«Бахтиёр Худойназаров: синамои Шарқ аз нигоҳи нав»
Бо ҳамин ном 16-уми октябри соли равон дар шаҳри Душанбе дар доираи Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии «Тоҷи Сомон» форуми махсус бахшида ба 60-солагии коргардони маъруфи тоҷик Бахтиёр Худойназаров баргузор гардид.
Дар кори форум чеҳраҳои шинохтаи соҳаи синамо аз Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла коргардон Валерий Ахадов, нависанда ва сенариянавис Ираклий Кварикадзе, коргардони афғонистонӣ Сиддиқ Бармак, оҳангсоз ва ҳунарманд Далер Назаров, коргардони рус Георгий Дзалаев ва дигарон ширкат доштанд.
Дар оғоз рӯнамоии китоби «Навори хотира: зиндагиномаи Бахтиёр» баргузор шуд, ки аз ҷониби Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр гардидааст. Китоб зиндагӣ, фаъолияти эҷодӣ ва нақши Бахтиёр Худойназаровро дар ташаккули синамои муосири тоҷик инъикос менамояд.
Иброз гардид, ки Бахтиёр Худойназаров тавонист синамои тоҷикро ба сатҳи байналмилалӣ барорад ва зиндагии мардумро бо забони умумибашарӣ дар филмҳои худ таҷассум кунад.
Филми нахустини ӯ «Бародар» (1991), ки ба достони ду бародар бахшида шудааст, соҳиби ҷоизаҳои зиёди байналмилалӣ гардид. Баъдтар филмҳои «Кош ба гӯшамон расад…», «Қош ба қош», «Падари маҳтобӣ», «Дар интизори баҳр» ва «Гетераҳои майор Соколов» ӯро ба зумраи коргардонҳои шинохтаи ҷаҳонӣ ворид карданд.
Сумани УБАЙДУЛЛО,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
