https://sadoimardum.tj

Иштироки Файзалӣ Идизода дар Конфронси байналмилалии парламентӣ

№:129 (5025) 03 ноя 2025, 17:58
1

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода барои иштирок дар Конфронси байналмилалии парламентӣ бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Озарбойҷон ба ин кишвар сафар намуд. 

 29-уми октябри соли 2025 Раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода зимни иштирок дар Конфронси байналмилалии парламентӣ иброз намуд, ки «Таҷлили 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Озарбойҷон на танҳо тантана, балки рамзи устуворӣ, хирадмандӣ ва пешрафти мардуми Озарбойҷон дар роҳи таҳкими давлатдорӣ, қонунгузорӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ мебошад. Конститутсия пояи асосии рушди ҳар як давлат, кафолати ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, инчунин, заминаи сулҳ ва субот аст».

Зикр гардид, ки муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Озарбойҷон имрӯз намунаи шарикии стратегӣ ва ҳамкории созанда мебошанд. Кишварҳои мо робитаҳои амиқи таърихӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ доранд, ки онҳоро арзишҳои муштарак ва суннатҳои дӯстона муттаҳид месозанд.

Саҳми арзандаи роҳбарони давлатҳо - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев дар таҳким ва густариши муносибатҳои дуҷониба таъкид карда шуд.

- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи ноябри соли 2023 ҳамчун меҳмони фахрӣ дар ҳамоиши барномаи махсуси СММ оид ба иқтисодиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Боку баргузор гардид, иштирок намуданд. Инчунин, моҳи майи соли 2024 бо сафари давлатӣ ба Озарбойҷон ташриф оварданд. Ин сафарҳо нуктаҳои муҳим дар рушди муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон буда, дар натиҷа «Эъломияи шарикии стратегӣ» байни ду кишвар ба имзо расид. Дар навбати худ, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев моҳи октябри соли ҷорӣ дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, иштирок намуданд. Ҳузури Роҳбари давлати Озарбойҷон дар ин ҳамоиш боз як далели сатҳи баланди эътимоди мутақобила ва ҳамкории судманд миёни кишварҳои мо дар арсаи бисёрҷонибаи байналмилалӣ мебошад, - зикр кард Ф. Идизода.

Файзулло НАҶМИДДИНИЁН,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи 

МНМО ҶТ

Ҳамчунин дигар маводҳо: