Аз комиссияи АБ СААД оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкории байналмилалӣ
8-уми октябри соли 2025 дар шаҳри Санкт-Петербург ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкории байналмилалӣ баргузор шуд, ки дар кори он вакили Маҷлиси намояндагон Нилуфар Имомзода иштирок намуд.
Дар ҷаласа рафти татбиқи афзалиятҳои раёсати Ҷумҳурии Қирғизистон дар СААД, фаъолияти созмон дар давраи байни иҷлосияҳо, лоиҳаи Қонуни намунавии СААД «Дар бораи мақоми хизматчиёни давлатии байналмилалӣ» ва рафти тасвиби шартномаҳои байналмилалии дар доираи СААД басташуда баррасӣ гардиданд.
Гуфта шуд, ки дар панҷ соли охир дар самти таҳия ва қабули қонунҳои намунавӣ вобаста ба таъмини амният ва тавоноии дифоии кишварҳои узви СААД корҳои зиёде анҷом дода шудааст. Ҳоло вазифаи асосӣ аз он иборат аст, ки барои панҷ соли оянда аз ҷониби кишварҳои узви СААД афзалиятҳои қонуни нав ва татбиқи модели нав истифода шавад.
Таъкид шуд, ки дар ҷараёни иҷрои бахши аввали «Барномаи таъмини меъёрию ҳуқуқии фаъолияти низоми амнияти дастҷамъии кишварҳои узви СААД барои солҳои 2021- 2024» аз ҷониби комиссияҳо 28 санади меъёрӣ ва тавсияҳо қабул шудааст.
Файзулло НАҶМИДДИНИЁН,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМО ҶТ
Ҳамчунин дигар маводҳо:
