Пушинг - як гӯшаи бостонии диёр
Вақти боридани боронҳои сел ва фурӯ рафтани дараю селраҳаҳо аз зери хоки деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара сафолпораҳо, хумҳои шаробпазӣ ва дигар зарфҳо, тангаҳои мисин, қубурҳои сафолин пайдо мешаванд, ки аз қадима будани ин деҳаи зебоманзар гувоҳӣ медиҳанд. Тани гаҳворасангҳову сутунҳои сангини бо маҳорати баланд тарошидашуда, ки аз ин мавзеъ кашф шудаанд, нақшу навиштаҳо боқӣ мондаанд, ки бо асбобҳои имрӯза тарошиданашон муҳол аст. Ин сутунҳо таърихи шаҳрсозии асрҳои XI пеш аз мелодро ба хотир меоранд.
Тавре дар китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дарҷ гардидааст, зиндагии одамон дар ин мавзеъ аз давраи ибтидоӣ - неандерталҳо, полиолити миёна, 30-40 ҳазор сол пеш, оғоз шудааст. «Ҳафриёти майдончаи назди ғори Оғзи-кичики ноҳияи Данғара барои таҳқиқи маданияти мусте материалҳои фаровон дод. Аз ин ҷо даҳҳо олоти гуногуни сангӣ, аз ҷумла белчаю кордҳои гуногун, ба даст омад, ки хеле хуб сохта шудаанд», - нигоштааст Б. Ғафуров.
Дар мақолае, ки рӯзномаи «Ҷумҳурият» соли 2002 дар бораи ин мавзеи қадима нашр намудааст, омада, ки Пушинг то давраи барқарор шудани ҳукумати шуравӣ деҳаи калонтарину ободтарини мавзеъ ба ҳисоб мерафт. Он айём дар Пушинг 11 осиёб, 5 ҷувоз, 8 дӯкони чармгарию пойафзолдӯзӣ, дӯконҳои оҳангарию кандакорӣ, 3 мадраса ва 6 масҷид вуҷуд доштааст.
Дар бораи номи ин деҳа байни мардум андешаҳои гуногун мавҷуд аст, ки баъзеашон ба афсона монанданд. Аммо бостоншинос В.Н. Бушков, ки соли 1972 дар ин деҳа таҳқиқоти бостоншиносӣ анҷом додааст, дар мақолаи «Мушкилии топонимии илми Авесто» зикр мекунад, ки қабилаи ҳиндуэронӣ бо номи «пишин» чанде ин ҷо зиндагӣ карда, баъдтар ба Кобул рафтааст. Ӯ тахмин мекунад, ки шояд ин ном аз ҳамон қабила гирифта шуда бошад.
Ба назари мо ин андеша ба ҳақиқат наздик аст, зеро дар осорхонаи мактаби деҳа сафолпораи хурдеро дидем, ки дар он тарҳи рӯ, дар пешона ва байни ду абрӯяш холи ҳинду тасвир шуда буд.
Ба гуфти муаррих Юсуфшоҳ Яқубшоҳ, калимаи Пушинг аз ду бахш: пуш ва инг иборат мебошад. Бахши аввал - пуш ба маънои пушт, пушта омада, бахши дувум ба маънои баланд, теппа мебошад, яъне, деҳаи дар пушти баландибударо ифода мекунад.
Андешаи дигар ин аст, ки Пушинг аз калимаи пашанг гирифта шудааст. Пашанг номи яке аз қаҳрамонҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ мебошад. К. Бозоров дар китоби хеш «Таърихи Данғара. Аз қадим то давраи истиқлолият» ин андешаро ҷонибдорӣ карда менависад: «Дар ҳақиқат, ном ва паҳлавони пешдодӣ Пашин, писари Кайқубодшоҳ, дар «Шоҳнома» омада будааст ва вожаи пашан ё пашин (Кайпашин) тағйири ном карда, ба пушинг табдил ёфтааст.
Фирдавсӣ мегӯяд:
Ҳам Авранд аз тухмаи Кайпашин,
Ки кардӣ падар бар Пашин офарин.
Пашин буд аз тухмаи Кайқубод,
Хирадманд шоҳе, дилаш пур зи дод.
Аз гуфтаҳои Фирдавсӣ маълум мешавад, ки Пашини Кайқубод зодаи Бохтарзамин будааст».
Боре шоири авестошинос, марҳум Салимшо Ҳалимшоев аз банда пурсид, ки аз кадом деҳа ҳастед?
- Аз деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара.
- Он ҷо санге ба гӯсфанд монанд ҳаст?
- Бале,- гуфтам.
Сабаби пурсидани номи деҳаро шарҳ дод, ки чунин санг дар деҳаи Пушиёни ноҳияи Восеъ ва ду деҳаи шимоли Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мавҷуд аст. Номи ин деҳаҳо аз ҳамин нишонаҳо гирифта шудааст. Маънои калимаи пашанг ба забони авестоӣ гӯсфанд аст.
Дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Советская энсиклопедия» Пашанг 1. Мехи оҳании дароз ва сартез, ки ба воситаи он деворро сӯрох мекунанд. 2. Замбар, фашанг. 3. Оби полидашуда. 4. Номи бародарзодаи шоҳ Фаридун, падари Манучеҳр, падари Афросиёб аст.
Дар китоби «Фарҳанги эронии бостон» (Кристон Бартерен «Интишороти Асотир», соли 1383, саҳ. 881) Pasush.hasta, пасуш ҳаста - ҳели гӯсфанд. Guspand маънидод шудааст.
Дар даромадгоҳи роҳи қадимаи деҳа санге бо ҳайкали гӯсфанд мавҷуд аст, ки аз гардан болояш бо мурури вақт шикаста нобуд шудааст. То ҳанӯз дар бораи он маълумоти илмие нест. Сокинони куҳансоли деҳа онро қӯшқорсанг мегуфтанд.
Дар китоби «Авесто» гӯсфанд «пасуш» номбар шудааст. Шояд, номи деҳа аз ҳамин санги ба гӯсфанд монанд пайдо шуда, Пасуш бо мурури вақт Пушинг шудааст.
Мувофиқи китоби «Авесто», «пасуш», яъне гӯсфанд, аз қадим ҳайвони муқаддас будааст. Аз қиссаи пайғамбар ҳазрати Иброҳим дар китоби «Қасас-ул-анбиё» бармеояд, ки гӯсфанд дар дини ислом ҳам ҳайвони биҳиштист. Бинобар ин, мардум дар иди Қурбон гӯсфанд қурбонӣ мекунад.
То давраҳои наздик сокинони деҳаи Пушинг ба ин ёдгории қадима эътиқоди зиёд доштанд, онро мепарастиданд. Кӯдаконро ба он наздик шудан намемонданд. Пиразанҳо мегуфтанд, ки қӯшқорсанг бузургвор аст. Ба ӯ нарас, ки дар хобат медарояд, ба ту зарари сахт мерасонад, касалманд мешавӣ. Мо аз тарс ба он наздик намешудем.
Ҳоло яке аз сокинони деҳа Холназар Холматов, ки дар наздикии он хона дорад, болои қӯшқорсанг дарахти туте шинонида, атрофашро ба симтӯр маҳкам кардааст.
То солҳои шаст ва ҳафтодуми асри гузашта дар қабристони қадимаи Пушинг 16 гаҳворасанг низ вуҷуд дошт. Соли 1972 бостоншиносон В. Бушков, А. Валиев бо сардории С. Поляков бисёре аз қабрҳоро канда, гаҳворасангҳоро беҷо карда, дар ҳолати ногувор партофта рафтанд. Ба гуфти одамон, онҳо чанде аз онҳоро бо худ гирифта бурданд. Аммо куҷо бурданд ва дар кадом осорхона гузоштанд, маълум нест. Болои қисми дигарашон одамон хона сохта, баъзеашонро шикастанд, ҳол он ки то омадани ин бостоншиносон аз рӯи эътиқоди динӣ мардуми деҳа онҳоро чун гаҳвораи тифлони худ азиз нигоҳ медоштанд.
С. Поляков ин қабрҳоро ба давраи Хуталиён нисбат медиҳад. Дар «Ҳисобот дар бораи бозёфтҳои қабрҳои асримиёнагии қишлоқи Пушинг» ва «Корҳои бостоншиносӣ дар Тоҷикистон» (соли 1976, саҳ.211) навиштааст, ки «Чунин монандиҳо дар қабрҳои асримиёнагии ноҳияҳои ҷанубӣ ва ғарбии Туркманистон низ ба назар мерасанд. Қабрҳои ин минтақаҳо ба асрҳои XII ва XIV рост меоянд».
Як кунгураи сутун дар зери қӯшачанори саҳни мактаб, кунгураи дигар ҳамроҳи сутунаш дар зери боми масҷиди бобои Домулло Сироҷиддин ва сутуни дигаре дар болои мазори Домулло Файзуллоҳ вуҷуд дошт. Ҳамчунин, як санги калоне лаби дараи Шамолдара мавҷуд буд, ки болояш 15-16 охурчаи хурду калони уғуракмонанд дошт ва дар бараш ба ҳуруфи монанд ба мехӣ ҳарфҳо намудор буданд. Мутаассифона, ҳоло аз онҳо дараке нест.
Ҳоло таърихи Пушинг ба пуррагӣ таҳқиқ нашуда, омӯзиши навро интизор аст. Бинобар ин, ба ҳар як ёдгорие, ки ин ҷо мавҷуд аст, муносибати ҷиддӣ бояд кард. Ин қарзи шаҳрвандии мост.
Бо шарофати сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ободии деҳа корҳои бунёдкорию ободонии бешумор анҷом дода шуд. Аз ҷумла, атрофи қабристонҳо симтӯр кашида шуд, ҳавзу ҷӯйборҳо тоза гардид, кӯчаҳо мумфарш, мардуми деҳа бо оби ширини ошомиданӣ таъмин шуд, мактабҳои наву варзишгоҳ, коргоҳҳо, дӯкони дӯзандагӣ... бунёд гардиданд.
Имрӯзҳо дар ноҳия бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии ҷумҳурии азизамон корҳои зиёди созандагию ободонӣ муташаккилона ҷараён доранд. Бовар дорем, ки то ин ҷашни фархунда ва дар доираи «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносии миллӣ» эълон шудани соли 2026 ёдгориҳои деҳа низ ҳифзу таъмир мешаванд.
Тағойназари БАҚО,
узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
Ҳамчунин дигар маводҳо:
