https://sadoimardum.tj

ТОҶИКИСТОНУ РОССИЯ таъмиқи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ

№:126 (5022) 24 окт 2025, 14:12
11

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо расидан ба истиқлоли сиёсӣ ба марҳилаи нави муносибатҳои сиёсӣ қадам гузошт ва ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Дар марҳилаи аввали шаклгирии сиёсати хориҷӣ дарҳои худро ба рӯи ҳамаи кишварҳои олам кушод ва бо эъломи сиёсати «дарҳои боз» равобити байналмилалиро бо кишварҳои дуру наздик барқарор намуд.

Яке аз аввалин кишварҳое, ки робитаи дипломатии худро бо Ҷумҳурии Тоҷикис­тони барқарор намуд ва истиқлолияти онро эътироф кард, Федератсияи Россия ба шумор меравад. Қобили зикр аст, ки муносибатҳои дипломатии ду давлат дар давраи соҳибистиқлолии ҳарду кишвар ба худ ранги дигар касб карда, давра ба давра тақвият ёфтаанд. Равобити Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия аз рӯзҳои аввали истиқлолият бар пайвандҳои бисёрсолаи дӯстӣ асос ёфта, ҳамкориҳои ҳам дуҷониба ва ҳам дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ дар ҳоли густариш қарор доранд.

 Дар таҳкиму тақвияти робитаҳои шарикӣ, густариш ва тавсеаи муносибатҳои дуҷониба нақши роҳбарони ду давлат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин беандоза бузург буда, ба шарофати вохӯриҳои сатҳи олӣ, ҳамкориҳои дуҷониба мақоми хоси шарикии стратегиро касб кардаанд. Иродаи сиёсӣ ва мавқеи устувори роҳбарияти олии ҳарду кишвар дар ҳалли хатарҳои воқеиву эҳтимолӣ, таҳдидҳо ба истиқлолу амнияти кишварҳо, робитаҳои ду давлатро боз ҳам мустаҳкам намудааст. Вохӯрию мулоқотҳои доимии президентҳои ду кишвар дар рафти ҷаласаҳои Шурои сарони давлатҳои узви ИДМ ва Шурои байнидавлати давлатҳои узви ҳамкории иқтисодии Авруосиё, Шурои бехатарии давлатҳои узви СААД, саммитҳои Созмони ҳамкории Шанхай аҳамияти сиёсӣ дошта, дар заминаи онҳо ҳамкориҳои судманди муштарак шакл гирифтаанд. Дар рафти ин вохӯриҳо ба масъалаҳои воқеӣ, ба монанди баланд бардоштани сифатнокии ҳамкории бисёрнақшавии тарафайн, бехатарии минтақавию ҷаҳонӣ ва мустаҳкам гардонидани раванди ҳамгироӣ, диққати махсус дода мешаванд.

Аз ҷумла, соли 2025 низ муносибатҳои дуҷониба густариш пайдо карданд. Давоми имсол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бо В. В. Путин чор маротиба дидору гуфтушунид анҷом дода, чор маротиба суҳбати телефонӣ доштанд. 

Шоми 8 октябри соли 2025 Президенти Федератсияи Россия бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Ин сафар дар рӯзҳое сурат гирифт, ки Тоҷикистон мизбони ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҳамоиши Россия – «Осиёи Марказӣ» буд. Ин саммитҳо мавзуъҳои таъмини амният, ҳамкориҳои иқтисодӣ, ҳамгироӣ ва рушдро дар сатҳи минтақавӣ фаро гирифтанд. 

Дар доираи сафари давлатии Президенти Федератсияи Россия 16 санади нави ҳамкории байнидавлатию байниҳукуматӣ миёни сохторҳои гуногуни ду кишвар ба имзо расид, ки барои беҳбудии ҳаёти мардум мусоидат хоҳанд кард. Санадҳои имзошуда ва дигар тавофуқоти дар доираи сафар ҳосилшуда ба рушди минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар такони нав мебахшанд.

Дар ҷараёни музокироти давлатии сатҳи олӣ ба як қатор масъалаҳо - рушди ҳамкории гуногунҷанба барои афзунсозии минбаъдаи ҳаҷми тиҷорату сармоягузорӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, ифтитоҳи парки саноатӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, истихроҷ ва коркарди маъданҳо, ҳамёрӣ дар бахшҳои рақамисозӣ ва истифода аз зеҳни сунъӣ, тақвияти ҳамкорӣ дар бахшҳои фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла маорифу тандурустӣ, сиёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, омодасозии кадрҳои ҷавон, диққати махсус равона гардид.

Ёдовар мешавем, ки бо ибтикори Федератсияи Россия бунёди 5 мактаби русӣ, Маркази кӯдакони болаёқат дар Тоҷикис­тон, зиёд намудани квотаҳои таҳсилоти олӣ барои донишҷӯёни тоҷик, сохтмони Театри давлатии русии драмавии ба номи Маяковский дар шаҳри Душанбе ба анҷом расидааст.

Дар баробари равобити дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ҳамкориҳои онҳо дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз қабили Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай, идома доранд. 

Ҳамкориҳо дар доираи ИДМ аз солҳои аввали соҳибистиқлолии ҳарду кишвар шурӯъ шудааст. Тибқи санадҳои таъсисии ИДМ Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисон ва ҳам узви комилҳуқуқи ин созмон мебошанд ва ба манзури густариши ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби ин иттиҳодия ва рафъи ихтилофу мушкилоти мавҷуда мавқеи муштарак доранд.

Ба ҳамин тартиб, дар сиёсати хориҷии хеш Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди устувори муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо давлатҳои узви ИДМ аҳамияти вижа медиҳад. Миёни аъзои асосӣ дар миқёси ИДМ ҳамкорӣ бо Федератсияи Россия дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи махсус дошта, ин давлат чун шарики асосии стратегии ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. 

Густариши муносибатҳои сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии Россияву Тоҷикистон як амри зарурист. Ҳарду кишвар ҷиҳати рушду тараққӣ зимни ҳамкориҳои дуҷониба аз имкониятҳои мавҷуда истифода мекунанд. Боз ҳам мустаҳкам намудани муносибатҳоро дар самтҳои иқтисоду савдо, муҳоҷират, фарҳанг, илму маориф, ҳарбӣ-техникӣ ба манфиати кор медонанд. 

Дилафрӯз Достиева,

коршинос

Ҳамчунин дигар маводҳо: