Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин

№154 (4104) 24.12.2019

49250305893_c5153b075a_o20 декабри соли 2019 дар шаҳри Санкт-Петербург Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи ғайринавбатии сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин мулоқот карданд.

Дар ҷараёни он ҳамкории стратегии ҳар ду кишвар ва масъалаҳои алоҳидаи вазъияти байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор доштанд.

Ҷонибҳо рафти татбиқи тадбирҳо оид ба ҳалли масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, бахусус, масъалаи эълони афви навбатии муҳоҷирон — шаҳрвандони Тоҷикистонро дар Россия баррасӣ карданд.

Ҳамчунин, масъалаи муҷаҳҳаз гардонидани артиши Тоҷикистон бо лавозимот ва техникаи муосири низомӣ тибқи барномаҳои қабулшуда баррасӣ гардид.

Зимни мубодилаи афкор дар атрофи вазъияти байналмилаливу минтақавӣ ҷонибҳо бо ишора ба ҳолати нигаронкунандаи Афғонистон зарурати таҳкими ҳифзи сарҳадоти Тоҷикистону Афғонистонро таъкид карданд.

www.president.tj