https://sadoimardum.tj

Яғноб ба марҳилаи нави рушд ворид мешавад

22 окт 2025, 10:41
7

Дар водии Яғноб се кӯпруки нави мошингард ифтитоҳ ёфт. Ин иқдом водиро аз бунбасти тӯлонии коммуникатсионӣ раҳо намуда, барои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ шароити мусоид фароҳам меорад.

Кӯпрукҳо бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ — Ҳоҷимурод Боқиев, Тағоймурод Қурбонов, Бобохон Бобохонов ва дастгирии сокинон бунёд гардиданд. 

Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода ба соҳибкорон барои ташаббус ва ҳиссагузории ватандӯстона изҳори сипос намуда, ташаббуси онҳоро намунаи ибрат хонд.

Инчунин, дар масири роҳ то охирин деҳаи водӣ соли ҷорӣ беш аз 15 километр роҳ навсозӣ шуда, корҳои боқимонда дар 7 километр роҳ то охири моҳ ба анҷом мерасад.

Бо ба истифода додани роҳу кӯпрукҳо имкониятҳои нави робита, рушди истеҳсолот ва сайёҳӣ фароҳам омада, Яғноб ба марҳилаи нави рушду шукуфоӣ ворид мешавад.

Ҷ. САБОҲИДДИН,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: