Таҷлили Рӯзи Конститутсия дар сафоратхонаи Тоҷикистон дар Озарбойҷон
Якуми ноябри соли 2025 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода зимни сафари корӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон бо сафир ва кормандони сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон мулоқот намуд.
Файзалӣ Идизода кормандони сафоратро ба рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, изҳор дошт, ки ин санаи тақдирсоз барои ҳар яки мо ҳамчун ҷашни шаклгирии давлатдории навини миллӣ ва таҳкими амнияту суботи сиёсию иҷтимоии кишвар аҳамият ва шукӯҳи хоса дорад.
Зикр шуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар таърихи давлатдории тоҷикон бори нахуст тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Таи ин муддат, вобаста ба талаботи замон 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 ба он тариқи раъйпурсии умумихалқӣ тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд. Тағйироту иловаҳои воридшуда барои ташкили низоми мукаммали ҳуқуқию сиёсӣ дар кишвар имкон фароҳам оварда, заминаи устувори рушди давлату давлатдории навин, пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию сиёсии мамлакат гардид.
Ҳамчунин дигар маводҳо:
    
    
    
    