Восеъ. Ба буҷет беш аз 65 миллион сомонӣ ворид шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2025 дар ноҳияи Восеъ нақшаи андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 109,5 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 65 миллиону 358 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд.
Тавре муовини сардори нозироти андози ноҳия Юнус Кабиров изҳор дошт, нақшаи андози иҷтимоӣ 101,1 фоиз ва нақшаи андоз аз молу мулки ғайриманқул 120 фоиз иҷро шуда, ба буҷет 12 миллиону 989 ҳазору 985 сомонӣ ворид гардид. Инчунин, аз ҳисоби нақшаи андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард - 130,7 фоиз, ба буҷет 6 миллиону 556 ҳазору 941 сомонӣ ворид шудааст.
Дар давраи зикршуда ҷиҳати маҷбуран ситонидани бақияпулиҳои қарзи андоз аз тарафи кормандони нозироти андози ноҳияи Восеъ чораҳои зарурӣ амалӣ гардида, дар натиҷа беш аз 3 миллион сомонӣ ба буҷет ворид гардидааст.
Дар ҳамин давра нисбати 160 андозсупорандаи ноҳия ба маблағи 310 ҳазору 822 сомонӣ протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ин ҳисоб маблағи 180 ҳазору 120 сомонӣ ба буҷет ворид карда шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар ноҳия 6990 субъекти хоҷагидор ҳамчун андозсупоранда фаъолият менамояд.
Исломи РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
