https://sadoimardum.tj

Ҷаласаи мушовараи ҳамоҳангсозии парламентҳои давлатҳои узви СААД

№:127 (5023) 27 окт 2025, 16:03
1

23-юми октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи мушовараи ҳамоҳангсозии раисони кумитаҳо ва комиссияҳои мудофиа ва амнияти парламентҳои давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Насрулло Маҳмудзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Иброз гардид, ки вохӯрии имрӯза барои гуфтугӯи озод, мубодилаи таҷриба ва мураттабсозии чораҳои муштарак барои ҳалли масъалаҳои муҳим дар соҳаи мудофиа ва амният имкони хуберо фароҳам меорад. 

- Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тақвияти ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ аҳамияти зарурӣ медиҳад ва онро ҳамчун механизми муҳими таъмини амнияти дастҷамъӣ мешуморад,- иброз дошт Н. Маҳмудзода.

Зикр шуд, ки дар шароити муосир муқобилият бо таҳдидҳо танҳо тавассути ҳамкории дастҷамъӣ имконпазир аст ва СААД дар таъмини суботи минтақа нақши калидӣ дорад.

Ҳамчунин дигар маводҳо: