https://sadoimardum.tj

Алӣ Фаттоҳӣ: «Таваҷҷуҳи роҳбарияти Тоҷикистон ба варзиш шоистаи таҳсин аст»

22 окт 2025, 09:40
5

Бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Маркази такмили ихтисоси кормандони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» барои мураббиёни волейболи мамлакат курси такмили ихтисос доир шуд.

Мутахассиси шинохтаи байналмилалӣ, доктори илмҳои биомеханика, профессор Алӣ Фаттоҳӣ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ба иштирокчиёни давраи такмили ихтисос усулҳои пешрафтаи илмӣ ва таҷрибаи ҷаҳониро дар соҳаи волейбол омӯзиш дод.

- Варзиш оинаи неру ва ваҳдати миллат аст. Ин давраи омӯзишӣ рамзи талоши  пайвастаи мураббиён ва варзишгарони тоҷик барои  расидан ба  комёбиҳои нав мебошад. Курси такмили ихтисос мутобиқ ба стандарти Федератсияи ҷаҳонии волейбол (Level 2) доир гардида, ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи касбии мураббиёни тоҷик, омӯзишу  амалисозии таҷрибаи муосир ва таҳкими низоми тайёрии варзишгарон мебошад,- иброз намуд сардори хадамоти иттилоот ва матбуоти Муассисаи давлатии «Маркази такмили ихтисоси кормандони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» Мирзосафар Шамсиддинов.

- Дар ин кишвари зебо имкони рушд ва  ноил гаштан ба дастовардҳои бузург дар риштаи волейбол мавҷуд аст. Мо шоҳиди босуръат афзоиш ёфтани теъдоди иншооти варзиш дар ин кишвари ҳамзабон шудем, ки аз таваҷҷуҳи қобили таҳсини роҳбарияти давлати Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад. Барномаи омӯзишии мо асосҳои  назариявӣ ва таълими бозӣ, нақши мураббӣ ва масъулиятҳои ӯ, усулҳои гармкунии ҷисмонӣ, моделҳои рушди бозингар ва ташкили даста, банақшагирии тамринҳо, омодагии ҷисмонӣ ва даврабандӣ, равоншиносии варзиш ва таҳлили бозиҳоро дар бар гирифт,- гуфт зимни суҳбат Алӣ Фаттоҳӣ.

Соли равон чорабинии мазкур шашумин курси байналмилалӣ мебошад, ки бо даъвати мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: