Ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба 30-солагии ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи нуфуси СММ
29-уми октябри соли 2025 дар Китобхонаи миллӣ бахшида ба 30-солагии ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид (ЮНФПА) зери унвони «Дастовардҳо ва мушкилиҳо дар татбиқи Барномаи амали Конфронси байналмилалӣ оид ба аҳолӣ ва рушд (КБАР) ва дурнамо дар доираи Барномаи нави миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. 
Дар ҳамоиш муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ зикр намуд, ки Тоҷикистон ба шарофати сиёсати хирадмандонаю дурнигаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он дар Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали истиқлолият аҳамияти хоса дода, онро ҳамчун шарики боэътимоди байналмилалии худ медонад.
-Чорабинии имрӯза, бешубҳа, тавсеаи ҳамкорӣ, шарокат ва самараи татбиқи 30-солаи барномаи амали Конфронси байналмилалӣ оид ба аҳолӣ ва рушд ба шумор меравад. Ҳадафи чорабинӣ низ, қабл аз ҳама, муттаҳид сохтани талошҳои ҷонибҳо барои муваффақ ва натиҷабахш гардонидани ташаббусҳои мо мебошад,- гуфт Мавсума Муинӣ.
Уҳдадориҳои вакилони парламент ҳамчун пул байни мардум ва Ҳукумат дар эҷоди муҳити мусоид барои суръат бахшидан ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор оид ба беҳтар намудани баробарии гендерӣ, тавонмандсозии занон ва пешгирии зӯроварӣ дар оила муҳим арзёбӣ шуд.
- Амалӣ шудани Барномаи амали Хазинаи нуфуси СММ барои бартараф кардани нобаробарӣ дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, таъмини саломатӣ ва ҳуқуқҳои занон ва духтарон, аз ҷумла ҳуқуқ ба саломатии ҷинсӣ ва репродуктивӣ, инчунин, баробарии гендерӣ ва таъмини рушди устувор мусоидат менамояд, - афзуд М. Муинӣ.
Ҳамчунин дигар маводҳо:
    
    
    
    