https://sadoimardum.tj

Номгузории миллӣ пояи устувори ҳувияти миллист

№:126 (5022) 24 окт 2025, 15:49
11

Ном яке аз муҳимтарин нишонаҳои шиносоии шахс дар ҷомеа ва омили муҳими нигоҳдории ҳувияти миллӣ мебошад. Он на танҳо василаи фарқкунии шахс аз дигарон, балки як арзиши фарҳангӣ ва таърихӣ маҳсуб меёбад. Дар тамаддуни қадимаи тоҷикон ва кулли мардуми ориёӣ ном мондан ба инсонҳо мақому манзалати хоса дошт. Падару модарон дар асоси орзуву умедҳо, одобу анъанаҳо, мазмунҳои ахлоқӣ ва арзишҳои миллӣ ба фарзандони худ ном мегузоштанд, аммо дар ҷаҳони муосир таҳти таъсири фарҳанг­ҳои бегона ва омилҳои беруна ин суннати муқаддас ба мушкилӣ рӯ ба рӯ шудааст.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медоранд, номи миллӣ ин ҳастии мо, таърих ва шарафи миллати мо мебошад. Номи миллӣ рамзи ҳастии як миллат, шинохти он ва эътимоди мо ба аслияту тамаддуни худ мебошад. Вақте ки мо номи миллии худро гиромӣ медорем, ба арзишҳои таърихӣ, забон, фарҳанг ва анъанаҳои ниёгон эҳтиром мегузорем.

Дар ҷаҳони пур аз тағйирот ва замони бархӯрди тамаддунҳо ҳифзи номи миллӣ ва шинохти асолати миллӣ барои ҳар як шаҳрванд ва давлат вазифаи аввалиндараҷа мебошад. Мо бояд ҳамеша кӯшиш кунем, ки номи миллии худро нигоҳ дошта, дар рушди он ҳамчун як падидаи муҳими таърихӣ саҳмгузор бошем

Номи миллӣ дар ҳама давру замонҳо ифтихори миллиро ба худ касб намудааст. Бо эҳтиром ба номи миллӣ мо метавонем ояндаи дурахшон ва бофарҳанги Тоҷикистонро бунёд намоем.

Ном аз нигоҳи фарҳангӣ, ахлоқӣ ва равонӣ ба шахсият ва ҷаҳонбинии инсон таъсири бузург мегузорад. Номи шахс метавонад боиси ифтихори ӯ гардад ва эҳсоси пайванди ӯро бо гузашта, фарҳанг ва миллати худ тақвият диҳад. Масалан, номҳое чун Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Сино, Ҷомӣ, Беҳрӯз, Ситора, Нигина, Фарангис ва дигарон, дар баробари зебо буданашон, инчунин, ҳомили маъноҳои амиқи фарҳангӣ ва адабӣ мебошанд.

Аз ҷониби дигар, номҳои хуб ва бомаънӣ метавонанд хусусиятҳои мусбатро ба инсон илқо намоянд. Вақте шахсе бо номи Фаррух, Рустам, Дилшод ё Нав­рӯз зиндагӣ мекунад, ӯ эҳсос менамояд, ки номи ӯ аз фарҳангу тамаддуни бузург бархостааст. Ҳамин тавр, номгузорӣ ба фарзанд яке аз аввалин ва муҳимтарин қадамҳои тарбияи фарҳангӣ ва ахлоқии ӯст.

Бо густариши шабакаҳои иҷтимоӣ, расонаҳо ва таъсири фарҳангҳои ғарбӣ имрӯзҳо шоҳиди он ҳастем, ки бисёре аз падару модарон ба фарзандонашон номҳои бегона мегузоранд. Номҳое ба мисли Кевин, Алекс, Диана, Кристина ва ғайра, ки ба фарҳанг ва забони тоҷикӣ иртибот надоранд, дар шаҳру навоҳӣ рӯ ба афзоиш доранд. Ин гуна номгузорӣ ба назар осон ва шояд зебо намояд, аммо дар асл он як навъ кандашавӣ аз решаҳои миллӣ, арзишҳои маънавӣ ва фаромӯш кардани гузаштаву худшиносӣ аст. Кӯдаке, ки бо номи комилан бегона ба воя мерасад, эҳтимолан ҳисси ифтихори миллӣ дар ӯ заиф мешавад. Ӯ эҳсос мекунад, ки дар ҷомеаи дигар аст, на дар муҳити худӣ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳкими арзишҳои миллӣ ва ҳифзи анъанаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла номгузорӣ, тадбирҳои ҷиддие рӯи даст гирифтааст. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» дар баробари дигар масъалаҳо номгузории фарзандро танзим менамояд. Бар пояи ин санад, мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ метавонанд тавсия диҳанд, ки номи фарзанд аз рӯи фарҳанги миллӣ, мазмуни фаҳмо ва бо забони тоҷикӣ интихоб гардад.

Инчунин, бо дастури Ҳукумати кишвар рӯйхати номҳои миллӣ, ки аз фарҳанги тоҷикӣ сарчашма гирифтаанд, таҳия шудааст. Ин рӯйхат ба падару модарон кумак мерасонад, то номҳои тоҷикӣ, зебо ва пурмазмун интихоб намоянд. Ҳадафи чунин иқдомҳо нигоҳдории мероси фарҳангӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ мебошад.

Номгузорӣ як амали одӣ нест, балки фарҳанги баланд ва масъулият мехоҳад. Ном интихоби аввалини падару модар барои фарзанд аст, ки тамоми ҳаёти ӯро ҳамроҳӣ мекунад. Аз ин рӯ, номгузории миллӣ на танҳо суннати хуб, балки як амри зарурӣ барои нигоҳдории фарҳанг ва ҳувияти миллӣ мебошад. Барои он ки миллате пойдор бимонад, бояд ном, забон, фарҳанг ва таърихашро пос дорад. Вақте фарзандони мо бо номҳои тоҷикӣ ва ифтихормандона дар ҷомеа рушд мекунанд, ҳувияти миллӣ устувор мемонад ва ояндаи миллат бо нури маърифат равшантар мегардад.

Эҳсонҷон НИЁЗОВ, 

котиби ҷамоати деҳоти 

Фондарёи ноҳияи Айнӣ

Ҳамчунин дигар маводҳо: