Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи аз вазифаи ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода озод намудани Раҷабзода Маҳмадулло

№143 (4249) 26.11.2020

аз 24 ноябри соли 2020, № 607, ш. Душанбе

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Раҷабзода Маҳмадулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода озод карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН