодӣ ва ғайра пеш мебарад.
- Таъминоти неруҳои ғайриҳарбии таркиби Кумита аз ҷиҳати моддию техникӣ чӣ гуна аст?
- Неруҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ дар Хадамоти мудофиаи гражданӣ ва иншоот дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиаи гражданӣ» ташкил шудааст. Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон айни замон Барномаи рушди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, ки ба беҳтар намудани иқтидори заминаи моддӣ-техникӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолият ва захираи кадрӣ равона гаштааст, дар арафаи тасдиқ қарор дорад.
Сохторҳои касбии садамавию наҷотдиҳӣ, аз ҷумла Раёсати маркази наҷотдиҳӣ, дастаҳои зудамали наҷотдиҳӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Хоруғ, шаҳраки Ғарм ва шаҳри Душанбе фаъолият менамоянд.
Дар доираи татбиқи «Барномаи рушди соҳаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ барои солҳои 2009-2014» аз ҳисоби маблағхои мутамарказонидашудаи Буҷети давлатӣ дар маҷмӯъ 32 техникаи садамавию наҷотдиҳӣ ва махсус харидорӣ гардид.
Мақсад дорем, ки дар водии Зарафшон низ як дастаи зудамали наҷотдиҳӣ таъсис дода, бо таҷҳизоти ҳозиразамони садамавию наҷотдиҳӣ таъмин намоем. Корҳои ташкилии он аллакай шурӯъ шудаанд. Ҳамчунин, дастаҳои Сарраёсати таъсирнокии фаъол ба ҷараёнҳои метеорологӣ барои мубориза бо жолазанӣ ва қисмҳои ҳарбии наҷоти кӯҳӣ дар иншооти зеризаминӣ фаъолият менамоянд.
- Дар ҳолати рӯй додани офатҳои табиӣ ҷиҳати наҷот додани зарардидагон, иншооти гражданию иқтисодӣ чӣ гуна тадбирҳо андешида мешаванд? Барои мисол хисороти солҳои охир бар асари офатҳои табиӣ ва корҳои барқароркуниро шарҳ медодед?
- Хисороти расида дар зарфи чанд соли охир бузург аст. Танҳо дар шаш моҳи соли 2016 бар асари селу ярч 10 нафар ҷони худро аз даст доданд. Соле қабл дар шаш моҳ 28 нафар ҳалок гашта буд. Андозаи зарари моддӣ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ 122 миллиону 130 ҳазору 300 сомониро ташкил дод.
Солҳои 1997 — 2015 дар ҷумҳурӣ ҷамъ 3326 офати табиӣ ба амал омадааст, ки бар асари онҳо 1111 нафар ба ҳалокат расидаанд. Мавриди зикр аст, ки баъд аз офатҳои табиии май-августи соли 2015 дар ВМКБ рухдода аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ 108 хонаи истиқоматӣ, ноҳияҳои Рашт — 44, Тоҷикобод — 10 ва Қубодиён 20 хонаи истиқоматӣ сохта, бо лавозимоти рӯзгор муҷаҳҳаз гардонда, ба зарардидагон супорида шудааст. Ҳамчунин, 16 хонаи истиқоматӣ дар ноҳияи Данғара барои зарардидагони ноҳияи Дарвоз сохта шуд.
Айни замон корҳои барқароркунии хонаҳои вайроншуда, ки бар асари заминҷунбии 7 декабри соли 2015 дар ВМКБ, селҳои моҳҳои май-июли соли ҷорӣ дар ноҳияҳои Рӯдакӣ, Рашт, Ашт ва шаҳри Панҷакент рух додаанд, идома доранд.
- Баҳри татбиқи тавсияҳои «Барномаи қолабии Сендай оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ дар солҳои 2015-2030» чӣ тадбирҳо роҳандозӣ шудаанд?
- 14-18 марти соли 2015 дар шаҳри Сендайи Профектураи Миогаи Ҷопон Конфронси сеюм оид ба коҳиши хавфи офатҳои табиӣ баргузор гардид, ки дар он «Барномаи қолабии Хиого барои солҳои 2010-2015» ҷамъбаст ва «Барномаи қолабии Сендай оид ба коҳиши хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2015-2030» қабул шуд. Дар он як ҳайати бонуфуз аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзид.
Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хавфи офатҳои табиӣ дар ду ҷаласа, ки 24-уми декабри соли 2015 ва 3-юми июни соли 2016 баргузор шуд, ба тасвиб расонидани «Барномаи давлатӣ оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд барои солҳои 2017-2030»-ро дар асоси тавсияҳои Барномаи Сендай мувофиқи мақсад шуморид. Қарор шуд, ки барои таҳияи барномаи нав гурӯҳи кории байниидоравӣ дар сатҳи коршиносон таъсис дода шавад.
Ҳамчунин, 12 — 14 июли соли 2016 бо мақсади татбиқи тавсияҳои «Барномаи қолабии Сендай оид ба коҳиши хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2015-2030» ҷаласаи якуми Платформаи минтақавии Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ оид ба коҳиши хавфи офатҳои табиӣ баргузор гардид. Ҳозирин ба хулоса омаданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони Осиё дар шаҳри Ню-Деҳлии Ҳиндустон моҳи ноябри соли ҷорӣ ва дар Анҷумани панҷуми ҷаҳонӣ оид ба коҳиши хавфи офатҳои табиӣ дар шаҳри Канкуни Мексика, моҳи майи соли 2017, Эъломияи Душанберо аз номи минтақа муаррифӣ намояд.
- Дар бораи ҳамкориҳо бо созмону ташкилотҳои байналмилалӣ чанд сухан мегуфтед?
- Дар 22 соли фаъолият миёни мо ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулода ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ 18 созишнома ба имзо расидааст. Дар ин робита роҳбарият ва мутахассисони соҳа дар кори чанд конфронс, вохӯрӣ, тренинг ва семинарҳо ширкати фаъолона доштанд. Чунончӣ, дар Иҷлосияи 22-юми Ассамблеяи генералии Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ (МОГО), ки 12-уми майи соли 2016 дар шаҳри Бишкек баргузор шуд, банда чанд дидору мулоқоти дуҷонибаи судманд, аз ҷумла бо дабири ин созмон доштам.
18 майи соли равон дар рафти баргузории IX-умин Толори байналмилалии воситаҳои таъминоти бехатарӣ — «Бехатарии маҷмӯӣ-2016» дар шаҳри Москва бо вазири ҳолатҳои фавқулодаи Федератсияи Россия В. Пучков вохӯрӣ намудам, ки дар он масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба, тайёрӣ ва бозомӯзии кормандон дар заминаи Академияи ҳифзи шаҳрвандии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Федератсияи Россия дар соли 2017, ҷиҳозонидани Маркази идоракунӣ ва сохторҳои дигар баррасӣ гардиданд. Инчунин, Нақшаи ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкориҳои дуҷониба барои солҳои 2017-2018 байни Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Федератсияи Россия ва кумитаи мо қабул шуд.
Дар заминаи идома додани ҳамкориҳои байналмилалӣ 5-уми августи соли 2016 маросими имзои лоиҳаи «Таҳкими иқтидор оид ба омодагӣ ва вокуниш миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон» баргузор шуд. Он аз ҷониби Ҳукумати Федератсияи Россия дар доираи Хазинаи трастовии Барномаи Рушди СММ маблағгузорӣ мешавад. Лоиҳа то соли 2018 идома меёбад ва маблағи он 1, 650, 000 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Мақсади асосии лоиҳа ба таҳкими иқтидор барои пешгирӣ ва вокуниш ба офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон равона шудааст, ки расонидани кумакҳои техникӣ, омӯзиш ва бозомӯзонидани кормандонро дар бар мегирад.
Аъзам Мӯсоев, «Садои мардум»