https://sadoimardum.tj

Мулоқоти Файзалӣ Идизода бо Алимирзамин Аскеров

№:127 (5023) 27 окт 2025, 16:31
0

24-уми октябри соли 2025 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимирзамин Гаввам оғлу Аскеров мулоқот намуд.

Иброз гардид, ки аз замони барқарор гардидани равобити дипломатӣ байни кишварҳоямон (соли 1992) муносибатҳои дӯс­тонаи Тоҷикистону Озарбойҷон бомаром рушду таҳким ёфта, тайи ин муддат аз сатҳи муқаррарӣ ба шарикии стратегӣ табдил ёфтаанд.

- Дастовардҳои бузургу беназире, ки ноил гардидаем, - изҳор намуд Файзалӣ Идизода, - самараи ҷаҳду талош, дӯстии самимӣ ва иродаи сиёсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев мебошанд.

Зикр шуд, ки Маҷлиси намояндагон минбаъд низ кӯшиш менамояд, ин шарикиро тақвият бахшад ва дар рушди муносибатҳои дуҷониба саҳмгузор бошад. 

Таъкид гардид, ки вакилони парлумонҳои кишварҳои мо метавонанд дар рушди муносибатҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, гуманитарӣ, фарҳангӣ, қонунгузорӣ ва дигар соҳаҳо нақши муассир дошта бошанд.

Файзулло НАҶМИДДИНИЁН,

мудири шуъбаи матбуоти 

Дастгоҳи МНМО ҶТ

Ҳамчунин дигар маводҳо: