https://sadoimardum.tj

Рушди иқтисоди миллӣ – калиди зиндагии шоист

№:128 (5024) 29 окт 2025, 17:06
1

Пешрафту фаъолияти муназзами ҳар як соҳа аз вазъи сиёсию иқтисодӣ вобастагии зич дорад. Имрӯз мо дар ҷаҳони пуртазод, бархӯрди манфиатҳо ва тағйирёбии иқлим, умр ба сар мебарем, ки ба раванди иқтисоди ҷаҳонӣ таъсири бевосита доранд. 

Дар ин пасманзари сиёсат ва ларзишҳои дар ҷаҳон ба вуқӯъомада иқтисодиёт ва вазъи бозори тамоми кишварҳо ва қитъаҳои ҷаҳон тағйироти ҷиддиро эҳсос менамоянд. Маҳз, инҳо омилҳои калидие ба ҳисоб мераванд, ки ба носозгории иқтисодиёт таъсир расонида, боз пайомад ва оқибатҳои манфии дигареро ба вуҷуд хоҳанд овард. Чунки дар лаҳзаҳои ниҳоят ҳассоси сиёсӣ ва вазъи мураккаби иқтисодии ҷаҳон ҳар низои баамал­омада, мутаассифона, хавфи сар задани зиддиятҳо ва муноқишаҳои бардавом мегардад. Мусаллам аст, ки дар чунин шароити мураккаби ҷаҳони муосир ва бархӯрди давлатҳои абарқудрат, воқеан, таъмини рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ҳар як кишвар кори саҳлу осон набуда, ҳифзи фазои сулҳу субот ва пешбурди сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат ҳамеша масъалаи муҳиму ҳалталаб боқӣ мемонад. Аз ин рӯ, тавре муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ораз Муртазоев иброз медорад, дар кишварамон барои таъмини босуботи иқтисоди миллӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тадбирҳои саривақтии зиддибуҳронӣ андешида шуда, ҷиҳати амалисозии онҳо чораҳои зарурӣ роҳандозӣ мегардад.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олии мамлакат (28.12.2024) таъкид намуданд: «Ҳоло кишвари мо дар марҳалаи нави тараққиёти худ қарор дошта, бо амалӣ намудани стратегияву барномаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст. Дар баробари ин, нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, ҷанги «сард», тағйирёбии иқлим, инчунин, канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ моро водор месозанд, ки барои пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти кишвар тадбирҳои саривақтӣ андешем. Дар ин ҷода, моро зарур аст, ки дар заминаи амалисозии ҳадафҳои миллиамон, пеш аз ҳама, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намоем ва сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баланд бардорем, зеро мардуми мо мисли халқҳои дигар мамолики мутамаддин ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд. Ин аст ҳадафи олии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикис­тон».

Иқдому дастурҳои созандаи Сарвари давлат боис гардид, ки нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ нисбат ба нишондиҳандаҳои солҳои қаблӣ тамоюли мусбат доранд. Сарфи назар аз душвориҳои ҷойдошта роҳбарияти олии кишвар ҷиҳати паст кардани сатҳи вобастагии мамлакат аз таъсири омилҳои берунӣ ва ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегияи миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар тавассути ба истифода додани коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ мусоидат намуд. Дар натиҷа, барои коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ танҳо дар соли 2024-ум 740 коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ бо қариб 20 ҳазор ҷойи корӣ ба истифода дода шуд.

Нишондиҳандаи асосие, ки рушди иқтисодии кишварро тавсиф мекунад, рушди устувори истеҳсоли Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба ҳар сари аҳолӣ мебошад, ки нисбати солҳои қаблӣ онро қиёс намоем, ба куллӣ фарқ менамоянд. Масалан, дар соли 2024-ум ММД ба беш аз 150 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуд, ки заминаи моддии таъмини амнияти иқтисодӣ, қонеъгардонии манфиатҳои ҷомеа ва аъзои он маҳсуб меёбад. 

Муовини сардори раё­сати таҳлил ва ояндабинии иқтисодиёти соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Солиҳов иброз медорад, ки «Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бо сиёсати созандаву бунёдкорона ва башардӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон рушди иҷтимоию иқтисодиро дар заминаи ҳадафҳои дар «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» пешбинигардида таъмин намуда истодааст. Дар ин самт таъмини истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии ­босур­ъати мамлакат аз ҷумлаи ҳадафҳои муҳим эълон гардиданд. Дар баробари ин, беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ тавассути ҳалли мас­ъалаҳои рушди устувор, тақвия­ти неруи инсонӣ, рушди имкониятҳои содиротии мамлакат, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, ташаккули вазъи бозори меҳнат ва таъмини шаҳрвандон бо шуғли пурмаҳсул ҳамчун омилҳои асосии расидан ба ҳадафҳои стратегӣ муайян карда шуданд».

Бино ба гуфти ӯ, давоми нимсолаи аввали соли 2025-ум бо андешидани чораҳои муҳими иқтисодӣ, таъмини шаффофияти амалиётҳои молиявӣ ва дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин карда шуд. Дар ин давра ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 70856,4 млн. сомонӣ баробар гардид, ки суръати рушди он - 8,1 дарсадро ташкил намуд. Ин нишондиҳанда асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ  17,4 дарсад, кишоварзӣ - 15,9, сохтмон  - 7,1, савдо ва хизматрасонӣ - 18,5, нақлиёт ва алоқа - 8,8, дигар намуди хизматрасониҳо - 20,3 ва андозҳои холис аз маҳсулот 12 дарсад таъмин гардид. Сатҳи таваррум дар ин давра 3,5 дарсадро ташкил дод, ки тағйироти мазкур ба болоравии нархи маҳсулоти озуқаворӣ 0,1 дарсад, пастравии нархи молҳои ғайриозуқаворӣ – 0,2 ва арзиши хизмат­расониҳои пулакӣ ба аҳолӣ 0,4 дарсад таъсир расонд.

Мавриди зикри хос аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳия ва татбиқи барномаву дурнамоҳо таҷрибаи кофӣ андӯхта, дар ин замина, барои пешгирии таъсири манфии омилҳои беруна ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум диққати хоса дода мешавад. Бо вуҷуди он ки дар натиҷа рушди иқтисоди миллӣ таъмин, буҷети давлатӣ иҷро, гардиши тиҷорати хориҷӣ муътадил ва қурби асъори миллӣ нисбати шарикони тиҷорат муътадил аст, барои кам кардани таъсири омилҳои зикршуда, зикр кардем, табиист, ки андешидани тадбирҳои мунтазам ва иловагӣ заруранд.

Дар ин робита, Ораз Муртазоев пешниҳод менамояд, ки бо василаи ба назар гирифтани афзалиятҳо дар низоми фаъолияти муштараки амнияти иқтисодии давлат ба масъалаҳои зерин таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намудан ба манфиати кор хоҳад буд. Аз ҷумла, татбиқи дурус­ти барномаҳои қабулгардидаи давлатӣ, зеро сатҳи зиндагии мардум аз татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор вобастагии калон дорад, ҷалби сармоя ва бештар ташкил намудани корхонаҳои муштарак. Дар шароити муосир, вақте ки муносибатҳои иқтисодии мамлакат зери таъсири қонунҳои бозор шакл мегирад, ҳамчун зарурати объективӣ иқтисоди миллӣ ба ин қонуниятҳо бояд мутобиқ карда шавад. Дар натиҷа, шаклҳои нави ташкилӣ-ҳуқуқии фаъолияти хоҷагидорӣ дар иқтисодиёт ба вуҷуд меоянд, ки дар миёни онҳо корхонаҳои муштарак мақоми намоёнро ишғол менамоянд. Бинобар ин, корхонаҳои муштарак бо шарикони хориҷӣ як шакли ҳамкории хориҷиро дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ташкил медиҳад. Инчунин, татбиқи мунтазами лоиҳаҳои инноватсионӣ бо мақсади баланд бардоштани мавқеи корхонаҳои истеҳсолии ватанӣ ва расидан ба ҳадафҳои асосии иқтисоди миллӣ, боз ҳам самаранок истифода бурдани неруи барқ ҷиҳати расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар – истиқлоли энергетикӣ, ба таври зарурӣ коҳиш додани воридоти бархе маҳсулоти озуқаворӣ барои солимии ҷомеа ва дастрасӣ ба сарчашмаҳои қарзии дарозмуддат ва ҳимояи манфиатҳои онҳо.

Амалӣ гардонидани тадбирҳои мазкур ба вазъи амнияти иқтисодӣ ва суръати истеҳсоли молҳои ватанӣ таъсиррасон мебошанд. Аз ин лиҳоз, барои пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ ба таври зарурӣ самаранок истифода бурдани захираҳои истеҳсолӣ барои иқтидори истеҳсолӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ дар ин самт боз ҳам корҳо бояд ҷоннок карда шаванд. Дар ин замина, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ 28-уми декабри соли 2024 ба масъулин дастур доданд, ки соли 2025 дар баробари пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, ташаккули иқтисоди «сабз», рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, инчунин, идоракунии самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ ва таъсис додани ҷойҳои кории нав, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ ва тақвияти иқтидори содиротии мамлакат таъмин карда шавад.

Бурҳониддин КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: