https://sadoimardum.tj

Зарангак - деҳае, ки вирди забонҳост

№:128 (5024) 29 окт 2025, 17:04
0

Зарангак. Намедонам ин деҳаро ниёконамон чаро чунин ном ниҳоданд? Шояд, он замон дар ин мавзеъ дарахти заранг зиёд будааст. Ниҳолакҳои назарногир. Даврони ҷавонии мо деҳа, ки дар он соҳили Сурхоб ҷойгир буд, он қадар ба ёди мардум намерасид. Гоҳ-гоҳ калонсолон номашро ба забон меоварданду мегуфтанд, ки мардуми заҳматкашу меҳмоннавоз он ҷо истиқомат мекунанд.

Солҳои навадум ба хотири рафъи мушкилоти мардум мақомоти маҳаллӣ барояшон пули пиёдагузар сохт. Бо тарсу ҳарос мегузаштанд корафтодаҳо. «Пули ларзонак» ном гирифт. Соли 2009 бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пули мошингузар сохтанд. Дар маъракаи кушодашавии он Пешвои муаззами миллат ширкат варзиданд. Шодии сокинони деҳаи Зарангак ва дигар деҳаҳои тобеи деҳоти Ҳиҷборакро ҳадду канор набуд. Дар ҳаққи Пешвои муаззами миллат дуо гуфтанд.

Ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак бар асари заминларзаи мудҳиши 13 апрели соли ҷорӣ дар қиёс ба дигар ҷамоатҳои ҳудуди ноҳия бештар осеб дид. Дар 12 деҳаи он, аз ҷумла Ҳазорчашма, Моҳи хоса, Яхакпаст, Уштурпаст, Махсум, Қалъа, Хулак, Бодравак, Ҷалолобод, Худрӯён, Ярхаб ва Ярхаби чуқрак, 30 хона пурра ва 79 хонаи истиқоматӣ қисман вайрон шуданд. Ҳамчунин, ба 48 хоҷагӣ зарари сабук расида, 37 бинои ёрирасони шаҳрвандон осеб дид.

Имрӯзҳо номи Зарангак вирди забонҳост. Заминларзаи рухдода боис гардид, ки дар яке аз маҳаллаҳои деҳаи Зарангак 3,5 гектар замин ҷудо шавад ва 35 хонаи истиқоматӣ барои зарардидагони ин офат ва ҳамчунин, бунгоҳи тиббию муассисаи томактабӣ бунёд гарданд.

Ба зарардидагон маводи хӯрокаю масолеҳи сохтмонӣ ва дигар лавозимоти рӯзгор сари вақт расидааст. Аз тарафи Ҳукумати мамлакат барои моликон 30 хонаи истиқоматие, ки пурра вайрон шудаанд, биноҳои истиқоматии нав бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои сохт­монӣ сохта шуд. Ба 79 хонаи истиқоматии қисман вайроншуда маводи сохтмонӣ аз тарафи Ҳукумати мамлакат пурра дастрас шуда, аз ҷониби соҳибхонаҳо ва аҳолии ноҳия тариқи ҳашар биноҳои нав қад афрохтанд. Ба 85 оилае, ки зарари сабук ва ё биноҳои ёрирасонашон осеб диданд, маблағ ва маводи хӯрока аз тарафи Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт расонда шуд.

Қисми зиёди хонаҳои истиқоматии навбунёд, аз ҷумла 35 хонаи истиқоматӣ дар мавзеи Зарангак, ба зарардидагоне, ки ҷойи хонаҳои истиқоматии қаблиашон осебпазиранд, дода шуд. Аз ҷумла, 13 хона барои осебдидагони деҳаи Уштурпаст, 6 хона барои зарардидагони деҳаи Махсум, 2 хона барои зарардидагони деҳаи Ҳазорчашма, 6 хона барои зарардидагони деҳаи Яхакпаст ва хонаҳои дигар барои зарардидагони деҳаҳои Хулак, Бодравак ва Қалъа бунёд ёфтааст. 

Хонаҳое, ки барои зарардидагон бунёд шудаанд, аз 4 ҳуҷра ва ошхонаю ҳаммом иборат буда, бо тамоми шароит муҷаҳҳаз шудаанд. Дар маҳаллаи навбунёд бунгоҳи тиббию кӯдакистон ҳам сохта шудааст. 

Аҳолии зарардида барои ғамхории пайваста аз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беандоза миннатдоранд.

Диловари МИРЗО, 

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: