https://sadoimardum.tj

Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шукуфоии Тоҷикистон натиҷаи сиёсати хирадмандона ва бунёдкорона аст

№:2 (5054), 05 янв 2026, 19:22
4

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҳамчун натиҷаи сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Сарвари давлат, нақш ва саҳми ҳалкунандаи ӯро дар рушди устувори иқтисоди миллӣ, низоми молиявию бонкӣ ва соҳаҳои воқеии иқтисод инъикос намуда, самтҳои асосии пешрафти мамлакатро дар марҳалаи нави рушд муайян менамояд. Дар Паёми навбатӣ дастовардҳо, мушкилот ва дурнамои рушди иқтисоди миллӣ, молияи давлатӣ ва бахши бонкӣ бо истинод ба далелу рақамҳои мушаххас таҳлил гардида, вазифаҳои аввалиндараҷа барои таъмини пешрафти минбаъдаи мамлакат баён шудаанд.

Саноат

Ба мақсади ноил гардидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар дар давраи татбиқи он, яъне дар 7 соли охир, беш аз 2600 корхонаи саноатӣ бо ташкили зиёда аз 87 ҳазор ҷойи корӣ сохта ба истифода дода шудааст. Аз ҷумла, соли 2025-ум 400 корхонаи истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намудааст.

Истеҳсоли маҳсулоти соҳаи маъдан аз 7,7 миллиард сомонии соли 2020 ба 26 миллиард сомонӣ дар соли 2025 расида, афзоиши ин нишондиҳанда 3,4 баробар таъмин шудааст. Агар дар соли 1991 дар соҳаи маъдан танҳо 3 номгӯйи маҳсулот (тилло, нуқра ва хокаи сурб) истеҳсол гардида бошад, пас дар соли 2025 ба 17 номгӯй расонида шудааст. Ҳоло истеҳсоли тилло назар ба соли 1991-ум 7 баробар, нуқра 6 баробар ва хокаи сурб 9 баробар зиёд гардидааст.

Тадбирҳои дар самти саноатикунонии босуръати кишвар андешидашуда имкон доданд, ки дар ҳафт соли охир истеҳсоли маҳсулоти соҳа дуюним баробар афзоиш ёфта, дар соли 2025 ба 66 миллиард сомонӣ расонида шавад. Суръати рушди соҳаи саноат дар соли 2025-ум 22 фоизро ташкил дод.

Энергетика

Дар даҳ соли гузашта соҳаи энергетикаи кишвар ба маблағи беш аз 60 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ шудааст, ки дар натиҷа, истеҳсолии неруи барқ 1017 мегаватт афзоиш ёфт. Танҳо аз ҳисоби таҷдиду нав­созии неругоҳҳои амалкунанда иқтидорҳои истеҳсолӣ 200 мегаватт зиёд гардидааст. Аз ҷумла, соли 2025 таҷдиду навсозии Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» ба маблағи 1,8 миллиард сомонӣ пурра анҷом дода шуда, иқтидори истеҳсолии он аз 114 мегаватт ба 174 мегаватт, яъне 60 мегаватт, зиёд шуд. Дар ин давра истеҳсоли неруи барқ дар кишвар 7 миллиард киловатт/соат ё 40 фоиз зиёд гардида, аз 17,2 миллиард киловатт/соати соли 2015 ба 24,2 миллиард киловатт/соат дар соли 2025 расидааст.

Танҳо дар ҳафт соли охир дар мамлакат 2600 корхонаи нави истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз кардааст, ки ин ҳама боиси афзоиши истеъмоли неруи барқ гардидааст. Мутаассифона, талафоти неруи барқ ҳоло ҳам зиёд буда, беш аз 3 миллиард кв/соатро ташкил медиҳад.

Ҳоло корҳои лоиҳавии сохтмони ду неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт-250 мегаватт дар вилояти Суғд ва 250 мегаватт дар вилояти Хатлон оғоз гардида, то моҳи августи соли 2026 ба истифода супорида мешаванд.

Бо истифода аз ҳамаи захираву имкон раванди сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» идома дорад. Инчунин, дар давоми ду соли оянда бо ҷалби сармояи мустақим дар кишвар неругоҳҳои барқи офтобӣ бо иқтидори умумии 1500 мегаватт мавриди истифода қарор дода мешаванд.

Кишоварзӣ

Бо вуҷуди тағйирёбии иқлим, аз ҷумла ҳарорати баланди ҳаво, соли 2025 дар натиҷаи заҳмати софдилонаи кишоварзони мамлакат суръати рушди соҳаи кишоварзӣ ба 8,5 фоиз расида, фаровонии бозори истеъмолӣ таъмин шудааст.

Ҳамчунин, сатҳи ҳифзи амнияти озуқаворӣ аз 60 фоизи соли 2015 то 85 фоиз дар соли 2025 зиёд гардид.

Нақлиёт

Барои беҳтар намудани вазъи роҳҳои мошингард ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ҳоло татбиқи 16 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 11,3 миллиард сомонӣ идома дорад. Соли 2025-ум дар доираи лоиҳаҳои зикршуда ба маблағи зиёда аз 5,4 миллиард сомонӣ 236 километр роҳҳои мошингард ва дигар иншооти роҳу нақлиёти мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ бунёдгардида ба истифода дода шуданд. Роҳҳои Обигарм-Нуробод ва Роғун ба дарозии умумии 87 километр, 109 километр роҳи Қалъаихумб-Ванҷ, 40 километр роҳҳои байналмилалӣ дар вилояти Суғд, 30 пули хурду бузург, 5 нақб ва 6 долони зидди тарма ба дарозии 13 километр аз ҳамон ҷумлаанд.

Ҳоло бунёди 50 километр роҳи Данғара-Гулистон, 33 километр роҳи Гулис­тон-Фархор ва боз 12 километр роҳҳои байналмилалӣ дар вилояти Суғд ба маблағи умумии 2 миллиард сомонӣ идома дорад.

Соли 2025 сохтмони пули калонтарин дар кишвар аз болои обанбори Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо дарозии 920 метр ва 3 пули мошингузар ба дарозии 368 метр оғоз гардид, ки маблағи умумии онҳо 900 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Соли 2026 сохтмону навсозии 300 километр роҳҳои мошингарди байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ба маблағи умумии 3 миллиард сомонӣ оғоз мегардад.

Қобили зикр аст, ки дар се соли охир дар кишвар беш аз 3 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ, аз ҷумла 2,6 ҳазор километр аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолӣ, бунёду таҷдид гардида, ҳоло ин иқдоми нек бомаром идома дорад.

Соҳаҳои иҷтимоӣ

Ҳиссаҷудокунии молиявӣ барои соҳаҳои иҷтимоӣ соли 2026 ба маблағи 29,5 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2024-ум 8,7 миллиард сомонӣ ё 41,8 фоиз зиёд мебошад.

Барои соҳаи маориф дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025-ум 25,4 фоиз ва нисбат ба даҳ соли қабл, яъне соли 2015-ум, панҷуним баробар зиёд мебошад.

Фарҳанг

Ба ин масъалаи муҳим ҳамеша таваҷҷуҳ зоҳир гардида, дар даҳ соли охир 150 иншооти соҳаи фарҳанг сохта ба истифода дода шудааст ва 350 иншооти дигари соҳа таъмиру навсозӣ гардидааст.

Дар ин давра бо дастури Роҳбари давлат 3 миллиону 200 ҳазор нусха китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ чоп ва ба аҳолии мамлакат ройгон туҳфа карда шуд.

Соли равон бо саъю талошҳои кишвари мо 11 ёдгории мероси фарҳангии Хутали қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд.

Ҳамчунин, ба Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастур дода шуд, ки ҷиҳати дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе бунёд намудани Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ чораҷӯйӣ намоянд.

Ҳамчунин, бо назардошти фалсафаю ҳикмати ҷовидонаи Наврӯз, суннату анъанаҳои башардӯс­тонаи он ва истифодаи онҳо барои тарбияи наслҳои оянда дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалии Наврӯз бунёд мегардад.

Тандурустӣ

Дар даҳ соли охир дар кишвар аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 1300 иншооти соҳаи тандурустӣ ба маблағи беш аз 5,3 миллиард сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст.

Агар маблағгузории соҳа аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар соли 2015-ум 1 миллиарду 37 миллион сомониро ташкил дода бошад, пас он дар соли 2025 ба 4 миллиарду 300 миллион сомонӣ расид.

Яъне, буҷети соҳа дар ин давра беш аз 4,2 баробар зиёд гардида, дар даҳ соли охир 26 миллиарду 300 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Шуғли аҳолӣ

Тоҷикистон кишвари дорои захираҳои зиёди қувваи корӣ буда, афзоиши он дар давоми даҳ соли охир ду фоизи солона, яъне, беш аз 880 ҳазор нафарро ташкил додааст.

Ҳар сол дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишвар зиёда аз 200 ҳазор ҷойи кории нав таъсис дода шуда, беш аз 150 ҳазор хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ба бозори меҳнат ворид мегарданд.

Бинобар ин, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва вазорату идораҳо супориш гирифтанд, ки татбиқи самарабахши нишондиҳандаҳои пешбининамудаи барномаҳои давлатиро ҷиҳати дар панҷ соли оянда таъсис додани 1 миллиону 400 ҳазор ҷойи кор ва дар ин раванд баланд бардоштани нақши соҳибкории хурд, косибӣ ва ҳунарҳои мардумиро таъмин созанд.

Дар ин баробар, бо назардошти имкони имрӯзаи иқтисодӣ ва зарурати боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ супориш дода шуд, ки аз 1 сентябри соли 2026:

- маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурус­тӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шаванд;

- музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад;

- ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар 1300 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.

Ҳамзамон, бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ аз 1-уми сентябри соли 2026 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва андозаи нафақаи заминавӣ дар сатҳи таварруми соли 2025, вале на кам аз 15 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия (зиёд) мешаванд.

Аз 29 ҳазор иншооту биноҳои ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифташуда то имрӯз 26 ҳазори онҳо ба истифода дода шудаанд, ки беш аз 70 фоизашон аз ҳисоби соҳибкорону сокинони ватандӯсти кишвар мебошад.

Дар баробари ин, пешниҳод гардид, ки соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» ба ифтихори Ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлати кишвари азизамон эълон карда шавад.

Далелҳои пешниҳодшуда гувоҳи онанд, ки дар даҳсолаи охир Тоҷикистон ба натиҷаҳои назаррас дар соҳаҳои иқтисоди воқеӣ ва молияи давлатӣ ноил гардидааст. Афзоиши чандинкаратаи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, болоравии даромади пулии аҳолӣ, коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ, таҳкими пойгоҳи даромади буҷети давлатӣ ва васеъ гардидани имкони сармоягузорӣ далели татбиқи сиёсати мутавозин ва самараноки иқтисодӣ мебошанд. Ҳамзамон, рушди устувори бахши хусусӣ, афзоиши ҳиссаи он дар истеҳсол ва шуғли аҳолӣ, инчунин, густариши қарздиҳӣ ба соҳаҳои афзалиятнок нақши низоми бонкӣ ва молиявиро дар пешбурди иқтисоди миллӣ боз ҳам тақвият бахшидааст.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба рақамикунонии иқтисод, густариши пардохтҳои ғайринақдӣ, баланд бардоштани шаффофият дар муносибатҳои молиявӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар идоракунии давлатӣ аҳамияти махсус зоҳир шуд. Ин равандҳо барои коҳиш додани таъсири омили инсонӣ, баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ ва таҳкими интизоми молиявӣ заминаи устувор фароҳам меоранд. Ҳамчунин, рушди иқтисоди «сабз», бозори сармоя, ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки «сабз», такмили механизмҳои қарздиҳии дарозмуддат ва таъсиси Фонди кафолати қарзҳо омили муҳими дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва рушди воқеии иқтисод арзёбӣ мегарданд.

Муҳим он аст, ки сиёсати молиявию бонкӣ бо ҳадафҳои иҷтимоӣ пайванди устувор дорад. Баланд бардоштани маош, нафақа ва стипендия­ҳо, афзоиши маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ, маорифу тандурустӣ ва дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ гувоҳи онанд, ки рушди иқтисодӣ, пеш аз ҳама, ба беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум равона гардидааст.

Ин маҷмуаи нуктаҳо ҳамчун манбаи муҳими таҳлилӣ барои омӯзиши сиёсати иқтисодӣ, бонкӣ ва молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат намуда, таҷассумгари саҳми барҷастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул, таҳким ва рушди ҳамаи соҳаҳо буда, барои таҳияи барномаҳо, стратегияҳо ва тадқиқоти илмии минбаъда дар соҳаи иқтисоди миллӣ ва низоми молиявӣ заминаи боэътимод фароҳам меорад.

Аламхон НАИМӢ,

корманди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Ҳамчунин дигар маводҳо: