Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Хоҷа Муҳаммад Асиф

№32 (3669) 22.03.2017

33445376686_8f9fd59ce7_o17 марти соли 2017 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири федералии обу энергетика ва мудофиаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Хоҷа Муҳаммад Асифро ба ҳузур пазируфтанд.

Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аз таҳкиму тавсеаи робитаҳои гуногунсамти давлатҳо, ки имсол аз барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ бо онҳо 25 сол пур мешавад, изҳори қаноатмандӣ намуданд. Таъкид шуд, ки самараи онҳо дар рушди ҳамкории кишварҳо дар соҳаҳои энергетика ва амниятӣ ба таври назаррас мушоҳида мегардад.

Ҷонибҳо ба натиҷаи ҳамкории муштараки сохторҳои қудратӣ, ниҳодҳои мудофиавию хадамоти амниятии Тоҷикистону Покистон дар самти мубориза алайҳи чолишҳои амниятии минтақа, бахусус терроризм ва ифротгаройӣ, баҳои арзанда доданд.

Ҳамкории низомию техникии ду кишвар, бахусус кумакҳои техникӣ ба Тоҷикистон, барои мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавӣ дар сарҳади давлатӣ муҳиму назаррас маънидод гардид.

Дар мулоқот, ҳамчунин масоили ҳамкорӣ дар бахшҳои дорои аҳамияти минтақавӣ — энергетика, соҳаи нафту газ, истифодаи имкониятҳои нақлиётию транзитӣ баррасӣ гардида, фаъолгардонии Гурӯҳи муштараки корӣ оид ба масъалаҳои энергетика ва инфрасохтор, фаъолияти самарабахши зергурӯҳи муштараки он оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи нафту газ дар самти татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ, аз ҷумла амалигардонии барномаи CASA -1000, барои ҳар ду ҷониб манфиатбахш арзёбӣ шуд.

Пешниҳод гардид, ки барои зиёд кардани ҳаҷми мубодилаи мол миёни кишварҳо, бо дарназардошти зарфиятҳои бузург дар ин самт, аз фаъолияти ҳадафманду босифати Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ истифода карда шавад.

 www.president.tj