https://sadoimardum.tj

Мулоқоти Файзалӣ Идизода бо Саҳиба Гафарова

№:129 (5025) 03 ноя 2025, 17:51
0

29-уми октябри соли 2025 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода дар доираи Конфронси байналмилалии парламентӣ бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Озарбойҷон бо Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон хонум Саҳиба Алӣ қизӣ Гафарова мулоқот намуд.

Файзалӣ Идизода зимни мулоқот зикр намуд, ки «Барои мо - вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳо миёни кишварҳоямон, ки бар асоси эҳтироми мутақобила, ҳамкории созанда ва руҳияи некбинона асос ёфтааст, аҳамияти хоса дорад. Робитаҳои байнидавлатии Тоҷикистону Озарбойҷон дар асоси беш аз 90 санади байналмилалӣ ба роҳ монда шудаанд, ки аз самаранокии талошҳои дипломатии кишварҳоямон дарак медиҳад». 

Таъкид гардид, ки дастовардҳои ҳамкориҳои дуҷониба натиҷаи талошҳои дипломатӣ, дӯстӣ ва иродаи сиёсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев мебошанд.

Зикр шуд, ки дипломатияи байнипарлумонӣ метавонад воситаи муассири пешбурди ҳадафҳои муштарак, таъмини самаранокии робитаҳои доимӣ миёни гурӯҳҳои дӯстӣ, пешбурди манфиатҳои мутақобилан судманд ва густариши муколамаи байналмилалӣ гардад.

Ҳамчунин дигар маводҳо: