https://sadoimardum.tj

Ҳокимияти судӣ – рукни муҳими раванди таҳкими давлатдорӣ

№:126 (5022) 24 окт 2025, 15:29
14

Истиқлол барои миллати сарбаланди мо бебаҳотарин арзиш маҳсуб меёбад, зеро маҳз, озодию худсолорӣ тақдири имрӯзу ояндаамонро ба дастамон супурд. Аз ин ҷост, ки имрӯз кишвари мо, дар қиёс ба солҳои пеш аз истиқлол, босуръат рушд мекунад. Шаҳрвандони сарбаланди Тоҷикистон хуб дарк кардаанд, ки масъули зиндагии ободу озод, маҳз, худашон мебошанд ва таъкид­ҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро фаромӯш намекунанд: «Ҳеҷ кас омада, Ватани мову шуморо обод намекунад».

Воқеан, имрӯз кишвари мо ба марҳилаи нави рушд ворид шудааст ва дар ин роҳ босуръат пеш меравад, аммо ҳама огоҳанд, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, бо вуҷуди мушкилоти зиёди сиёсию амниятӣ, роҳбарияти олии давлат нахуст ба корҳои давлатсозӣ иқдом намуданд: рамзҳо ва рукнҳои давлатдорӣ ба вуҷуд оварда шуданд, кишвар соҳиби Артиши миллӣ гардид ва Конститутсия тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд. Қабули Конститутсия роҳи давлатдории навинро мушаххас кард ва ниҳодҳои давлатӣ ба фаъолияти самаранок шурӯъ карданд. Аз ҷумла, баъди қабули Конститутсия ҳокимияти давлатӣ ба се шоха - қонунгузор, иҷроия ва судӣ тақсим шуда, ҳар се шохаи ҳокимияти давлатӣ дар якҷоягӣ бо иҷрои вазифаю рисолат дар расидан ба сулҳу шукуфоӣ саҳм гузоштанд. 

Боби ҳаштуми Конститутсия ба танзими ҳокимияти судӣ чун рукни алоҳида ва мустақили ҳокимияти давлатӣ бахшида шуда, принсипҳои асосии фаълияти он, низоми сохтори судӣ, вазифа ва мақсадҳои амалӣ намудани адолати судӣ ва ваколатҳои судяҳоро муқаррар мекунад. Яъне, ин шохаи ҳокимият сол ба сол рушд карда, беҳтар гардонидани сохтор, мустақилият, самаранокӣ ва шаффофияти судҳо таъмин мегардад, чунки ҳокимияти судӣ яке аз се шохаи асосии ҳокимияти давлатӣ буда, вазифаи асосии он ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини адолати иҷтимоӣ ва татбиқи қонун мебошад.

Дар давоми солҳои охир бо роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар самти рушди ҳокимияти судӣ як қатор чорабиниҳо ва ислоҳотро амалӣ намуд, ки ба таҳкими волияти қонун ва афзоиши эътимоди ҷомеа ба низоми судӣ мусоидат кард. Рушди ҳокимияти судӣ на танҳо як талаботи сохтории идоракунии давлатист, балки асоси таъмин намудани адолат ва волоияти қонун дар ҷомеа мебошад.

Дар ин замина, дар самти низоми ҳуқуқию қонунгузории кишвар як қатор пешравиҳо ба амал омад. Яъне, қонунҳои мукаммали ба талаботи давру замон мувофиқ таҳия ва қабул гардиданд. Дар ин марҳила, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуда, ҳамчунин, барои рушди ҳокимияти судӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар чор марҳила - барои солҳои 2007-2010, 2011-2013, 2015-2017 ва 2019-2021 қабул ва татбиқ гардиданд, ки бахши муҳими ислоҳоти давлатӣ буда, ҳадаф таҳкими волоияти қонун, таъмини адолати судӣ ва боло бурдани боварии шаҳрвандон ба мақомоти судӣ мебошад. 

Инчунин, барои баланд бардош­тани тахассуси судяҳо барномаҳои омӯзишӣ ва курсҳои такмили ихтисос барои судяҳо, кормандони судҳо пайваста баргузор карда шуд, то сатҳи касбии онҳо баланд ва замонавӣ гардад. Гузашта аз ин, дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030» рушди низоми ҳуқуқӣ ва судӣ яке аз самтҳои калидӣ арзёбӣ гардидааст.

Дар самти рақамикунонии низоми судӣ низ корҳои назаррас анҷом ёфта, технологияҳои рақамӣ ва портали электронӣ барои пешниҳоди аризаҳои даъвогӣ дар судҳои ҷумҳурӣ аллакай ба роҳ монда шуда, судҳо мукотиботро тариқи портали ­электронӣ ба роҳ мондаанд. Айни замон дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сомона ва саҳифаҳо дар фейсбук ва инстаграм фаъол мебошад, ки баҳри дастрасии мардум ба адолати судӣ аз манфиат холӣ нест.

Бо дастгирӣ ва маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус, ғамхориҳои пайвастаи Президенти кишвар муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон, на танҳо низоми судӣ босуръат рушд кард, балки вазъи иҷтимоии кормандони суд низ сол ба сол беҳбуд ёфт. Музди меҳнати судяҳо ва кормандони суд дар чанд марҳила баланд шуда, судяҳо бо манзилҳои истиқоматӣ, нақлиёти хизматӣ, таҷҳизоти техникӣ ва шароити хуби корӣ таъмин шуданд. 

Тайи солҳои 2000-2024 бо маб­лағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 14 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ биноҳои судҳо аз нав сохта ба истифода дода шуд. 

Яке аз рӯйдодҳои фараҳбахш барои кормандони низоми судӣ 5 декабри соли 2024 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода додани бинои наву хуштарҳу замонавии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бинои мазкур аз 15 ошёна иборат буда, бо харҷи қариб 185 млн. сомонӣ ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ва бо тамоми шароити муосири корӣ сохта ба истифода дода шуд. Бино аз 171 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ барои 400 ҷойи нишаст, 8 толори мурофиаҳои судӣ, бойгонӣ, ҳуҷраҳои қабули шаҳрвандон,ҷойи нигаҳдории судшавандаҳо, толор барои гузаронидани конференсияҳои матбуотӣ, китобхонаи замонавӣ ва ошхона иборат буда, ҳамаи ҳуҷраҳо ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ ҷиҳозонида шудаанд, ки барои беҳбудии кори судяҳо ва кормандони суд мусоидат мекунад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки бинои қаблии Суди Олӣ солҳои 1970 ҳамчун бинои фарҳангӣ бунёд шуда буд, ки ба талаботи фаъолияти мақомоти судӣ чандон ҷавобгӯ набуд. Бо ҳидояту роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон сохт­мони бинои нави Суди Олӣ рӯи даст гирифта шуд. Қомат афрохтани бинои нави Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити кормандони судиро беҳтар намуд. 

Хулоса, рушди ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як ҷузъи муҳими раванди умумии таҳкими давлатдорӣ мебошад. Ислоҳоти тат­биқшуда дар самти мустақилият, шаффофият ва рақамисозии судӣ як қадами муҳим ба сӯи ҷомеаи демок­ратӣ маҳсуб меёбад.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз медоранд, «Судя­ҳо бояд ҳангоми иҷрои вазифа дар ҳама ҳолат ба савганди худ содиқ бошанд, шаъну шарафи судягиро нигоҳ доранд, ваколатҳояшонро бо масъулияти баланд анҷом диҳанд ва ба халқ содиқонаву беғаразона хизмат кунанд».

Ҳамаи ин ғамхорию таваҷҷуҳи роҳбарияти олии кишвар мо - судяҳо ва кормандони судҳоро муваззаф мекунад, ки баҳри пешрафти Ватани маҳбуб ва таъмини адолати судӣ бо қабули санадҳои қонунӣ, асоснок ва одилона саҳми сазовор гузорем ва ҳамзамон, Тоҷикистони азизро дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун давлати татбиқкунандаи адолат муаррифӣ намуда, барои амалӣ намудани сиёсати созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон содиқона заҳмат кашем.

Манучеҳр МИРЗОЗОДА,

судяи Суди Олии 

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамчунин дигар маводҳо: