Синаи пурмеҳри модар то абад осуда нест…

№ 08.05.2018

Солҳои 70-уми садаи гузашта мо — бачаҳо вақте дар кӯча бозӣ мекардем, назди як ҳавлии маҳалла кампираке баромада, рӯйи хараки назди дарвоза менишасту ба атроф тамошо мекард. Аз ҳаёҳӯйи мо ба завқ омада, гоҳо табассум менамуд ва баъзан симояш ҷиддӣ мешуд. Он вақт намедонистем, ки кампирак — Бишарофат Мирмуллоева — модари шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ — Мирзоюсуфу Мирзоҷалил Ҳамдамовҳо буда, роҳи фарзандони дар ҷанг гумномшудаашро интизорӣ мекашад.

Соли 1989 аҳли маҳалла ба хотири шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар саҳни масҷиди деҳа, ки он солҳо фаъолият намекард, санги ёдгорӣ гузошта, ба он номи 12 нафар ҷавонмардоне, ки сокини маҳалла буданду дар солҳои гуногун ба фронт рафта, ҷони худро нисор карданд, ҳаккокӣ намуданд. Аз се оилаи маҳалла дунафарӣ бародарон ба ҷанг рафта, дигар барнагаштаанд. Дар миёни онҳо бародарон Мирзоюсуфу Мирзоҷалил Ҳамдамовҳо низ ҳастанд. Онҳо касби падар — дуредгариро пеша карда буданд. Бародари калонӣ — Мирзоюсуф 10 январи соли 1942 ба ҷабҳа фиристода шуд. Соле пас бародари хурдӣ — Мирзоҷалил низ ба фронт рафт ва дар ҷанг қаҳрамонона ҳалок гардид.

Чанде пеш аз бойгонии  полковники мустаъфӣ Исобой Усмонов  мактуби аз фронт навиштаи тағояш Мирзоюсуф ва даъватномаи ба фронтравии аз Шӯрои қишлоқ додаву расми онҳоро дарёфт кардам.

Номбурда, ки дар натиҷаи ҳуҷуми ноҷавонмардонаи дастаи Маҳмуд Худойбердиев ба вилояти Суғд аз як пой маҳрум шудааст, нияти маро фаҳмида, саргузашти талхи модаркалону тағоҳояшро чунин нақл кард:

- Аз рӯйи гуфти модаркалонам, тағои калониам Мирзоюсуф, бақувват будаанд. Дар рӯзҳои иди Истак (иди Наврӯзи хуҷандиён) дар мусобиқаи гӯштингирӣ доимо ғолиб меомаданд.

Охирин мактуби тағои калониам Мирзоюсуф 20-уми декабри соли 1943 аз фронти Харков ба модараш расидааст.

Ӯ инро гуфту ба ман лифофа- мактуби сегӯшаро дароз кард, ки бо гузашти солҳо рангаш парида, зард шудааст. Номаро базӯр хондам, зеро он бо алифбои лотинӣ ва бо қалам навишта шуда буд. Дар аввалин нома аз 27 майи соли 1942 аскари қаторӣ Мирзоюсуф Ҳамдамов баробари ҳолпурсии хонадонаш чунин менависад: «…мо қасам ёд кардем, ки Ватанамонро бар ивази ҷон бошад ҳам, аз душман ҳимоя мекунем».

Исобой оҳе кашиду идома дод: — Маълум, ки онҳо дар ҷанг ҳалок шудаанд. Вале меҳри модарро бинед, ки бо вуҷуди солҳои зиёд сипарӣ шудан ӯ ба марги фарзандон бовар намекард. То лаҳзаи вопасини ҳаёт умедвор буд, ки ҷигарбандон аз ҷанг омада, ҳавлиро пур мекунанд. Умедвории модаркалон асос дошт. Аз рӯйи нақлашон, он кас хоб мебинанд, ки пирамарди нуроние гуфтааст: «Ноумед нашав, писаронат зинда, онҳо бармегарданд».  Ҳар замон чун ба хонааш меҳмонӣ мерафтем, медидем, ки дар тоқи хона ду нони газидаи фарзандонро боэҳтиёт нигоҳ медоштанд.

Ҳамсуҳбатам аз қабати ҳуҷҷатҳои сершумор ба ман расми тағоҳои шаҳидаш ва шиносномаи Мирзоюсуфро, ки 9 сентябри соли 1937 Комиссариати корҳои дохилии ноҳияи Ленинобод (НКВД) додааст, дароз кард. Тавре аз қайдҳои шиноснома бармеояд, Мирзоюсуф 14 октябри соли 1931 ба хизмати ҳарбӣ давъат шуда, 16 январи соли 1939 аз хизмати ҳарбӣ баргаштааст. Баъди се сол ба фронт рафтааст. Раиси Шӯрои қиш­лоқ  Р. Нишонов 10 январи соли 1942, таҳти №27 даъватномаро фирис­тода, таъкид мекунад, ки «…шуморо НКВД-и райони Ленинобод 10 январи соли 1942 соати 8-и бегоҳ ба идораи худ даъват менамояд. Дар вақти нишондодашуда ҳозир шавед. Агар дар вақти нишондодашуда ҳозир нашавед, шумо ба ҷавобгарӣ кашида мешавед…».

- Табиист, ки тағоям баробари гирифтани даъватнома ба НКВД-и район ҳозир мешаванд, — ба нақл идома дод Исобой. — Зеро сиёсати давлату ҳукумат солҳои ҷанг хеле сахт буд. Акнун тасаввур кунед, аҳволи модареро, ки 8 соли хизмати ҳарбӣ аз дидори фарзанди дилбанд маҳрум буду ӯро боз ба фронт мефиристонанд. Он вақт Мирзоюсуф 38 сол дошт. Дертар тағои хурдиам Мирзоҷалил дар синни 18 ба ҷанг рафт. Сад афсӯс, ҳар ду ҳалок шуданд, аммо модар ба марги фарзандон бовар намекард…

Шарофатхола то охири умр ҳатто дарвозаи ҳавлиашро шабона ҳам қулф намезад, ки мабодо ҷигарбандон омада, дари ҳавлиро маҳкам ёбанд.

- Вақте рӯзҳои беморӣ модаркалон рӯйи ҷогаҳ мехобиданд, ҳамеша чашм ба шифти хона — сӯйи нонҳои насибаи писарон медӯхтанд. Вопасин лаҳзаҳои умр ба шифти хона нигоҳ карда  гуфтанд:

- Оҳ, бачаякҳои бува, дидор ба қиёмат мондем… Ва бо ҳамин аз дунё гузаштанд… Вазнинтар аз ҳама он буд, ки вақте сандуқро мекушоянд, дар ду буғча ҷиҳози арӯсии Мирзоюсуфу Мирзоҷалил нигоҳ дошта мешуд…

Исобой инро гуфту дигар худро нигоҳ дошта натавонист ва ашк аз дидагонаш ҷорӣ шуд… Он лаҳза беихтиёр байти шоире ба хотирам омад, ки меҳру муҳаббати беохири модар ба фарзанди дилбандро баён мекард:

Синаи пурмеҳри модар то абад осуда нест,

Қалби ӯ дар зери гӯраш ёди фарзандон кунад.

Мирзоаъзам Мақсудов,

«Садои мардум»